Перейти к содержимому

Шукурҷон Зуҳуров: “Эрон дар дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон дар канори мо буд, ва ин қобили инкор нест”

Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, дар дидор бо сафири Эрон дар поёни давраи маъмурияти вай, бо таъкид бар зарурати идомаи раванди тақвияти равобити дуҷониба гуфт: “Эрон ва Тоҷикистон решаҳо, фарҳанг, дин, забон ва таъриху тамаддуни муштараке доранд. Эрон дар дастёбӣ ба сулҳ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар канори мо буд, ва ин қобили инкор нест.”

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дар поёни давраи маъмурияти худ дар Тоҷикистон, бо мақомоти олирутба аз ҷумла нахуствазир, раиси порлумон, вазири энержӣ ва манобеъи об ва соири мақомоти кишвар худоҳофизӣ кард.

Дар ҷараёни дидори сафири Эрон бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, равобити дуҷониба аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.

Нахуствазири Тоҷикистон дар ин дидор бо муҳим арзёбӣ кардани талошҳои сафири Эрон ҷиҳати тавсиъаи ҳамкориҳои дуҷониба гуфт: “Мақомоти аршади тоҷик бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва сармоягузорӣ бо Эрон таъкид доранд.”

Вай афзуд: “Мо хостори афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории фимобайн ба хусус тақвияти сармоягузорӣ ва ҳузури Эрон дар бахшҳои кишоварзӣ, энержӣ, санъат ва гардишгарии Тоҷикистон мебошем.”

Расулзода бо ишора ба ин ки зарфиятҳои ду кишвар бисёр фаротар аз омори мубодилоти тиҷории кунунии онҳо мебошад, афзуд: “Зарурӣ аст бо чораандешиҳои мухталиф аз ҷумла дар Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, баргузории намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷорӣ, тақвияти бахши хусусӣ ва ҳамкориҳои байниустонӣ ва байнишаҳрӣ, ин зарфиятҳоро муҳаққақ созем.”

Нахуствазири Тоҷикистон ҳамчунин аз сармоягузорӣ ва мушорикати Эрон дар пружаҳои зербиноии бузурги кишвар аз ҷумла дар сохти нерӯгоҳи Сангтӯда 2, тунели Истиқлол ва нерӯгоҳи Роғун қадрдонӣ намуд ва хостори тавсиъаи ин гуна ҳамкориҳои муштарак шуд.

Фағонӣ низ дар ин мулоқот бо ишора ба иштирокоти мутаъаддид миёни Эрон ва Тоҷикистон, гуфт: “Бархе тарафҳои севвум дар солҳои ахир дар садади суистифода ва ихтилофафканӣ миёни ду кишвар буданд, ки хушбахтона бо ирода ва тадбири мақомоти олӣ ва руасои ҷумҳури ду кишвар ноком монданд.”

Вай ҳамчунин бар зарурати истифода аз фурсатҳо ва сафарҳои дуҷониба ва байналмилалии оянда барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои мухталиф ба хусус иқтисодӣ таъкид кард.

Дар ҷараёни мулоқоти сафири Эрон бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, вазъияти равобити дуҷониба ва тақвияти он ба вежа роҷеъ ба ҳамкориҳои порлумонии ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Раиси порлумони Тоҷикистон зимни ин дидор, аз талошҳои Фағонӣ дар муддати маъмурияташ дар кишвар қадрдонӣ кард ва гуфт: “Шумо он чи ки метавонистед, барои таҳким ва тавсиъаи дӯстӣ миёни ду миллат ва давлати Тоҷикистон анҷом додед.”

Вай бо ишора ба таҳримҳои золимона алайҳи Эрон гуфт: “Инқилоби Исломии Эрон зарфи чиҳил соли гузашта фарозу нишеби зиёдеро аз сар гузаронда ва ба муваффақиятҳои фаровоне даст ёфтааст. Шумо ҳатман хоҳед тавонист мушкилоти ахирро низ пушти сар бигузоред.”

Зуҳуров ба зарфиятҳои иқтисодии ду кишвар ва кӯмакҳо ва сармоягузориҳои Эрон дар Тоҷикистон пас аз истиқлоли кишвар ишора кард ва хостори афзоиши ҳамкорӣ дар ин замина шуд.

Вай бо таъкид бар зарурати тадовуми раванди тақвияти равобити дуҷониба гуфт: “Эрон ва Тоҷикистон решаҳо, фарҳанг, дин, забон ва таъриху тамаддуни муштараке доранд.”

Зуҳуров ҳамчунин хотирнишон кард: “Эрон дар дастёбӣ ба сулҳ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар канори мо буд ва ин қобили инкор нест.”

Сафири Эрон низ бо ташаккур аз ҳимояти Зуҳуров аз тақвияти равобити ду кишвар дар даврони маъмурияти худ, бар лузуми тақвияти муносиботи ду кишвар ба хусус дар ҳавзаи сафарҳо ва таомулоти порлумонӣ таъкид кард.

Вай бо ишора ба тавонмандии Эрон дар содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ афзуд: “Дар даврони маъмурияти худ талош намудам ширкатҳои эронӣ дар пружаҳои тавсиъаӣ ва зербиноии Тоҷикистон мушорикати хубе дошта бошанд.”

Фағонӣ гуфт: “Ҳашт ширкати эронӣ дар раванди сохти пружаи азими нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон ҳузур доранд ва кайфияти кори онҳо мавриди ризояти мақомоти олии Тоҷикистон мебошад.”

Сафири Эрон бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва манобеъи оби Тоҷикистон ва раиси риёсати тоҷикии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон низ дидор кард. Дар ин дидор тарафайн бо ишора ба ҳамкориҳои бисёр хубу созандаи ду кишвар дар ҳавзаҳои нерӯгоҳҳо, саддсозӣ, обу энержӣ, бар тадовум ва таъмиқи ҳарчи бештари ин ҳамкориҳо таъкид ва баргузори сездаҳумин даври Кумисиюни ҳамкориҳои муштараки иқтисодии ду кишварро боаҳаммият донистанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: