Перейти к содержимому

Фош шудани амалиёти “Ватан”-и Ятимов аз забони Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев бо баёни ин ки 16-уми феврал Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ӯ сӯҳбат кард, ёдовар шуд: “Ятимов ба ман гуфт, ки баччаҳоро аз хориҷ бармегардонед, ҷунбиши “Ислоҳот ва рушд”-ро барҳам дода, аз узвияти Паймони Миллӣ хориҷ мешавед. Ҳамчунин, 17 узви баргаштаи “Гурӯҳи 24”-ро раҳбарӣ карда ва дар интихоботи соли 2020 аз Рустами Эмомалӣ дастгирӣ мекунед.” Шарофиддин Гадоев гуфт, ин амалиётро “Ватан” ном гузошта буданд ва забонхат ҳам гирифтанд, ки дар сурати ифшо кардани он, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавам.

Шарофиддин Гадоев, узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон ва ҳамоҳангкунандаи ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушд”, дар нишасти матбуотие, ки имрӯз (7 марти 2019) дар шаҳри Амстердами Ҳуланд баргузор гардид, ҷузъиёти рабуда шуданаш дар Маскав ва чигунагии бурданаш ба Душанберо баён кард.

Ӯ гуфт: “Мақомоти Тоҷикистон тақрибан ҳафт сол боз талош доранд, ки маро ба ватан баргардонанд. Бори аввал соли 2014, бо далелҳои сиёсӣ, дар Испания дастгир шудам. Вале Додгоҳи Испания баъди ним сол истирдоди маро рад кард. Пас аз нокомиҳо, ҳукумат дар ҳамдастӣ бо Русия бо роҳи фиреб маро ба Маскав бурда ва аз онҷо дуздиданд. Намояндаи онҳо ба Олмон омада буд ва мо сӯҳбат кардем. Ҳадафи асосӣ ман набудам. Ҳадафи асосӣ Муҳиддин Кабирӣ буд.”

Вай, сабаби ба Русия рафтанашро ба фаъолияти озоди мухолифон дар он кишвар донист. Гадоев гуфт, тобистони соли гузашта ба онҳо аз Русия паём расида буд, ки ин кишвар ҳозир аст, ба мухолифони тоҷик иҷозаи кор диҳад.

Вай афзуд: “Дар Русия тақрибан ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон ду интихобот мегузарад ва барои мухолифон муҳим аст, ки дар Русия бо муҳоҷирон кор кунанд. Дар ду интихоботи гузашта дар соли 2013 ва 2015 муҳоҷирони тоҷик натавониста буданд иштирок кунанд. Мехостем фаҳмонем, ки Русия аз саркӯби мухолифон даст бардорад, чун ин ҳамкориҳо амнияти минтақаро дар хатар мегузорад.”

Шарофиддин Гадоев изҳор дошт, ки бори аввал моҳи ноябри соли гузашта бояд ба Калинингради Русия мерафт, вале дар Варшава боздошт шуд, чун дар рӯйхати Интерпол буд. Дафъаи дуввум охири моҳи ноябри соли 2018 аз Амстердам ба Маскав рафта, бо мақомоти амниятии Русия мулоқот кардааст. Вай мегӯяд, дар онҷо нафаре бо номи “Максим” сӯҳбатҳои ӯро бо мақомоти Русия ҳамоҳанг мекард.

Вай афзуд: “Бори аввал визаи якмоҳа гирифта, бо даъватномаи ширкати “Гадир” ба Русия рафтам. Бори дуввум ба ман визаи нимсола дода гуфтанд, ки сафараи баъди бозгашти Сергей Лавров аз Тоҷикистон маълум мешавад.”

Шарофиддин Гадоев гуфт, рӯзи 13-уми феврал ба Маскав рафт ва бо “Максим” вохӯрд. Қарор буд, ки рӯзи дигар бо намояндагони Шӯрои амнияти Русия сӯҳбат мешавад. Ӯ афзуд: “Барномаҳоро гуфтанд ва мо атрофи мушкилоти Тоҷикистон сӯҳбат кардем. Гуфтанд, ки то ними роҳ Шуморо мебарем ва сохтори дигар то ҷойи зарурӣ мерасонад. Максим омад ва мо бо мошини БМВ-и сиёҳ аз меҳмонхона баромада рафтем. Дар роҳ як мошини сиёҳшиша истод ва Максим гуфт, ба он бишинед. Вақте аз мошин фаромадам, маро шаш-ҳафт нафар гирд карданд ва скотч печонда, ба фурудгоҳ бурданд.”

Шарофиддин Гадоев афзуд, дар фурудгоҳ ҳуҷҷатҳояшро гирифтанд, дар дохили ҳавопаймо намедонист, ки дар куҷо нишастааст. Гуфт: “Фақат садои кӯдаконро шунидам, ки бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд. Дар ҳамин ҳолат хостам дод занам, ки маро медузданд ва ду корманди кофтукоби ҷиноии ВКД ба латту кӯби ман сар карданд. Маро дар “бизнес-класс” ҷой карда буданд. Кӯшиш мекардам, ба назди мардум равам. Кормандони ширкати “Сомон Эйр” дахолат карда ва гуфтанд, ки ӯро хомӯш кунед, то дигарон мефаҳманд. Дар роҳрав намояндаи “Сомон Эйр” маро мезад, ки садоям баланд нашавад.”

Вай бо баёни ин ки баъди чаҳор соат дар Душанбе расидем ва маро аз фурудгоҳ ба таҳхонаи Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ бурданд, гуфт: “Дар он ҷо каме латту кӯб карданд. Баъдан ба назди ман нафаре омад ва худашро муовини сардори раёсат Бахтиёр Назаров муаррифӣ кард. Ба ман се пешниҳод карданд. Пешниҳоди аввал ин ки аз омадани ман касе хабар надорад ва метавонанд, кушанд. Пешниҳоди дуввум. Чизе зарур аст, аз тариқи шиканҷа мегиранд ва бисёр хуб раҳм кунанд, 25 сол зиндонӣ мекунанд. Ё ин ки тамоми умр. Сеюм пешниҳоди онҳо ин буд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунам ва маро нимаозод мегузоранд. Дар ҳамин вақт Шоҳрух Саидов вориди гуфтугӯ шуд ва ба таҳхона омад. Ба ман гуфтанд, ки ҳар пешниҳодро интихоб кунед, мо ба пешниҳодатон эҳтиром мегузорем ва ҳамонро татбиқ мекунем. Ман гуфтам, ки сари пешниҳоди сеюми шумо фикр мекунам.”

Шарофиддин Гадоев дар идомаи суханонаш дар ин нишасти матбуотӣ гуфт: “Баъдан ба ман пешниҳод карданд, ки бояд дар назди дурбин эътироф кунам, ки мухолифон ва ҲНИТ аз созмони Сорос ва кишварҳои аврупоӣ ба хотири ноором кардани Тоҷикистон пул мегиранд. Гуфтанд, бояд эътироф кунам, ки ҲНИТ дар Мозандарони Эрон як лагер дорад ва дар онҷо тоҷиконро мағзшӯӣ мекунад ва ба амалҳои экстремистиву террористӣ омода мекунад. Бояд эътироф мекардам, ки Кабирӣ аз Эрон пул мегирад. Гуфтанд, бояд эътироф кунед, ки Кабирӣ бо худ санг дорад ва тариқи санг намоз мехонад. Гуфтам, ки атрофи ин гапҳо фикр мекунам. Гуфтанд, ки агар ин корҳоро кунед, раҳбарияти кишвар Шуморо мебахшад. Баъди ин афв мешавед.”

Вай афзуд: “Баъди якуним соат, 9-и субҳ, Абдураҳмон Аламшоҳзода омаданд, генерал Амирбек Бекназаров, раҳбари раёсати мубориза бо терроризм Пиров Аҳтамхон омаданд. Онҳо гуфтанд, ки аз назди президент омаданд ва афзуданд, агар шумо ба ин гапҳо розӣ шавед, пешвои миллат афв мекунад. Дидам, ки ин бозӣ дар сатҳи баландтар аст ва кӯшиш кардам, ки дар бозии онҳо ворид шавам.”

Шарофиддин Гадоев гуфт, баъди он ки шарти ҳамкориро пазируфт, ӯро ба Варзоб бурда, дар назди дурбин гузоштаанд, то ҳар чизе мақомот мехоҳанд онро ба забон биорад. Вай баён дошт, ки ҳар ҷойи матнро хато мехондам ё гуфтан намехостам, мегуфтанд, “ин ҷо муҳим аст ва бояд гуфт. Масалан, мегуфтанд, ки Пешвои миллат гӯед. Аз ободиҳо гӯед ва фазо боз аст. Чизҳое мегуфтанд, ки мухолиф ба ҳарфҳои даҳ рӯз пеши ман буд.”

Гадоев афзуд, сипас ӯро ба ноҳияи Варзоб бурданд ва ӯ зери фишор суҳбати видеоӣ кард. Ӯ гуфт: “Хаста шудам ва чизе мегуфтанд, такрор мекардам. Хоб накарда будам. Зери латту куб ҷисману руҳан хаста будам. Тоби ҳарфҳои онҳоро надоштам. Дар дасти онҳо ба мисли як актёр будам. Се генерал режиссёр буданд ва ман актёр будам. Баъд аз анҷоми ин, маро ба идораи пулиси фурудгоҳ бурданд. Дар он ҷо филме сабт карданд, ки гуё ман ба пойи худ ба идораи пулис меравам ва шиносномаамро нишон медиҳам. Дар асл он паспорт набуд, балки шаҳодатномаи ронандагии як нафар буд. Баъд ин боз маро ба таҳхона оварданд ва пурсупоси шахсӣ карданд, ки куҷо рафтеду чӣ кор кардед. Тақрибан ду соат пурсуҷӯ карданд.”

Вай дар идома бо баёни ин ки 16-уми феврал Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ӯ сӯҳбат кард, ёдовар шуд: “Ятимов ба ман гуфт, ки баччаҳоро аз хориҷ бармегардонед, ҷунбиши “Ислоҳот ва рушд”-ро барҳам дода, аз узвияти Паймони Миллӣ хориҷ мешавед. Ҳамчунин, 17 узви баргаштаи “Гурӯҳи 24”-ро раҳбарӣ карда ва дар интихоботи соли 2020 аз Рустами Эмомалӣ дастгирӣ мекунед.” Шарофиддин Гадоев гуфт, ин амалиётро “Ватан” ном гузошта буданд ва забонхат ҳам гирифтанд, ки дар сурати ифшо кардани он, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавам.

Видеои комили нишасти матбуотии Шарофиддин Гадоев:

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: