Перейти к содержимому

30 вежагии Нелсун Мондело

Ёддошти Маҳмуд Сареъулқалам, узви ҳайати илмӣ ва устоди Донишгоҳи шаҳид Биҳиштии Эрон ва коршиноси аршади равобити байналмилал

1) 67 сол барои мубориза бо нажодпарастӣ дар Офриқои ҷанубӣ талош кард;

2) 27 сол зиндонӣ кашид, 18 соли онро дар зиндоне бо абъоди 2/70 × 2/10 метр;

3) Мӯътақид буд нафрат монеъи фикр кардани мантиқӣ мешавад;

4) Пас аз озодӣ аз зиндон, аз мардум хост аз сафедпӯстон интиқом нагиранд ва онҳоро бибахшанд;

5) Фаротар аз истидлол, аз тариқи эҳтиром ба инсонҳо, ба дастовардҳои бузурге даст ёфт;

6) Аз зиндон, ба сурати мукотибаӣ, лисонси ҳуқуқи худро аз Донишгоҳи Ландан гирифт;

7) Ба мардум гуфт: агар мехоҳед бо мухолиф ба сулҳ бирасед, бояд бо ӯ кор кунед ва бо ӯ шарик шавед;

8) Мӯътақид буд сахттар аз тағйири ҷомеа, тағйири худ аст;

9) Дар пайи шавкати фардӣ набуд (Self-glory);

10) Эродҳо ва иштибоҳоти худро махфӣ намекард;

11) Контроли амиқе бар эҳсосот ва рафтори худ дошт;

12) Дар маросими таҳлифи (савганди) риёсати ҷумҳурӣ, аз зиндонбони худ (Christo Brand) ба унвони меҳмони вежа даъват кард;

13) Вақте раисиҷумҳур буд, аз қозӣ (Percy Yutar), ки ӯро ба эъдом маҳкум карда буд, барои шом даъват кард;

14) Мӯътақид буд то фақр аз миён наравад, озодӣ ба даст намеояд;

15) Тавони қобили таваҷҷӯҳе дар иҷмоъсозӣ миёни нерӯҳои мухталифи сиёсиро дошт;

16) Бар тадвини Қонуни асосии Офриқои ҷанубӣ дақиқ назорат кард: санаде, ки таҳсини ҷаҳониёнро ба ҳамроҳ дошт;

17) Мегуфт, беҳтарин равиши шинохти як кишвар, шинохти вазъияти зиндонҳои он аст;

18) Ҳамеша дар ҳоли ёдгирӣ буд;

19) Ҳар кӣ ӯро мулоқот кард, гуфт: Мондело бо диққату алоқа гӯш мекунад;

20) Ҳар чӣ аз ӯ таманно карданд, ки номзади давраи дуввуми риёсати ҷумҳурӣ шавад, нашуд. Фақат панҷ сол раисиҷумҳур буд;

21) Номи биюгрофии худро гузошт: “Роҳи тӯлонии озодӣ”;

22) Ба таври воқеӣ ва пойдор, мутавозеъ ва азхудгузашта буд (Selfless);

23) Зотан бо принсип буд; дигарон эҳсоси ҳилагирӣ аз ҷониби ӯ намекарданд;

24) Қудрат ва лаззати аз қудрати бисёре аз раҳбарони офриқоиро олуда кард. Мондело фаротар аз ҳамаи онҳо амал кард ва чеҳраи мондагори таърих шуд;

25) Мӯътақид буд омӯзиш муассиртарин равиши тағйири ҷаҳон аст;

26) Мазҳари баҳрабардорӣ аз самбулҳо буд: шумораи зиндони худро ба унвони ибтикори амале дар мубориза бо бемориҳо дар Офриқо гузошт (46664 Initiative);

27) Аз 250 донишгоҳу муассиса ҷоизаи сулҳ ва дуктурои ифтихорӣ гирифт;

28) Ба хотири маҳбубияти ҷаҳонӣ, Созмони Милал 18 июли ҳар сол (рӯзи таваллуди ӯ)-ро ба унвони Рӯзи байналмилалии Нелсун Мондело сабт кард;

29) Ҳам инсони шарифе буд ва ҳам сиёсатмадор буд;

30) Мегуфт: маро бо муваффақиятҳоям насанҷед, балки бо теъдоди дафъаҳое, ки суқут кардам ва муҷаддадан бархостам, арзёбӣ кунед.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: