Перейти к содержимому

Фишорҳои мухолифон натиҷа дод // Шарофиддин субҳ ба Олмон мерасад

Ба гузориши сойти Ахбор, мусофирон аз фурудгоҳи Душанбе ба ин сомона хабар доданд, ки Шарофиддин Гадоевро ба ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр”, ки соати 3:20 аз Душанбе ба Франкфурти Олмон парвоз мекунад, савор кардаанд. Ин ҳавопаймо субҳи барвақт ба вақти Олмон, ба Франкфурт мерасад.

Сойти Ахбор қаблан хабар ёфт, ки мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ин намояндаи мухолифинро озод кунанд. Гадоев субҳи 15 феврал дар Душанбе пайдо шуд ва ВКД гуфт, ки ӯ аз кирдораш сидқан пушаймон шуда, бо ихтиёри худаш ба Ватан баргаштааст. Аммо баъди чанд рӯз видеои аз пеш сабткардаи Гадоев нашр шуд, ки дар он мегуфт, агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шавад, ин ба маъноест, ки ӯро рабудаанд, вагарна худаш бо ихтиёри худаш ба Тоҷикистон барнамегардад. Ҳукумати Тоҷикистон ба далели қазияи Шарофиддин Гадоев таҳти фишори афзояндаи байналмилалӣ қарор гирифта буд ва зоҳиран таҳти ҳамин фишорҳо тасмим гирифт, ки Гадоевро раҳо кунад. Мақомоти Душанбе хабарҳо дар бораи бозгашти Гадоев ба Урупоро ҳанӯз расман шарҳ надодаанд.

Тибқи гузориши Ахбор, чанд мусофир аз фурудгоҳи Душанбе шаби 2 март ба сомонаи Ахбор хабар доданд, ки Шарофиддин Гадоевро мақомоти амниятӣ ба фурудгоҳ оварда, ба ҳавопаймои Душанбе – Франкфурти ширкати «Сомон Эйр” савор кардаанд. Дар соате, ки ин гузориш омода мешуд, Гадоев аллакай дар даруни фурудгоҳ, мунтазири парвоз ба Урупо буд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Ахбор, Гадоевро дар фурудгоҳ модараш ва хоҳараш гусел карданд.

Ҳавопаймои «Сомон Эйр” соати 03:20 аз Душанбе ба парвоз хеста, соати шаши субҳ ба вақти Олмон бояд ба Франкфурт бирасад.

Агар иттифоқи дигаре дар байн наафтад, Гадоев субҳи 2 март дар қаламрави Иттиҳоди Урупо хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба далели қазияи бозгашти пурасрори ин намояндаи мухолифин таҳти фишори афзояндаи байналмилалӣ қарор гирифта буд.

Пулис ва вазорати хориҷаи Шоҳигарии Ҳуланд тафтиши қазияи дар Душанбе пайдо шудани Гадоевро тафтиш мекарданд, чунки Шарофиддин Гадоев дар Ҳуланд мақоми паноҳандаи сиёсӣ гирифта, таҳти ҳимояти байналмилалӣ қарор дошт. Аз номи Ҳуланд сафорати Олмон дар Тоҷикистон дар қазияи Гадоев миёнаравӣ мекард, чунки худи Ҳуланд дар Душанбе сафорат надорад.

Сомонаи Ахбор шоми 1 март иттилоъ гирифта буд, ки миёнаравии сафорати Олмон натиҷа додааст ва мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ба хотири рафъи шакку гумонҳо дар мавриди дар Русия рабуда шудан ва маҷбуран ба Тоҷикистон овардани Гадоев ӯро раҳо кунад ва иҷозат бидиҳад, ки ба Урупо баргардад.

Гадоев дар ҳоле ба Урупо бармегардад, ки қарор буд, рӯзи 4 март вазири хориҷаи Люксембург Жан Ассерборн ба Душанбе сафар карда, аз ҷумла бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад. Гуфта мешуд, ки Асселборн метавонад масъалаи Шарофиддин Гадоевро низ бо мақомоти Душанбе дар миён гузорад. Зоҳиран дар Душанбе ба хулосае расидаанд, ки қазияро аз ин бузургтар накунанд ва ҳанӯз то омадани дипломати баландпояи урупоӣ дар қазияи Гадоев нуқта гузоранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: