Перейти к содержимому

Бонуе, ки порлумони Урупо барои ӯ ҷоизаи ҷаҳонии беҳтарин муаллимро эъто намуд (тасовир)

Як муаллима аз Туркия аз порлумони Урупо ҷоизаи ҷаҳонии беҳтарин муаллимро дарёфт кард.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии NTV, хонум Дилек Ливоналӣ муаллими яке аз рустоҳои дурафтода дар атрофи шаҳристони Чаҳоршанбе дар устони Сомсуни Туркия аст.

Ӯ аз чанд сол пеш ба унвони як муаллими намуна фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии фаровоне барои рустои маҳалли хидмати худ анҷом дода ва дар Туркия соҳиби шӯҳрат шудааст.

Порлумони Урупо дирӯз ба манзури тақдир аз заҳматҳо ва хидматҳои ин муаллимаи туркияӣ, ба ӯ ҷоизаи ҷаҳонии беҳтарин муаллимро эҳдо кард.

Вай дар суханронии худ дар порлумони Урупо гуфт: “Ман дар як мадрасаи кучак дар яке аз рустоҳои устони Сомсуни Туркия хидмат мекунам. Онҷо дар мадраса, ман ҳам мудир, ҳам нозим, ҳам муаллим ва ҳам хидматкор ҳастам ва тамоми ин корҳоро ба танҳоӣ анҷом медиҳам. Кори ман фақат муаллимӣ нест ва фақат бо кӯдакон сару кор надорам; ман онҳоро ба боғи ваҳши шаҳр, ба синамо ва теотр бурдаам, аммо дар айни ҳол бо модарон ва дигар занону духтарони русто низ ҳамкорӣ мекунам. Борҳо ҳунармандонро ба русто даъват карда ва аз онҳо хостам, ки барои мардуми русто мусиқӣ иҷро кунанд. Онҳо низ дархостамро қабул карданд. Ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии занро барои занони рустоӣ ба як маросими ҷиддӣ табдил кардам ва коре кардам, ки эътимод ба нафси занону духтарони рустоӣ бисёр бештар шавад.”

Ин муаллимаи туркияӣ эълом карда, ки тарҷеҳ медиҳад идомаи хидмати худро дар манотиқи рустои сипарӣ кунад.

Тасовир:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: