Перейти к содержимому

Даргирӣ миёни нерӯҳои таҳти ҳимояти Эрон ва Русия дар Сурия

Бо ин ки мақомоти эронӣ ва рус, ҳар ду таъкид мекунанд, ки дар бӯҳрони Сурия онҳо дар канори ҳам ҳастанд ва ҳеч ихтилофе бо ҳам надоранд, аммо даргириҳои ахир миёни нерӯҳои таҳти ҳимояти Эрон ба раҳбарии женерол Моҳир Асад (бародари раисиҷумҳури Сурия) ва нерӯҳои таҳти ҳимояти Русия ба раҳбарии женерол Суҳайл Ҳасан, ҳикоят аз вуҷуди ихтилоф ва таъорузи манофеъ байни ин ду кишвар мекунад.

Ба гузориши Tabnak, бисёре аз нозирон бар ин боваранд, ки бо мустаҳкам шудани пояҳои давлати Сурия, шояд ихтилофот миёни Эрон ва Русия дучандон шаванд. Дар ҳамин робита, Андешкадаи Strategy Watch дар матлабе, аз бурузи даргирӣ миёни тарафдорони Эрон ва Русия дар Сурия хабар дода ва навиштааст, ки Маскав таҳаррукоте барои маҳдуд кардани нуфузи женерол Моҳир Асад, бародари Башшор Асад, ки таҳти ҳимояти Эрон аст оғоз кардааст.

Ба навиштаи ин мақола, женерол Моҳир Асад худро дар мувоҷеҳаи мустақим бо талошҳои Русия мебинад, ки ба дунболи тазъифи ӯ ва тақвияти ҷиноҳҳои дигар аст. Русия ба дунболи тазъифи Моҳир Асад, ки равобити наздике бо Теҳрон дорад мебошад ва ба назар мерасад талоши Русия барои тазъифи женерол Моҳир Асад, мунҷар ба хадшадор шудани равобит ва ҳамкориҳои ду кишвари Эрон ва Русия дар Сурия гардад.

Женерол Моҳир Асад

Дар ҳамин росто, нерӯҳои русӣ дар се моҳи охири соли 2018 иқдомоте барои маҳдуд кардани нуфузи Моҳир Асад оғоз ва амалиёти густурдаеро барои поксозии ниҳодҳои низомии Сурия аз аъзои вафодор ба Эрон роҳандозӣ карданд. Маскав талош кардааст, ки як барномаи ҷомеъ барои бозсозии ниҳодҳои низомӣ ва ҷой кардани афсарони вафодор ба худ дар онҳоро иҷро кунад.

Амалиёт барои бозсозии нерӯҳои мусаллаҳ ба дастури Русия ҷиҳати тазъифи нуфузи Эрон аз тариқи барчидани нерӯҳои вафодор ба Теҳрон ҳамзамон шудааст. Идораи иттилооти нерӯи ҳавоии Сурия ба дастури русҳо қарордодҳои марбут ба ҳудуди 6,500 узви низомиёни вафодор ба Теҳронро бекор кардааст. Маскав ҳамчунин аъзои дифоъи миллӣ дар Дейраззурро дастгир кардааст. Бино бар ин гузориш, шумори бисёре аз нерӯҳои вобаста ба Моҳир Асад низ дастгир шудаанд.

Ин иқдомот мунҷар ба таниш дар равобит байни як шабака аз афсарони тарафдори Маскав дар як тараф ва як шабака аз афсарони тарафдори Эрон аз сӯи дигар шуд. Соли 2018 низ шоҳиди яксаре аз терурҳо ва поксозиҳо будем.

Даргирӣ ва бархӯрди манофеъ дар се моҳи нахусти соли 2019 ба марҳила ҷадиде расида, ба гунае, ки даргириҳо байни гурӯҳе аз нерӯҳои низомии Сурия, ки вобаста ба Эрон ҳастанд ва раҳбарии онҳоро Моҳир Асад, бародари раисиҷумҳури Сурия бар ӯҳда дорад, ва гурӯҳи “Аннамир” ба раҳбарии Суҳайл Ҳасан фармондеҳи сурияии вобаста ба Русия, иттифоқ афтод.

Женерол Суҳайл Ҳасан ҳангоми дарёфти шамшери тилоӣ ба унвони ҷоизаи Путин аз дасти як женероли рус

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: