Перейти к содержимому

Матни номаи Amnesty International ба додситони кулли Тоҷикистон дар мавриди Шарофиддин Гадоев

Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) дар номае ба додситони кулли Тоҷикистон, зимни ибрози нигаронии амиқи худ аз вазъияти Шарофиддин Гадоев — узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллӣ ва ҳамоҳангкунандаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, аз додситони кулли кишвар хостааст, фавран Шарофиддинро озод кунанд.

Дар ин нома омадааст:

Додситони кулл,

Бо навиштани ин нома ба Шумо, нигаронии амиқи худро аз боздошти фаъоли сиёсӣ ва мухолифи ҳукумат, Шарофиддин Гадоев дар Маскав ва интиқоли иҷбории ӯ ба Тоҷикистон иброз медорам.

Шарофиддин Гадоев, ки ба сурати қонунӣ дар Ҳуланд сокин аст, борҳо эълон карда, ки қасди бозгашт ба Тоҷикистонро надорад; ҷойе, ки ӯ дар онҷо дар маърази шиканҷа ва бадрафторӣ қарор дорад.

Ӯ дар 14 феврал ба сурати ғайриқонунӣ дар Маскав боздошт ва рӯзи дигар сар аз Душанбе даровард. Дар таърихи 20 феврал фақат ба муддати як рӯз дар манзили худ дар Фархор сукунат кард ва сипас тавассути кормандони Вазорати дохила ва амниятӣ ба ҷойе номаълум мунтақил гардид.

Дар таърихи 24 феврал Вазорати хориҷаи Ҳуланд эълон кард, ки мақомоти тоҷик зимни таъйиди боздошти Гадоев, эълон кардаанд, ки ӯро ба хотири “фаъолиятҳои ҷиноӣ” муттаҳам намудаанд.

Шарофиддин Гадоев узви Паймони Миллии Тоҷикистон ва узви собиқи Гурӯҳи 24 ба шумор меояд.

Бо таваҷҷӯҳ ба саркӯби аҳзоби опозисиюни Тоҷикистон ва ҳамчунин таъқибу фишор рӯйи мухолифон ва вакилони мудофеъ ва фаъолони сиёсӣ ва мавридҳои зиёде аз шиканҷа ва бадрафторӣ бо онҳо, Шарофиддин Гадоев дар маърази хатари ҷиддӣ қарор дорад. Аз ин рӯ аз шумо тақозо мекунам:

— Шарофиддин Гадоев аз ҳар гуна шиканҷа ва бадрафторӣ эмин бошад ва бо вакили дифоъ ба назардошти худаш ва ё хонаводаи ӯ таъмин гардад ва ҳамчунин бо кӯмакҳои зарурии пизишкӣ таъмин шавад;

— Агар ӯ зери назорати ниҳодҳои амниятӣ қарор дорад, бояд фавран озод шавад, ва агар на, бояд ин собит гардад. Иттиҳоми ӯ ба ҳар навъ ҷиноят низ, бояд тибқи қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат бигирад.

Бо камоли эҳтиром.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: