Перейти к содержимому

Чаро мусалмонони ғайриараб комёб, аммо арабҳои мусалмон нокоманд?

Мақолае аз дуктур Сулаймон Абдулмунъим дар рӯзномаи Алаҳром

Вақте мусалмони ғайриарабро бо мусалмони араб муқоиса мекунем, нукотеро дармеёбем. Аввалӣ пешрафт ва тараққӣ карда, ва дуввумӣ ҳамчунон ақибмонда аст. Ин бад-он маъност, ки мушкил дар худи ислом нест, балки бештар дар худи мусалмонон аст.

Дар ин ҷо ду суол матраҳ мешавад: аввал ин ки: оё мусалмонони ғайриараб воқеан муваффақ шуданд ва мусалмонони араб шикаст хӯрданд? Суоли дуввум ин ки: чаро мусалмонони ғайриараб муваффақ шуданд, аммо мусалмонони араб нашуданд?

Агар истисноҳои ангуштшуморро канор бигузорем, бештари кишварҳои мусалмони ғайриараб тавонистаанд муваффақиятҳои иқтисодӣ ва санъатӣ ва омӯзишии бисёре ба даст оваранд, дар ҳоле, ки кишварҳои мусалмони араб дар ин заминаҳо ҳеч муваффақияте надоштаанд. Мисолҳои гуногуне шоҳиди ин иддаост. Тавлиди нохолиси дохилии чаҳор кишвари исломии ғайриарабӣ — Андунезӣ, Молезӣ, Туркия ва Эрон — беш аз се трилюн дулор аст, дар ҳоле, ки тавлиди нохолиси дохилии кулли кишварҳои арабӣ, ба истиснои Арабистони Саудӣ ва Аморот — беш аз яку ним трилюн дулор намешавад. Ҳамин қадр кофӣ аст, ки бидонем арзиши содироти Молезӣ (Малайзия) бо 30 милюн ҷамъият, беш аз 200 милёрд дулор аст, дар ҳоле, ки арзиши содироти Миср бо як сад милюн нафар ҷамъият, танҳо 27 милёрд дулор аст.

Фосилаи кишварҳои мусалмони ғайриараб бо кишварҳои мусалмони араб фақат аз лиҳози иқтисодӣ нест, балки дар заминаҳои илмӣ ва текнулужӣ ва дониш низ пешрафт доштаанд, ва ба рағми ихтилофҳои сиёсӣ ва таъаддуди динӣ ва нажодӣ ва мазҳабӣ, дар ҳамоҳангии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба сар мебаранд.

Дар ҳоле, ки бояд эътироф кунем, ки кишварҳои арабии мусалмон аз нархи болои бесаводӣ ранҷ мебаранд; вазъияти омӯзишашон асафнок аст ва бунёнҳои фарҳангӣ барои тавсиъаи инсонии онҳо заъиф аст, дар ҳоле, ки дар иваз ин вазъият дар кишварҳои исломии ғайриарабӣ комилан мутафовит аст. Миёнгини нархи бесаводӣ дар ҷаҳони араб беш аз 30 дарсади кулли ҷамъияташон аст бо вуҷуди ин ки талошҳои бисёре барои решакан кардани он шуда ва неҳзати умумӣ барои аз байн бурдани бесаводӣ ба роҳ афтодааст. Дар муқобил, нархи бесаводӣ дар Молезӣ ва Андунезӣ 7.5 дарсад, дар Олбонӣ 4 дарсад, дар Туркия ва Эрон камтар аз 10 дарсад аст.

Муҳим аст, ки ин воқеиятро бидонем, ки омӯзиш дар кишварҳои мусалмони ғайриараб бисёр беҳтар аз кишварҳои араби мусалмон аст; гузоришҳои назорати ҷаҳонӣ дар заминаи омӯзишу парвариш нишон медиҳад, ки Молезӣ рутбаи 19-умро дар сатҳи низоми омӯзишии ҷаҳон дар ихтиёр дорад, ин рутба барои Андунезӣ 36 аст, дар ҳоле, ки Мағриб (Марокаш) дар рутбаи 110, Алҷазоир 133, Миср 145 ва Либӣ 148 қарор доранд, баъд мепурсем чаро догматизм ва ифротгароӣ ва теруризм дар кишварҳои арабӣ ин қадр густариш дорад?

Хатарноктарин мушкиле, ки кишварҳои арабӣ–исломӣ дар муқоиса бо кишварҳои пешрафтаи ғайриараби исломӣ аз он ранҷ мебаранд, беэҳтиромӣ ба танаввӯъи динӣ ва нажодӣ ва забонӣ аст, дар ҳоле, ки ин мавзӯъ арзиши фарҳангии истисноӣ барои он ҷомеаҳо маҳсуб мешавад. Беш аз 60 дарсади ҷамъияти Молезӣ мусалмон ҳастанд, дар ҳоле, ки мобақии ҷамъиятро ақаллиятҳои динии дигар аз ҷумлаи будоӣ ва ҳинду ва масеҳият ташкил медиҳад, ки 40 дарсади кулли ҷамъияти кишварро шомил мешавад, ҳамчунин нажодҳои мухталифи дигар мисли молоӣ ва чинӣ ва ҳинду дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд. Молезӣ муваффақ шудааст, ки таъаддуди мазҳаб ва нажодро ба як унсури боарзишу ҳамоҳанги иҷтимоӣ табдил кунад ва ба ҳеч ваҷҳ унсуре барои таноқуз ва даргирӣ мисли он чи дар бисёре аз ҷомеаҳои мусалмони араб мебинем нест. Ин кишвар тавониста вобастагии миҳаниро муқаддам бар ҳар чиз қарор диҳад ва ҳеч кас дар ҳеч бахше ба хотири вобастагии динӣ ё нажодӣ ё гурӯҳӣ бартарӣ надорад.

Ҳамин мавзӯъ барои Андунезӣ ҳам содиқ аст. Ин кишварҳо тавонистаанд дар низоми омӯзишии худ ҳамоҳангии иҷтимоиро бигунҷонанд, ки аз кӯдакӣ ба шаҳрвандон усули танаввӯъу тасомуҳу эҳтиром ба дигаронро омӯзиш медиҳад.

Нуктае, ки беш аз пеш равшан аст, ин аст, ки гурӯҳҳои исломии ғайриарабӣ энержии худро дар роҳи душмантарошӣ миёни суннату мудернита сарф намекунанд ва ҳамонанди кишварҳои араби мусалмон худро барои қазоёи асолату муосир ё суннату мудернита хаста намекунанд; коре, ки кишварҳои арабӣ беш аз як сад сол даргири он ҳастанд. Барои ҳамин шоҳидем, ки яке аз фирқаҳои салафӣ баъд аз инқилоби 25 январ (дар Миср) конфронси матбуотӣ баргузор мекунад дар ҳоле, ки рӯйи муҷассамаи ҳунарӣ дар китобхонаи Искандарияро пӯшонда барои ин ки “бут” аст; дар ҳоле, ки фаромӯш кардаем мо бо пӯшондани ин муҷассамаи ҳунарӣ дар ҳақиқат рӯйи ақли худро пӯшондаем!

* * *

Тафсири дигар, ин бор ҷуғрофиёӣ, шояд ин масъала битавонад барои мо пешрафти мусалмонони ғайриарабро бар мусалмонони ақибафтодаи араб тавҷеҳ кунад. Кишварҳои исломии ғайриараб дар миёнаи ҷуғрофиёии инсонии Осиё ё Урупо воқеъ шуда, ки ин ҷуғрофиё сабаб шудааст, то битавонанд бо ин ҷомеаҳо фурсати иртибот ва бархӯрду тамос дошта бошанд ва талош кунанд худро ба кишварҳои пешрафтаи ҳамсоя бирасонанд. Аммо кишварҳои араби исломӣ ба воситаи дарёи Медитарона (Миёназамин), аз Урупо фосила гирифтаанд, ва дар ҳоле, ки ин дарё сирфан дарёчае бузург аст, аммо баёнгари садди ҷуғрофиёӣ ва тамаддунӣ аст, ки моро аз кишварҳои пешрафтаи урупоӣ дур карда сарфи назар аз ин ки ин гуна менамояд, ки зоҳиран ин дарё моро ба онҳо васл кардааст.

Ҳол тафсири севвум мемонад, ки худро дар ин суол нишон медиҳад: чӣ мешуд агар ғарб ба кишварҳои исломии осиёӣ ё ғайри исломӣ иҷоза медод, ки неҳзати иқтисодӣ ва пешрафти текнулужик дошта бошанд ё ҳатто онҳоро ба ин кор тарғиб мекард, аммо ин корро накард барои ин ки мавзӯъ ба кишварҳои исломии арабӣ бозмегашт? Шояд дар ин ҷо таҷрибаи Муҳаммадалӣ ва баъд Ҷамол Абдунносир тадоъикунанда бошад, ки назарияи тавтиаро матраҳ мекарданд ва бо баёни ин назария, дар баробари бисёре аз интиқодҳо муқовимат намекарданд.

* * *

Аз ин се тафсир тафсири дуввум (масъалаи ҷуғрофиёӣ) чандон маҳалле аз эъроб надорад ва табиатан як иттифоқи табиӣ аст. Аммо тафсири севвум (мавзеъи ғарб), ки дар назарияи тавтиа хулоса мешавад, наметавонад моро аз қабули масъулият мубарро кунад. Мемонад тафсири аввал, ки ҳамон тангнои тамаддунӣ аст, ки худамон бо дасти худамон сохтаем ва фарҳангамонро худамон месозем. Ин бизоати мост, ки дар ҳар асру ҳар макон ба худи мо бозмегардад. Рӯзе, ки фарҳангамон иваз шавад, ҳама чиз ҳам иваз мешавад ва он гоҳ шояд вориди масири саҳеҳ шавем, ки иттифоқан динамонро ҳам ҳифз кардаем.

Ahram

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: