Перейти к содержимому

Муфтии Русия: “Дар ояндаи наздик як севвуми ҷамъияти Русия мусалмон хоҳанд буд” (видео)

Раиси Шӯрои муфтиёни Русия эълом кард, ки тибқи арзёбии коршиносон, то 15 соли оянда як севвуми ҷамъияти ин кишварро пайравони дини ислом ташкил хоҳанд дод ва давлати Русия бояд масоҷиди бештаре дар шаҳрҳои бузург таъсис кунад.

Шайх Ровил Айнуддин, раиси Шӯрои муфтиёни Русия, ду рӯз пеш дар суханоне эълом кард, ки тайи 15 соли оянда як севвуми ҷамъияти кишварро пайравони дини ислом ташкил хоҳанд дод.

Айнуддин, ки дар ҷараёни конфронсе таҳти унвони: “Таърихи ислом дар Русия; нигоҳ ба оянда” суханронӣ мекард, гуфт: “Дар ҳоли ҳозир беш аз 20 милюн нафар аз шаҳрвандони кишвари мо пайрави дини ислом ҳастанд, вале ин рақам дар ҳоли афзоиш аст ва ба теъдоде маҳдуд намешавад. Бар асоси пешбиниҳои коршиносон, баъд аз 15 соли оянда тақрибан 30 дарсади ҷамъияти Русияро мусалмонон ташкил хоҳанд дод.”

Албатта муфтии Русия ба таври дақиқ равшан накард, ки чӣ масъалае боиси рушди ҷамъияти мусалмонон хоҳад шуд: афзоиши зоду валад дар миёни хонаводаҳои мусалмонони Русия, афзоиши ҷамъияти муҳоҷирони кор аз кишварҳои исломӣ, ба хусус аз минтақаи Осиёи Марказӣ, ё ислом овардани мардуми ғайри мусалмон.

Ровил Айнуддин ҳамчунин аз давлати Русия хост, то масоҷиди бештар дар шаҳрҳои бузурги Русия бисозад ва масоҷиди кунунии кишварро ҳам таътил накунад. Вай бо ин назария ба шиддат мухолифат кард, ки масоҷид манбае барои гирдиҳамоии аъзои созмонҳои теруристии исломгаро ҳастанд ва дар айни ҳол таъкид кард, ки лозим аст то бо тамоюлоти ифротгароёна, ки аз ислом танҳо барои расидан ба аҳдофи худ суистифода мекунанд, муборизаи ҷиддӣ сурат гирад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: