Перейти к содержимому

Туркия байни хилофат ва ҷумҳурӣ

Ба баҳонаи солгарди фурӯпошии низоми хилофати Усмонӣ

Дар 3 марти соли 1924 ва чанд моҳ пас аз таъсиси Ҷумҳурии Туркия, Мустафо Камол Отатурк дар як суханронии расмӣ дар Маҷлиси миллии Туркия фурӯпошии низоми сиёсии хилофати Усмониро эълом ва бар ин мавзӯъ таъкид кард, ки дар низоми сиёсии ҷадиди Туркия, бо такя бар асли лоизм, мактабхонаҳои суннатии маҳаллот барчида мешаванд ва низоми омӯзиши якдасти миллӣ эҷод мешавад.

Ӯ ҳамчунин ба фаъолияти ниҳоди қудратманди авқоф ва шариат низ поён дод ва эълом шуд, ки лозим нест қонунҳои ҷории кишвар, бо меъёрҳои шаръӣ интибоқ дошта бошанд.

* * *

Отатурк, ислом ва миллигароӣ

Отатурк дар нахустин суханрониҳои худ пас аз таъсиси ҷумҳурӣ, борҳо аз мафоҳиму истилоҳоте ҳамчун ухуввати исломӣ ва аносури исломия ном бурд, аммо пас аз эъломи инҳилоли низоми хилофат, рафта-рафта бархӯрди ӯ ва рафиқонаш бо дини ислом ва зиндагӣ бар асоси меъёрҳои шариати ислом, тағйир ёфт.

Отатурк ва рафиқони таъсиргузор ва қудратманди ӯ ҳамчун Исмат Инуну, ба ду мафҳум таваҷҷӯҳи вежае пайдо карданд: нахуст, таҷаддуд ва тақлид аз сабки зиндагии ғарб, дуввум, миллигароӣ.

Гароиши шадиди Отатурк ва ҳамроҳони ӯ ба сабки зиндагии Урупо, таҳаввулоти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷадиде ҳамчун кашфи ҳиҷоб ба дунбол овард.

Алоқаи Отатурк ба рақс бо занон ва таваҷҷӯҳи ӯ ба пӯшиш, алкул ва масоиле аз ин даст, нахустин нишонаҳои истифода аз унвони лоизм дар тамоми муносиботи сиёсӣ ва маносики иҷтимоӣ буд. Ӯ ва атрофиёнаш мӯътақид буданд, ки таърифи лоизм бисёр густурдатар аз ҷудоии дин ва сиёсат аст ва рафта-рафта на танҳо бар ҷудоии дин аз сиёсат таъкид карданд, балки талош карданд, то динро аз зиндагии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва иқтисодии мардум берун биронанд.

Таътил кардани килосҳои омӯзиши Қуръон ва мафоҳими динӣ, таҳқири дини ислом ва ба ҳошия рондани руҳониюн ва фаъолони динӣ ва дастгирии теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз онон ва исрор бар пайравӣ аз сабки зиндагии урупоӣ, аз муҳимтарин иқдомоти аввалӣ дар бархӯрди Ҷумҳурии Туркия бо дини ислом буд.

Дар фози баъдӣ, миллигароии воридотӣ аз Олмон ва Итолиё мӯҷиби он шуд, ки ба якбора Отатурк бо тарҳи шиорҳои ифротӣ ва тунде ҳамчун “Як турк, як дунё меарзад” ва “Чӣ хушбахт аст он ки мегӯяд ман турк ҳастам”, илова бар ба ҳошия рондани курдҳо дар муодилоти сиёсӣ ва иҷтимоии Туркия ва ҳамчунин эъмоли фишор бар исломгароён, заминаи онро фароҳам кард, ки миллигароии камолистӣ ба аслитарин рукни идеулужии Ҷумҳурии Туркия табдил шавад.

Дар ҳамон даврон буд, ки дар бисёре аз рустоҳои Туркия барои таҳқиқ дар мавриди жени холис ва ноби туркӣ, ҷумҷумаи сари аҳолии рустоҳоро андозагирӣ ва сабт мекарданд, то ба тақлид аз Ҳитлер, ки ба дунболи парвариши жени жерман буд, дар Туркия низ жени турки аслӣ парвариш дода шавад.

Дар гоми баъдӣ ва барои муддате кӯтоҳ, талош шуд, то ҳатто дини ислом ба унвони бахше аз идеулужии туркӣ таъриф шавад ва онро ба унвони дини туркҳо биноманд. Иқдомоти аҷибу музҳике ҳамчун сар додани азон ба забони туркӣ, аз муҳимтарин иқдомоти он даврон буд. Дар тӯли тамоми он солҳо Ҳизби Ҷумҳурии Халқ бар асоси ронте, ки дар сохтори сиёсии такҳизбӣ ба даст оварда буд, исломгароёнро тору мор кард ва иҷоза надод, ки онон дар сохтори сиёсии Туркия ҷойе дошта бошанд.

* * *

Бозгашти исломгароён

Пас аз соли 1950 ва ба қудрат расидани Аднон Мундарис ва сар баровардани Ҳизби адолат ва баъдҳо Ҳизби демукрот, рафта-рафта замина барои рушди исломгароён низ фароҳам шуд.

Дар хориҷ аз дунёи муодилоти сиёсӣ ва ҳизбӣ ҷунбиши фикрӣ, фарҳангӣ ва донишҷӯӣ ва дохили дунёи сиёсат низ иқдомоти Наҷмуддин Арбакон, то ҳудуде исломгароёнро ба саҳнаи сиёсат бозгардонд, аммо кудетои соли 1997, Арбакон ва шогирдони ӯро аз саҳна берун ронд.

Дар соли 2001 шогирдони вафодори Арбакон ҳамчун Раҷоӣ Кутон, Камол Ок, Нӯъмон Куртулмуш ва дигарон, “Фазилат”-ро бунён ниҳоданд, аммо теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз шогирдони таҷаддудхоҳи Арбакон ҳамчун Гул, Ардуғон, Оринч ва дигарон, Ҳизби адолат ва тавсиъаро таъсис карданд.

Ҳизби адолат ва тавсиъа дар фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии худ, муҳофизакорони исломгароро ба сӯи худ ҷалб кард, аммо дастикам дар солиёни оғозин, ба шакли ҷиддӣ ва аланӣ, алайҳи лоизм ва сабки зиндагии камолистҳо ва лоикҳо интиқоде бар забон наёвард.

Бо вуҷуди ин, ҳама ба хубӣ медонистанд, ки аксари кодрҳои бартар ва раҳбарони пешгоми ин ҳизб, аз фарзандони хонаводаҳои исломии мӯътақид буда ва дар дабиристонҳои исломии мавсум ба “Имомхатиб” таҳсил ва ҳазинаҳои сангини пайравӣ аз сабки зиндагии исломиро пардохт кардаанд.

* * *

Ҳизби адолат ва тавсиъа ва хилофат

Ҳизби адолат ва тавсиъа (ҳизби Раҷаб Тайиб Ардуғон) дар чанд соли ахир ба шакли ҷиддӣ даврони Усмониро ҳамчун даврони бошукӯҳи арзишҳои туркӣ, исломӣ ва фарҳангӣ пос дошта ва онро барҷаста кардааст ва дар муқобил, ба мабонии фикрӣ ва фарҳангии Отатурк ва камолизм беэътиноӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ кардааст.

Ҳоло бисёре аз нависандагон ва таҳлилгарони исломгарои Туркия ба шакли ошкоро аз ин идея ҳимоят мекунанд, ки таъсиси ҷумҳурӣ ва барчида шудани хилофат, ба Туркия зарба зада ва мӯҷиби хасорат шудааст.

Ин афрод муддаии он ҳастанд, ки иртиботи амиқе байни ду мафҳуми хилофат ва уммат вуҷуд дошта ва пас аз фурӯпошии хилофат, уммат низ аз ҳам пошида шудааст.

Агарчи фазои фикрӣ ва иҷтимоии Туркия иҷоза намедиҳад, ки ин кишвар бо низоми хилофатӣ идора шавад, аммо дар ҳоли ҳозир ва ба вежа пас аз тағйири низоми сиёсӣ ва иҷроии Туркия аз порлумонӣ ба риёсатӣ, шоҳиди он ҳастем, ки ҳукумати баромада аз Ҳизби адолат ва тавсиъа лоизм ва камолизмро ба ҳошия меронад ва дар сохторҳои иҷтимоӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Туркия ба шакли тадриҷӣ ва барномарезишуда, даст ба ислоҳот мезанад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: