Перейти к содержимому

Пошиниён: “Имрӯз аз нахуствазир гирифта то як коргари содда аз ҳуқуқи баробар бархӯрдоранд ва бояд дар баробари қонун посухгӯ бошанд” (тасовир)

Нахуствазири Арманистон дар дидор бо арманҳои муқими Эрон изҳор кард: “Инқилобе дар кишвари мо ба вуҷуд омада, ки мардумӣ аст ва мардум иҷоза нахоҳад дод аромина дар кулли ҷаҳон эҳсоси ҳақорат кунанд ва аз нахуствазир гирифта то як коргари содда аз ҳуқуқи мусовӣ бархӯрдоранд ва бояд дар баробари қонун посухгӯ бошанд.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Никул Пошиниён, нахуствазири Арманистон, бо ҳузур дар бошгоҳи фарҳангӣ-варзишии Оророт (Арарат), бо ароминаи Теҳрон дидор ва дар ҷамъи онон суханронӣ кард. Ӯ ҳамчунин бо ароминаи Исфаҳон низ дидор ва дар ҷамъи онон суханронӣ кард.

Пошиниён дар ин дидор, бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар ҷамъи ароминаи Исфаҳон тасреҳ кард: “Бисёр хушҳолам, ки аромина дар Эрон озодона маросимҳои худро баргузор мекунанд ва аввалин калисо дар Исфаҳон ба номи Марями Муқаддас пас аз кӯчи аромина бино шуд.”

Вай бо сар додани шиори “Зинда бод дӯстии Эрон ва Арманистон!”, ба таҳаввулоти Арманистон ва инқилоби ба вуҷудомада дар ин кишвар ишора кард ва афзуд: “Инқилобе, ки дар Арманистон анҷом додем, барои ваҳдати аромина ва бозгашти аромина ба даврони пурифтихори худ буд.”

Пошиниён изҳор дошт: “Пеш аз ин дар Арманистон пулшӯӣ ва фасоди иқтисодӣ вуҷуд дошт, аммо акнун ба ҳеч кас иҷоза нахоҳем дод бо пулшӯӣ ва фасод, лағзише дар ҷомеаи Арманистон ба вуҷуд оварад ва мӯҷиби сарафкандагии аромина шавад.”

Нахуствазири Арманистон изофа кард: “Инқилобе дар кишвари мо ба вуҷуд омада, ки мардумӣ аст ва мардум иҷоза нахоҳад дод аромина дар кулли ҷаҳон эҳсоси ҳақорат кунанд ва аз нахуствазир гирифта то як коргари содда аз ҳуқуқи мусовӣ бархӯрдоранд ва бояд дар баробари қонун посухгӯ бошанд.”

Вай баён кард: “Инқилоби Арманистон бо заҳамоти ҳамаи мардуми ин кишвар ба вуҷуд омад ва ҳеч кас ва ҳеч кишваре дар шаклгирии он нақше надошт.”

Пошиниён идома дод: “Аромина аз қарнҳои гузашта то кунун сахтиҳо ва пастиву баландиҳои зиёдеро тай карданд ва акнун, ки дар қарни бисту якум қарор дорем, корҳои зиёде дорем, ки барои таҳаққуқи онҳо бояд ба ваҳдати ҳамаҷониба бирасем.”

Тасовире аз ин дидор:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: