Перейти к содержимому

Раҳбари ҷунбиши озодихоҳони Тоҷикистон

Ба муносибати солрӯзи шаҳодати Раҳбари ҷунбиши озодихоҳони Тоҷикистон, устоди азиз, Умаралӣ Қувватов

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Номи Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов бегумон дар торихи ин миллат, ҳамчун рамзи озодӣ ва самбули ҷавонмардӣ сабт хоҳад шуд.

Маҳз ӯ буд, ки тилисми тарсу ҳаросро дар ин ҷомеа далерона шикаст ва бонги озодиву адолатро ҷасурона сар дод.

Маҳз суханрониҳои оташини ӯ буд, ки дар дили ноумеди ҷавонон ҷавонаи умед рӯёнд ва дар вуҷуди беҳисси онҳо ангезаи инқилобӣ эҷод кард.

Маҳз сӯҳбатҳои самимӣ ва беолоиши ӯ буд, ки қалбҳои пок вале парокандаи ҷавононро ҳамчун оҳанрабо ба самти худ кашид ва онҳоро якпорчаву муттаҳид кард.

Маҳз шаҳомату рашодат ва ҷавонмардиву ҷасорати ӯ буд, ки барои аввалин бор дар ин кишвар, пояҳои кохи зулму ситамро ба ларза андохт ва хоби роҳатро аз чашмони ситамгарон барои ҳамеша аз байн бурд.

Хулоса ӯ бо дирояти худ ҷунбиши озодихоҳонаи Тоҷикистонро оғоз кард. Ва бо ҷасорати худ онро тақвият намуд. Ва бо самимияти худ онро ба дилҳо ҷо дод. Ва ниҳоятан бо хуни худ, онро ҷовидона кард.

Бинобар ин, баҳаққ метавон ӯро раҳбари ҷунбиши озодихоҳони Тоҷикистон номид.

Руҳаш шоду роҳаш пурраҳрав бод!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: