Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (361)

Мустафо фармуд, к-эй габри ъануд!

Чун сияҳ гаштӣ агар нур аз ту буд?

Ҳазрати Мустафо (с) фармуд: эй кофири ситезагар! Агар нури маънову равшанӣ аз ту ношӣ мешуд, инак чаро сиёҳу тирадил шудӣ?

Гар ту янбуъи илоҳӣ будие,

Инчунин оби сияҳ нагшудие.

Агар ту сарчашмаи илоҳӣ будӣ, ҳаргиз чунин оби сиёҳеро равон намедоштӣ. Ва агар воқеан нури Ҳақ бо ту мебуд, ҳаргиз ба сӯи торикиву зулмат гароиш намекардӣ.

Янбуъ: чашма, ҷамъи “янобиъ”.

Нукта: “Оби сияҳ” истиъора аз торикии гумроҳӣ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.935)

То ки номусаш ба пеши ину он

Нашканад, барбаст ин ӯро даҳон.

Барои он ки овозаву номусаш назди ину он лаккадор нашавад, дар ин бора, даҳони котибро баст ва ба ҳамин ҷиҳат вай натавонист тавба кунад.

Нукта: Бо он ки Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абисарҳ медонист, ки хатое муртакиб шуда, вале таъассуби ҷоҳилӣ ва ғайрати нобаҷои ӯ сабаб омад, ки тавба накунад, чаро ки тарсид шахсияти мавҳумаш дар нигоҳи мардум шикаста шавад. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.935)

Андарун месӯхташ ҳам з-ин сабаб,

Ӯ наёвард тавба кардан, ин аҷаб!

Бад-ин сабаб дилаш месӯхт яъне аз ин ки наметавонист тавба кунад, парешону нороҳат буд. Вале бар тавба кардан низ тавоно набуд, ва ин шигифтангез аст!

Оҳ мекарду набудаш оҳ суд,

Чун даромад теғу сарро даррабуд.

Он котиби ваҳй аз рӯи таассуфу афсӯс оҳ мекашид, вале ин оҳ суде надошт, зеро ӯ ҳамчунон ба такаббур саргарм буд, то он ки теғи қаҳри илоҳӣ омад ва сарашро даррабуд.

Карда Ҳақ номусро сад ман ҳадид,

Эй басо баста ба банди нопадид.

Ҳазрати Ҳақ Таъоло номварӣ ва болиданро ҳамонанди сад ман оҳан карда, ки ба сурати занҷире бар дасту пойи мо баста мешавад. Бисёранд касоне, ки бо риштаи номварӣ ва тафохур баста шудаанд.

Ҳадид: оҳан.

Кибру куфр он сон бибаст он роҳро,

Ки наёрад кард зоҳир оҳро.

Кибру куфр чунон роҳро бар он кофир баст, ки ҳатто натавонист оҳи даруниашро зоҳир кунад.

Нукта: Байтҳои ахир таҳлилест равоншиносона аз ин ки чаро бештари мардум вақте ба хатои худ пай мебаранд, фурӯтанона бад-он эътироф намекунанд, балки бо ҳамаи нерӯ дар садади тавҷеҳу пӯшиши он бармеоянд. Бим аз шикаста шудани шахсияти мавҳуму сохтагӣ, омиле аст нерӯманд дар таҷоҳул нисбат ба лағзишҳои маълуму мусаллами худ. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.936)

Гуфт: ағлолан фаҳум биҳ муқмаҳун,

Нест он ағлол бар мо аз бурун.

Ҳақ Таъоло фармуд: мо бар гардани кофирон ғуллу занҷирҳо афкандаем, пас онон ба сабаби ин ғуллу занҷирҳо, сар ба ҳавокунандагонанд. Ва он ғуллҳову занҷирҳо аз беруни мо нест, балки дарунӣ ва ботинӣ аст.

Нукта: Мисроъи нахуст муқтабас аст аз ояти 8 сураи Ёсин:

إِنَّا جَعَلْنَا فِي أَعْنَاقِهِمْ أَغْلالا فَهِيَ إِلَى الأذْقَانِ فَهُمْ مُقْمَحُونَ

Бар гарданҳои эшон ғуллҳову занҷирҳо ниҳодаем то ба чонаҳошон, ва онҳо бад-ин ҷиҳат сар ба ҳавокунандагону вомондагонанд.”

Халфаҳум саддан фаағшайноҳуму,

Менабинад бандро пешу пас ӯ.

Мо, дар пушти сари кофирон садде қарор додаем ва чашмонашонро пӯшондем. Ба ҳамин ҷиҳат, ҳеч кадомашон дар пасу пеши хеш он садду монеъро намебинанд.

Нукта: Муқтабас аст аз ояти 9 сураи Ёсин:

وَجَعَلْنَا مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا فَأَغْشَيْنَاهُمْ فَهُمْ لا يُبْصِرُونَ

Ва пеши рӯяшон садде ниҳодаем ва пушти сарашон низ садде қарор додаем, пас чашмонашонро ба парда пӯшондем, пас онон намебинанд.”

Ранги саҳро дорад он садде, ки хост,

Ӯ намедонад, ки он садди қазост.

Он садде, ки дар пасу пеши кофирон қарор гирифт, ранги саҳро дорад, яъне ранги он чизҳоеро мегирад, ки дар саҳрои вуҷуд мавҷуд аст.

Нукта: Саҳро, ҷойе паҳновар аст ва масофати он бисёр баъиду дур аст. Ин масофати бисёр монанди девору садде аст миёни инсон ва ашёву аҷсоме, ки дар ақсо нуқоти он қарор гирифтаанд, ба тавре, ки мумкин аст аҷсоме бо он ки дар саҳро вуҷуд доранд, ба чашм наёянд ва ё аҷсоме бузург монанди кӯҳ хурд ба назар оянд ва ё сароб ба сурати об намояд. Бар ҳасаби зоҳир, ҳеч ҳиҷобу садде дар саҳро нест, вале бар ҳасаби ботин, масофатҳои дури он ҳиҷобе номаръӣ миёни инсон ва мавҷудот мешавад. (Муқтабас аз “Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ”, дафтари аввал, с.251)

Шоҳиди ту садди рӯйи шоҳид аст,

Муршиди ту садди гуфти муршид аст.

Эй ғофиле, ки бо банди қазо муқайяд шудаӣ! Шоҳиди маҷозии ту рӯйи шоҳиди ҳақиқӣ аст. Ва муршиди сурии ту саддкунанда ва ҳиҷоби гуфтори ҳаққи муршиди ростин аст.

Нукта: Яъне, худбинӣ, ки маҳбубу шоҳиди туст, ҳиҷобе шуда то маҳбубу шоҳиди ҳақиқиро набинӣ. Муршиду роҳбарат низ ҳамон ҳавои нафс аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.937)

Эй басо куффорро савдои дин,

Бандашон номусу кибри ону ин.

Бисёре аз кофирон савдои дин доранд, лекин номусу кибру “ону ин” барои онон банду ҳиҷоб шудааст. Яъне аз шиддати такаббуру ному овозаи худ, ба нидои фитрӣ ва виҷдонии худ посух намегӯянд ва ҷараққаи имонро дар худ хомӯш месозанд.

Банди пинҳон, лек аз оҳан батар,

Банди оҳанро бидарронад табар.

Агарчи ин ҳиҷобу банд пинҳон аст, вале аз оҳан бадтар аст. Яъне қавитару устувортар аз он аст, зеро ҳиҷобу занҷири оҳанинро табар метавонад аз ҳам пора кунад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: