Перейти к содержимому

Оё парвандаи Шарофиддин баста шуд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Худоро шукр пойи Шарофиддин Гадоев ба Урупо расид; ӯ дигар озод аст. Инак, бо расидани Шарофиддин ба Урупо, оё аз ин ба баъд, хабар дар бораи вай — ки дар ду се ҳафтаи гузашта дар садри ахбору гузоришҳои расонаҳои тоҷикзабон қарор дошт — ба ҳошия хоҳад рафт ва дигар касе аз боздошти ӯ ва монданаш барои чанд рӯз дар кишвар ва ҳамчунин дар бораи пушти пардаҳои ин моҷаро нахоҳад гуфт?!

Ҷавоб манфист. Зеро ба назари роқими ин сатрҳо, гапу гуфтугӯ ва таҳлилу баррасиҳо дар бораи моҷарои Шарофиддин, тоза шурӯъ хоҳанд шуд. Чаро?

Се нукта ба назарам расид, ки дар ин ёддошт мехоҳам роҷеъ ба ҳар як ба ихтисор бинависам:

1) Нуктаи аввал ин ки: ин моҷаро чизе нест, ки ба ҳамин роҳатӣ ба фаромӯшӣ супурда шавад, зеро пойи як ҷиноят дар миён аст, ҷинояти одамрубоӣ; ҷинояте, ки на аз тарафи як фард ва ё як бонди табаҳкор, балки аз сӯи як ҳукумат сурат гирифта; ҳукумате, ки эълом карда ба тамоми қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ пойбанд аст. Ва якчунин ҷинояте, танҳо бо раҳо кардани қурбонӣ — яъне ҳамон касе, ки рабуда шудааст — бахшида намешавад. Огоҳон медонанд, ки тибқи қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, ҷинояти одамрубоӣ ғайри қобили чашмпӯшӣ аст ва то замоне, ки одамрубоён ва низ касоне, ки дастури онро додаанд ба додгоҳ кашида нашаванд ва ба сазои ин рафтори ғайриинсонии худ нарасанд, парвандаи он баста нахоҳад шуд.

* * *

2) Нуктаи дуввум дар бораи мавзеъи ҳукумат пас аз бозгашти Шароф ба Урупост. Мавзеъи ҳукумат чӣ хоҳад буд?

Бешак, ҳукумат сокит нахоҳад нишаст, балки ба тавҷеҳи гуфторҳо ва рафторҳои пуртаноқузи худ дар ду се ҳафтаи гузашта хоҳад пардохт. Ҳукумат — ки ин моҷаро алорағми хости ӯ, ба зарару зиёнаш поён ёфт — саъй хоҳад кард, то онро ба шакле ба тасвир бикашад, ки гӯё ҳеч иттифоқи “бузурге” рӯй надода; балки тамоми моҷаро ин аст, ки ӯ яке аз мухолифинро, ки номаш дар феҳристи Интерпол будааст боздошт карда (лозим ба ёдоварист, дигар аз чизе ба номи “бозгашти ихтиёрӣ” дар забони мақомот ҷорӣ нахоҳад шуд) ва сипас ӯро ба кишвар мунтақил ва он гоҳ ин боздоштшуда “тавба” кард ва мавриди “авф”-и президентӣ қарор гирифт ва сипас раҳо шуд, то ҳарчи дилаш бихоҳад, бикунад, ва ӯ ҳам ба Урупо баргашт. Тамоми моҷаро ба ҳамин сурат аз сӯи ҳукумат ва ҳаводоронаш ба тасвир кашида хоҳад шуд.

Ба назари ман, аз ҳамин имрӯз, тамоми расонаҳои давлатӣ ва ба хусус “ферма” мақолаҳо ва ёддоштҳо ва соири чарандиёти худро бар асоси ҳамин фарзия пешкаши афкори умумӣ хоҳанд намуд, ва аз сӯе ҳам, талош хоҳанд кард, то моҷаро зуд ба фаромӯшӣ супурда шавад.

Албатта, як тарафи ин қазия худи Шарофиддин аст, ки ӯ чӣ мавзеъе хоҳад гирифт?! Бешак алъон ин суол пеши ҳама матраҳ аст, ки Шарофиддин чӣ мегӯяд?! Росташ, феълан роқими ин сатрҳо чизе намедонад, яъне то ҳамин соат, ки ин ёддоштро менависам, чизе дар ин хусус намедонам; бояд мунтазир бимонем, то бибинем Шарофиддин чӣ хоҳад гуфт.

* * *

3) Нуктаи севвум дар бораи Паймони Миллии Тоҷикистон аст. Бе тардид, озодии Шарофиддин як дастовард ва балки як пирӯзии бузург барои ПМТ ба шумор меравад ва ҳақ дорад онро ҷашн бигирад. Зеро дар воқеъ ин саъю талоши бевақфаи ПМТ буд, ки Шароф ба озодӣ даст ёфт. ПМТ дар хилоли се ҳафтаи гузашта — яъне аз замоне, ки Шароф аз Душанбе сар даровард ва то дишаб вақте хабари бозгашти Шароф ба Урупо мунташир шуд — ҳатто як лаҳза диранг надошт ва тамоми зарфият ва имконоти худро ба харҷ дод, то Шарофиддин ҳарчи зудтар ба озодӣ бирасад; аз тамос бо созмонҳои ҳуқуқи башарӣ гирифта ва то иртибот бо давлати Ҳуланд ва соири кишварҳои урупоӣ ва расонаҳо ва то ҷалби афкори умумӣ ба қазияи ӯ ва дар пайи он, фишори Ҳуланд ба ҳукумати Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он, ҳукумат чорае ҷуз озод кардани Шарофро надошт.

Ба сухани дигар, агар ин талошҳо набуданд ва агар фишорҳои мутаъоқаб бар ҳукумати Тоҷикистон набуд, ҳукумат ҳаргиз ва абадан Шарофиддинро озод намекард. Маҳол буд озод кунад.

Албатта, нақши расонаҳо низ дар ин миён қобили таҳсин аст, ба хусус сойти Ахбори Мирзои Салимпур ва ВВС форсӣ ва то ҳадде Озодӣ, ки воқеан заҳмат кашиданд ва собит карданд, ки дар миёни тоҷикҳо ҳанӯз рӯзноманигорони мутаъаҳҳид вуҷуд доранд, ки ба беҳтарин шакл рисолати рӯзноманигории худро адо мекунанд.

* * *

Дар поёни ин ёддошти кӯтоҳ шоиста аст ба ду дарсе, ки аз моҷарои Шарофиддин метавон гирифт ишора кунам: яке, дарс барои опозисиюн, ва дигар дарс барои ҳукумат.

Ва аммо дарсе, ки опозисиюн метавонад аз ин моҷаро бигирад ин аст, ки агар талош кунад, ба ҳадафаш мерасад. Ҳанӯз зиндониёни сиёсии фаровоне дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки бояд барои озодии так-таки онҳо, ба ҳамин сурат, ки барои Шарофиддин сурат гирифт, бояд талош шавад, ки мусалламан натиҷа хоҳад дод. Урупои пас аз моҷарои Шарофиддин ҳам, дигар Урупои қабл аз он нест. Имрӯз барои Урупо бо шавоҳиду қароин собит шуд, ки режими Эмомалӣ Раҳмон як режими одамрубост ва бо мухолифони худ ба бадтарин шакл рафтор мекунад. Бояд бо истифода аз ин фурсат, барои озодии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ талош кард.

Ва аммо дарсе, ки ин моҷаро ба ҳукумат дод ин аст, ки мақомоти тоҷик аз ин ба баъд, пеш аз ҳар иқдоме алайҳи мухолифон, аввал ҳазору як бор ба паёмадҳо ва авоқиби он хоҳанд андешид. Мутмаиннам, ки аз ин пас, дигар шоҳиди одамрубоӣ ё терур ва ё гусели тимҳои терур барои “шикори” мухолифон нахоҳем буд. Моҷарои Шарофиддин аз ин бобат дарси бисёр муҳимме барои мақомоти Тоҷикистон ба хусус мақомоти амниятӣ дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: