Перейти к содержимому

Рӯёрӯии низомии Ҳинду Покистон, хатаре ҷиддӣ барои сулҳи минтақа

Ҳамлаи теруристӣ дар Кашмири Ҳинд ва дар пайи он, иттиҳоми Деҳлӣ алайҳи Исломобод, кофӣ буд то ҷараққаи рӯёрӯии муҷаддади ду кишвари ҳамсоя ва атомӣ зада шавад ва ин вазъият то ҷойе пеш рафт, ки Ҳинд ҳамлаи эъломнашудаи ҳавоӣ ба Покистон анҷом дод ва Исломобод низ дар вокуниш ба он, ду ҳавопаймои ҷангии Ҳиндро сарнагун кард.

Ҳама чиз аз ҳамлаи теруристӣ дар минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд шурӯъ шуд. Дар ҳамлае, ки ахиран ба вуқӯъ пайваст, 44 тан аз низомиёни ҳиндӣ кушта шуданд. Дар аввалин вокуниш ба ин ҳодиса, Деҳлӣ Исломободро муттаҳам ба даст доштан дар ин ҳамла кард. Пас аз он, танишҳо миёни ду кишвар боло рафт. Ҳинд сафирашро Исломобод фаро хонд ва мутақобилан давлати Покистон дар посух ба иқдоми Ҳинд, сафири худро аз Деҳлӣ бозгардонд.

Ҳинд дар марҳилаи баъдӣ, ҳамсояи худ Покистонро таҳдид ба посухи низомӣ кард, ки дар вокуниш ба он, Имронхон, нахуствазири Покистон гуфт: “Покистон омодаи ҳамкорӣ бо Деҳлӣ барои анҷоми таҳқиқот дар хусуси ҳамлаи теруристӣ дар Кашмир аст, аммо агар ҳаракате аз сӯи Ҳинд алайҳи Покистон анҷом шавад, қатъан бо посухи сареъи Исломобод ҳамроҳ хоҳад буд.”

Дар миёни танишҳои ду ҳамсояи атомӣ, Рамиш Кумор, намояндаи Маҷлиси миллии Покистон (аз ақаллият ҳинду) ба Деҳлӣ сафар кард ва дидорҳое бо масъулони ҳиндӣ аз ҷумла вазири хориҷаи давлати Мудӣ анҷом дод, аммо ин ройзаниҳо ҳам натавонист аз гармои даъвои сиёсии ду кишвар бикоҳад.

Ду рӯз пеш манобеи хабарии Ҳинд ба нақл аз мақомоти ин кишвар навиштанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар бо вуруд ба ҳарими ҳавоии Покистон, амалиётеро алайҳи пойгоҳҳои мутаъаллиқ ба аносури теруристӣ анҷом доданд; амалиёте, ки аз сӯи артиши Покистон такзиб шуд.

Ва дирӯз танишҳои сиёсии Покистон ва Ҳинд вориди марҳилаи низомӣ ва ҷангӣ шуд; Покистон субҳи дирӯз эълом кард, ки нерӯи ҳавоии ин кишвар ду ҳавопаймои ҷангии ҳиндиро, ки ҳарими ҳавоии Покистонро нақз карда буданд ҳадаф қарор дода ва онро сарнагун кардааст.

Сухангӯи артиши Покистон эълом кард, ки нерӯҳои амниятии Покистон дар маҳалли суқути ҳавопаймои ҷангии ҳиндӣ ду халабони ин ҳавопайморо боздошт кардаанд.

Сарлашкар Осиф Ғафур тайи нишасти хабарӣ дар шаҳри Ровилпиндӣ афзуд, Покистон хоҳони ташдиди танишҳо бо Ҳинд нест ва то ин марҳила низ бар сулҳу субот дар минтақа таъкид дорад, аммо агар Ҳинд даст аз ҷангталабӣ барнадорад, посухи Покистон низ ба ҳар навъ таҷовуз ва ҳамлаи хориҷӣ, қотеъона хоҳад буд.

Авзоъи сиёсӣ ва амниятӣ дар Покистон пас аз сарнагунии ҳавопаймоҳои ҷангии ҳиндӣ вориди марҳилаи ҷадиде шуд. Ба дастури нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои амниятии Покистон, фуруд ва бархости тамомии ҳавопаймоҳои тиҷорӣ-мусофирӣ дар фурудгоҳҳои муҳимми ин кишвар ба ҳолати таълиқ даромад.

* * *

Имронхон, нахуствазири Покистон пас аз сарнагунии ҳавопаймоҳои ҷангии ҳиндӣ тавассути нерӯи ҳавоии Покистон, тайи суханронӣ дар телевизиюни давлатии ин кишвар, бори дигар ба Ҳинд пешниҳоди музокира дод ва гуфт: “Покистон ҳаргиз хоҳони ҷанг ё даргирӣ нест, чун мо аз паёмадҳои ҳалокатбор ва натоиҷи хатарноки рӯёрӯӣ дар майдони ҷанг бохабарем.”

Вай, ба Ҳинд гуфт, ки набояд дучори иштибоҳи муҳосиботӣ шавад ва беҳтар аст дар оянда роҳи гуфтугӯ миёни ду кишварро ҳамвор кунад ва Покистон низ ҳеч тамоюле барои тӯлонӣ шудани танишҳо бо кишвари ҳамсояи худро надорад.

* * *

Ду кишвари Покистон ва Ҳинд, ки соҳиби фанноварии таслиҳоти атомӣ низ ҳастанд, беҳтар бояд бидонанд, ки ҷанги тамомаёр ва таҳаррукоти низомӣ ба вежа дар марзҳо, танҳо мардуми ду кишварро ҳадаф қарор намедиҳад, балки ин вазъият сулҳ дар шибҳиқорраи Ҳинд, минтақаи ҷануби Осиё ва соири кишварҳоро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои мухталиф аз ҷумла Чин, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Фаронса ва ҳамчунин Иттиҳодияи Урупо ва Созмони Милал бо ибрози нигаронӣ аз ташдиди танишҳо миёни ду кишвари ҳамсоя дар ҷануби Осиё, Исломобод ва Деҳлиро ба ҳаддиаксари хештандорӣ фаро хонда ва аз онон хостаанд, то ба ҷойи истифода аз рӯйкарди таҳоҷумӣ, ба пойи мизи музокира омада ва тамоми даъвоҳои худро аз тариқи гуфтугӯҳои мусолиматомез ҳаллу фасл кунанд.

* * *

Даъвати муҷаддади Имронхон аз Ҳинд барои азсаргирии музокироти дуҷониба ба вежа гуфтугӯ дар бораи мушкили теруризм, метавонад нишонаи ҳусни нияти Исломобод барои канор гузоштани ихтилофоти қадимӣ ва оғози фасли нав дар равобит бо Деҳлӣ аст.

Баъд аз эъломи истиқлоли Покистон дар соли 1947 ва ташкили ду кишвари мустақилли Ҳинд ва Покистон, муноқишоти марзӣ миёни ду кишвар ба вежа дар минтақаи Ҷому ва Кашмир, ҳамвора яке аз масоили аслии мавриди ихтилоф миёни Исломобод ва Деҳлӣ будааст.

Аз он замон то кунун, муноқишоти марзии ду кишвар дар минтақаи Кашмир борҳо мунҷар ба даргирӣ ва бархӯрдҳои низомӣ ва сипас қабули оташбасҳои мутазалзилу шикананда шуд ва бо вуқӯъи даргириҳои марзӣ, ҳар як аз тарафайн тарафи муқобилро муттаҳам ба нақзи оташбас кардааст.

Покистон дар солҳои гузашта ҳамвора саъй кард Созмони Милалро мутақоъид ба мудохила дар масъалаи Кашмир ва маҳкум кардани рафтори Ҳинд дар қиболи ин масъала кунад; масъалае, ки ба унвони аслитарин ва қадимитарин мавзӯи мавриди муноқишаи ду кишвар ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст.

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ бар ин бовар ҳастанд, ки иқдоми низомии Ҳинд алайҳи Покистон ва вокуниши мутақобили Исломобод ба Деҳлӣ, посухи на чандон муносиб барои поён додан ба муноқишоти кӯҳна миёни ду кишвари ҳамсоя маҳсуб мешавад.

Таҳлилгарон мӯътақид ҳастанд, ки Покистон бо масоили фаровоне аз ҷумла теруризм, бӯҳрон энержӣ, бекорӣ ва мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ аст ва эҷоди равобити дӯстона бо яке аз қудратмандтарин ҳамсоягон, ки ба лиҳози қудрати иқтисодӣ, сиёсӣ, фанноварӣ ва санъат, дар зумраи кишварҳои матраҳи ҷаҳон аст, метавонад роҳе барои гурези Покистон аз бӯҳронҳо ва мушкилоти ҷорӣ бошад.

Барои ин ки ҳаракати қатори равобити ду кишвари ҳамсоя бо шитоби бештаре рӯи рели дӯстӣ ҳаракат кунад, ниёзманди он аст, ки роҳбарони ин қатор ҳамвора сиёсати ҳусни ниятро пеша кунанд ва ихтилофоти қадимиро канор бигузоранд.

Irna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: