Перейти к содержимому

Бонуе оҳанин

Ба баҳонаи солгарди шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чаҳор сол пеш дар ҳамин рӯз, яъне 5 март, Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов — поягузори ҷунбиши сиёсии “Гурӯҳи-24” ба дасти гурӯҳе терурист ва ба дастури мақомоти амниятии Тоҷикистон, дар шаҳри Истанбули Туркия ба шаҳодат расид. Дар бораи ӯ ва шахсияташ пештар навишта будам, ҳамчунин дар бораи қотилони ӯ низ дар мақолае нукотеро ёдовар шуда будам. Аммо инак ва ба муносибати солгарди шаҳодати ин марди шуҷоъ, мехоҳам андаке дар бораи ҳамсараш бинависам.

Агар унвони ин ёддоштро “Бонуе оҳанин” гузоштаам, беҷиҳат нест. Қумринисо Ҷабборова, ҳамсари шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ, ки ҳаминак дар кишвари Конодо ҳамроҳи 6 фарзандаш зиндагӣ мекунад, воқеан оҳанин аст.

Баъд аз шаҳодати шавҳар, ин бону, ки ҳамсари фарде мутамаввил ва дар нозу неъмат буд ва таҷрибаи танҳо зистанро надошт, ғайри қобили тасаввур буд, ки битавонад танҳо ва ба ҳамроҳи 6 фарзанди ба ҷой монда аз шавҳараш, дар ғурбат зиндагӣ кунад. Асосан тасаввураш душвор аст. Дар ҳамон ибтидо, яъне пас аз шаҳодати Ҳоҷӣ, ман фикр мекардам — ва шояд бисёре аз дӯстон ҳам чунин фикр мекарданд – ки ӯ дигар ба Тоҷикистон ба назди модар ва наздиконаш бармегардад ва ҳукумат низ қоъидатан коре ба кори ӯ нахоҳад дошт.

Бар хилофи ин бовар аммо ин зан тарҷеҳ дод ба кишвар барнагардад ва ибо варзид аз ин ки бо баргаштан ба кишвар — ҳарчанд дар канори модараш хоҳад буд – вале зери маломату сарзаниши ҳамешагии мақомоту афроди бетарбият қарор бигирад, яъне танҳо ба ин хотир, ки шавҳараш мухолифи ҳукумат буд, ба сӯяш санги маломат партоб кунанд. Ғурураш ба ӯ ин иҷозаро надод. Ва аз тарафе ҳам, нахост фарзандонаш зери маломати маломатгарон бо сари хам бузург бишаванд.

Бинобар ин, пас аз шаҳодати Ҳоҷӣ, муддате кӯтоҳ дар Туркия монд ва сипас бо кӯмаки яке аз дӯстон, ба Конодо рафт ва имрӯз дар онҷо зиндагӣ мекунад. Бовараш сахт аст, ки як зани ҷавон бо вуҷуди таҳаммули фироқи шавҳар, на танҳо битавонад ба зиндагии худ идома бидиҳад, балки барои фарзандонаш, ҳам модар бошад ва ҳам ҷойи падар нишинад ва ба тарбияти онон бипардозад. Гуфтанаш саҳлу осон аст, вале дар амал, ин кор як кори бисёр сахту душвор аст; одам бояд иродае оҳанин дошта бошад, то битавонад аз ӯҳдаи ин кор барбиёяд. Аммо Қумринисо тавонист. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мегӯям ӯ бонуе оҳанин аст.

Ин бону, ки дар шабакаи иҷтимоӣ (Фейсбук) фаъол аст ва матлаб менависад, гаҳ гоҳе дар бораи 6 фарзандаш ва ин ки онҳо чӣ гуна бузург мешаванд ва чӣ мегӯянд ва чӣ кор мекунанд, менависад. Боре наворе кӯтоҳ аз духтараш Оиша гузошт, ки дар маҳфиле ба забони англисӣ матлабе мехонад. Комилан равшан буд, ки бону духтарашро ба беҳтарин ваҷҳ тарбият ва бузургаш карда ва дар таълиму тарбияти ӯ бисёр заҳмат кашидааст. Ва боре ҳам аз писараш Абӯбакри 15-сола наворе гузошт, ки ӯ ҳам ба забони англисӣ матлаб мехонад; наворе, ки нишон медиҳад модараш на танҳо барои ӯ модарӣ карда ва балки тавониста падар ҳам барои ӯ бошад. Ин аст, ки мегӯям ин бону бонуе оҳанин аст.

Ҳамон тавре, ки дар боло ишора шуд, аз шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ 6 фарзанд ба ҷой монда ба ин тартиб: Оиша, ки 18 сола аст, Абӯбакри 15 сола, Омина, ки 12 сола аст, Усмоналӣ, ки 10 солаш аст, Фаризаи 7 сола ва Нишонаи 3.5 сола. Нишона ҳангоми шаҳодати падар, ҳанӯз дар шиками модар буд ва пас аз 8 моҳ аз шаҳодати Ҳоҷӣ ба дунё омад, ӯ падарашро фақат аз тариқи аксаш дида.

Воқеан ин бону шоистаи таҳсину офарин аст!

Руҳи Ҳоҷӣ шод ва ҷойгоҳаш биҳишт!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: