Перейти к содержимому

11 суоли намояндагони порлумони Ҳуланд дар мавриди қазияи Шарофиддин Гадоев

Ба гузориши сойти Ахбор, се намояндаи порлумони Ҳуланд аз фроксиюни сусиёл-демукроти “Демукротҳо-66” (D66) ба унвони вазирони адлия, амният ва корҳои хориҷӣ ва котиби давлатии Ҳуланд дар масоили адлия ва амният феҳристе иборат аз 11 суол пиромуни қазияи намояндаи мухолифини тоҷик Шарофиддин Гадоевро фиристодаанд. Гадоев аз соли 2017 дар Ҳуланд мақоми паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст.

Тибқи гузориши сойти Ахбор, ин 11 суол аз номи намояндагони фроксиюни сусиёл-демукроти “Демукротҳо-66” (D66) Сйоерд Сйоердсма, Маартен Гроотуйзен и Моника Ден Боер ба аъзои баландпояи ҳукумати Ҳуланд рӯзи 21 феврал ироа шуда ва дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони порлумони Шоҳигарии Ҳуланд нашр шудааст:

Суоли 1

Шумо дар бораи барномаи ТВ Nieuwsuur дар бораи роҳбари мухолифин, ки дар зиндони Тоҷикистон афтодааст, хабар доред?

Суоли 2

Метавонед (бори дигар) тасдиқ кунед, ки ҷаноби Гадоев аз ҷониби мақомоти Русия дастгир шуда ва ҳоло дар зиндони Тоҷикистон қарор дорад?

Суоли 3

Дар посух ба ин ҳодиса оё мақомоти Ҳуланд бо мақомоти Русия ва (ё) Тоҷикистон дар тамос шуданд? Агар ҳа, чӣ натиҷае ба даст омад? Агар не, барои чӣ?

Суоли 4

Ҳуланд барои муайян кардани ин ки ҷаноби Гадоев барои чӣ боздошт шуд ва ба ӯ чӣ гуна метавон кумак расонд, чӣ иқдомҳое рӯи даст гирифта метавонад?

Суоли 5

Ҳуланд барои кумак ба ҷаноби Гадоев ва ҳимояти ӯ ба далели мақоми паноҳандагиаш дар Ҳуланд чӣ масъулияте ба ӯҳда дорад?

Суоли 6

Вазорати корҳои хориҷӣ оё ин масъаларо, ки ба Гадоев кумак лозим аст ё на?, ва чӣ гуна кумаке ба ӯ метавонад бирасонад? Таҳқиқ мекунад? Оё шумо омодаед, ки ба порлумон омада, дар бораи натиҷаҳои бадастомада гузориш диҳед?

Суоли 7

Ба фикри шумо, ҳукумати Тоҷикистон барои чӣ ҷаноби Гадоев, як роҳбари мухолифонашро тавассути Интерпол дар рӯйхатти ҷинояткорони таҳти ҷустуҷӯ гузоштааст?

Суоли 8

Шумо ҳам ба ин фикр розиест, ки Интерпол набояд ба тоза кардани роҳи ҳукуматҳо аз мухолифини сиёсиашон машғул шавад?

Суоли 9

Бо кадом роҳҳо шумо метавонед кишварҳое ба мисли Тоҷикистонро, ки роҳбарони мухолифон ва дигар мунтақидони ҳукуматҳояшонро ба ин рӯйхат медароранд, ба чолиш бикашед?

Суоли 10

Оё номи афроди дигаре ҳам, ки танҳо ба далели роҳбари оппозитсия будан ё то андозае интиқод карданашон аз мақомотҳамчун ҷинояткор дар рӯйхатти ҷинояткорони таҳти ҷустуҷӯи Интерпол афтодаанд, маълуманд?

Суоли 11

Шумо омодаед ин қазияро бо ҳамкорони аврупоии худ дар миён гузоред? Агар на, чаро?

* * *

Бар пояи гузориши Ахбор, Вазорати хориҷаи Ҳуланд то кунун дар масъалаи Гадоев аз ҳадди аксари эҳтиёт кор мегирад ва то имрӯз дар ин бора танҳо чанд шарҳи кӯтоҳ додааст. Ин вазорат аз ҷумла тасдиқ кард, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посухаш ба мақомоти Ҳуланд, дар Тоҷикистон будани Шарофиддин Гадоев ва барои «даст доштанаш дар ҷиноятҳо” дар боздошт қарор доштани ӯро тасдиқ кардааст. Вазорати хориҷаи Русия бошад ба мақомоти Ҳуланд гуфтааст, ки Гадоевро дар Маскав бар асоси ду хатти сурхи Интерпол дастгир кардаанд.

Вазорати хориҷаи Ҳуланд ҳамчунин гуфт, ки феълан роҳҳои расондани кӯмаки ҳуқуқӣ ба Гадоевро баррасӣ мекунад. Шарофиддин Гадоев аз соли 2015 дар шаҳри Эйндҳовени Ҳуланд ба сар мебурд ва соли 2017 дар ин кишвар расман мақоми паноҳандаи сиёсиро ба даст оварда, таҳти ҳимояти байналмилалӣ қарор дошт.

Виктория Надеждина, намояндаи ҳуқуқии Гадоев

Виктория Надеждина, намояндаи ҳуқуқии Гадоев қаблан ба сомонаи Ахбор гуфт, дар асоси муроҷиати ӯ пулиси Ҳуланд низ таҳқиқи қазияи Шарофиддин Гадоевро шурӯъ кардааст.

Намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон ҳам ахиран дар посух ба суоли сомонаи Ахбор гуфт, Иттиҳодияи Урупо таҳаввуллоти марбут ба қазияи Шарофиддин Гадоевро пайгирӣ мекунад.

Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи Ахбор, азбаски худи Ҳуланд дар Душанбе сафорат надорад, ба қазияи Гадоев аз номи Шоҳигарии Ҳуланд сафорати Олмон дар Тоҷикистон аз наздик машғул мебошад.

Ҳамчунин интизор меравад, рӯзи 4 март вазири хориҷаи Люксембург Жан Асселборн аз Душанбе боздид карда, минҷумла бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад. Баъди дар Душанбе пайдо шудани Гадоев ин нахустин мақоми баландпояи Иттиҳоди Аврупост, ки ба Тоҷикистон сафар мекунад ва интизор мерасад, ки Асселборн дар ҷараёни музокираҳояш дар Душанбе масъалаи Гадоевро низ бардорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: