Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (362)

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз Пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: пас ман ҳам маҳалли ваҳйам. (3)

* * *

Банди оҳанро тавон кардан ҷудо,

Банди ғайбиро надонад кас даво.

Занҷири оҳанинро метавон бурид ва қатъ кард, вале занҷири дарунӣ ва руҳиро ҳеч кас наметавонад чорае кунад. Яъне танҳо роҳи пора кардани занҷирҳои нафсонӣ, таҳзибу тазкия аст. Фақат табари риёзату тазкия метавонад занҷирҳо ва ғуллҳои нафсро, ки ба сурати сифоти разила буруз мекунанд, аз ҳам бишканад.

Мардро занбӯр агар неше занад,

Неши он занбӯр аз худ меканад.

Ба унвони мисол, агар занбӯр касеро неш бизанад ва дардмандаш созад, ҳамон дам он шахс ба такопӯ меафтад ва нешро аз тани худ берун мекашад.

Захми неш аммо чу аз ҳастийи туст,

Ғам қавӣ бошад, нагардад дард суст.

Вале агар захми неш аз вуҷуду зоти ту бархезад, андӯҳе бас ҷонгоҳ дорад ва дарди он костӣ намегирад.

Шарҳи ин аз сина берун меҷаҳад,

Лек метарсам, ки навмедӣ диҳад.

Шарҳи ин гуфтор аз синаам меҷаҳад ва намоён мешавад, вале метарсам, ки ноумедӣ падид оварад ва бисёр касонро ба яъсу навмедӣ кашинад.

Нукта: Яъне дӯст дорам душвории раҳоӣ аз худбинӣ ва ҳатисҳои маҷозиро ба тафсил шарҳ диҳам, вале метарсам шунаванда он қадр ин тариқро душвор ёбад, ки из иродаи роҳ ва ё шурӯъи сулук навмед шавад. (Мақолоти Шамси Табрезӣ, с.252)

Не машав навмед, худро шод кун,

Пеши он фарёдрас фарёд кун.

Ба сабаби суханоне, ки ман гуфтам, навмед машав ва бикӯш то ин ки худро шодмон кунӣ ва дар даргоҳи Худованди фарёдрас фарёди афву тавба бароварӣ.

Нукта: Бо ин ки гузаштан аз “худ”-у “ман” коре бас душвор аст, вале навмед машав, бо паноҳ овардан ба даргоҳи Худо ин кори душвор осон мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.939)

К-эй муҳибби афв! Аз мо афв кун,

Эй табиби ранҷи носури куҳун.

Бигӯ: эй Худои дӯстдори афву гузашт! Аз мо даргузар, эй табиби захмҳои сахту кӯҳна!

Муҳибб: дӯстдор. Носур: захме, ки об кашида ва чирку варам карда бошад, захми сахту чиркин.

Нукта: Муқтабас аст аз ин ривоят:

الّلهمّ إنّك عفوّ تحبّ العفو فاعف عنّي

Худовандо! Ҳамоно ту даргузарандаӣ, гузаштро дӯст медорӣ, пас, аз мо даргузар!

Акси ҳикмат он шақиро ёва кард,

Худ мабин, то барнаёрад аз ту гард.

Сояе аз ҳикмати илоҳӣ он марди нугунбахтро гумроҳ кард, яъне он котиби ваҳй, ки ба доми ғуруру худбинӣ афтод, чун зарфияту аҳлият надошт, партаве аз ҳикмати илоҳӣ ӯро ба кажӣ кашонд. Худбин мабош, то мабод ки худбинӣ дамор аз рӯзгорат бароварад.

Нукта: Ин шахс чун аз худшиносӣ ғофил буд, натавонист ҳадди худро бишносад ва бидонад, ки ин ҳидояти нисбӣ, ки насиби ӯ шуда аз алтофи илоҳӣ будааст. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.939)

Эй бародар, бар ту ҳикмат ҷорияст,

Он зи абдол асту бар ту орияст.

Эй бародар! Ҳикмату асрори илоҳӣ бар бистари қалби ту равон аст, вале инро бидон, ки асрори илоҳӣ ва ҳикматҳои он ба воситаи вуҷуди авлиёуллоҳ ба ту мерасад. Пас, вуҷуди ҳикмат дар ту, ҷанбаии ориятӣ дорад.

Гарчи дар худ хона нуре ёфтаст,

Он зи ҳамсойай мунаввар тофтаст.

Ба унвони мисол, агарчӣ даруни хона равшану мунаввар аст, вале ин равшаниро аз ҳамсояаш, ки нурафшон аст гирифтааст.

Нукта: Мурод аз ҳамсояи мунаввар метавонад хуршед ва ё маҳтоб ва ё чароғи ҳамсоя бошад. Ба ҳар ҳол, мақсуди маънавӣ аз ҳамсояи мунаввар, авлиёуллоҳ аст, ки ба восиӣтаи вуҷуди онон, хонаи қалби соликон ба анвори асрору ҳақоиқи раббонии онон равшан ва мунаввар мегардад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: