Перейти к содержимому

Вақте мардум суолҳои динии худро аз ҳар касе мепурсанд

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Атен Жилсун (Étienne Gilson), филсуфи муосири фаронсавӣ, дар бораи осебшиносии фаҳми дин, ба як матлаби бисёр ҷолибе ишора мекунад.

Ӯ мегӯяд, фаҳми дин дар миёни мардум ҳамеша бо ду мушкили асосӣ рӯбарӯ будааст:

Мушкили аввал ин ки мардум маъмулан суолҳои динии худро аз ҳар касе пурсидан мегиранд.

Мушкили дуввум ва аҷибтар ин аст, ки он суолшавандаҳо ҳам маъмулан бидуни таъаммул посух додан мегиранд.

Дар ҳоле, ки ҳамин мардум, агар дар заминаҳои дигар суоле дошта бошанд, онро аз ҳар касе намепурсанд, балки фақат ба мутахассисони он соҳа муроҷеа мекунанд. Ва ё баръакс, агар аз онҳо суоле берун аз тахассусашон шавад, ба худ иҷоза намедиҳанд, ки бепарво изҳори назар кардан гиранд.

Яъне ҳаргиз намебинӣ, ки масалан як бемор ба ҷойи муроҷеа ба табиб, аз як муҳандис давои дарди худро бипурсад ва ё баръакс. Ва агар ҳам аҳёнан касе берун аз тахассусаш изҳори назар кунад, ба ҳеч ваҷҳ мардум онро қабул намекунанд.

Мутаассифона ин сухани Жилсун рост аст. Ва бадтар аз он ин ки фикр мекунам, ин сухан беш аз ҳар ҷомеаи дигаре, дар мавриди ҷомеаи мо росттар аст.

* * *

Агар хато накунам ин матлабро дар китоби “Нақди тафаккури фалсафии Ғарб”, тарҷумаи дуктур Аҳмад Аҳмадӣ хонда будам. Унвони аслии китоб “The unity of philosophical experience” мебошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: