Перейти к содержимому

Ин, ҷойи таассуф дорад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Нигоранда, ва дар канори ӯ, садҳо ва балки ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон мухолифем ва дар ҳамин росто фаъолият мекунем, бо ин ҳама аммо аз ин ки мебинем дар баданаи ҳукумати феълӣ ҳатто як нафар давлатмарди огоҳу бобасират дида намешавад, ранҷ мебарем. Зеро, ҳарчи бошад, ин ҳукумат дар дунё ба “ҳукумати Тоҷикистон” шинохта мешавад ва мақомоти кунунӣ дар ҳоли ҳозир намояндаи кишвари мо ҳастанд; кишваре, ки ба лиҳози таърихӣ куҳан ва ба лиҳози фарҳангӣ ғанӣ аст.

Ин беогоҳӣ ва бебасиратӣ на танҳо дар мавзеъгириҳо ва тасмимҳои мақомот – аз шахси раисиҷумҳур бигир то пойинтарин мақомҳои давлатӣ дар вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ – дида мешавад, балки дар вокунишҳо ва дар изҳори назарҳои онҳо ҳам зуҳур пайдо мекунад.

Намехоҳам дар ин ёддошт тамоми шавоҳиди худ бар ин муддаоро ёдовар шавам, зеро ба қадре зиёду фаровонанд, ки агар касе бихоҳад ҳатто ниме аз онҳоро биёварад, бояд як китоби қатуре ба риштаи таҳрир дароварад, яъне худаш як китоб мешавад, балки танҳо ба овардани як намуна, ки ахиран дар забони як мақоми давлатӣ дар посух ба хабарнигори як расона ҷорӣ шуд басанда мекунам.

Дар пайи тасмими ахири ҳукумат мабнӣ бар боло бурдани қимати интернет, хабарнигори як расона ба корманди ниҳоди ба истилоҳ “Хадамоти зиддиинҳисорӣ” муроҷеа ва аз ӯ иллати онро мепурсад. Ин корманд, ки Раҷабалӣ Маҷидов ном доштааст, дар посух мегӯяд: “Аксари мардум интернетро барои тамошои филмҳо сарф мекунад ва ин барои саломатӣ зараровар аст.”

Оё ин ҷавоб аз забони як мақоми давлатӣ, ҷойи таассуф надорад?! Оё тоҷик аз ин ки як мақоми давлатӣ дар кишвараш вақте чунин ҷавобе бидиҳад, тааассуф намехӯрад?! Равшан аст, ки ин мақоми давлатӣ аз саводи лозим бархӯрдор нест, ин ҷойи худ, аммо кош лоақал аз фиросат бархӯрдор мебуд!

Оё ин мақоми давлатӣ – ва ё касе, ки ба ӯ дастур дода чунин посухе бидиҳад – фикр накард бо ин посухаш на танҳо асбоби шармандагии худ, балки асбоби хиҷолати шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ин ки мақомоташон то ба ин ҳадд бесаводу кавдан будаанд фароҳам меоварад?!

Гирам тамошои филм ба саломати инсон зарару зиёновар будааст – ки албатта чунин нест — аммо суол ин аст, ки оё мардум фақат аз тариқи интернет ба тамошои филм мепардозанд, то бо гарон шудани қимати он, дигар даст аз тамошои он бардошта ва солиму тандуруст боқӣ хоҳанд монд?! Мусалламан на, балки бештар аз тариқи телевизиюн ва шабакаҳои моҳвораӣ филм тамошо мекунанд, ва аз қазо, мардум аз тариқи интернет филм тамошо намекунанд, зеро харҷи зиёд дорад.

Ҳол, фарзро бар ин мегирем, ки шумо воқеан ба фикри саломати шаҳрвандон ҳастед ва бароятон кашф шуда, ки тамошои филм барои саломатии инсонҳо зарар доштааст, хуб, дар ин сурат, оё бароятон беҳтар набуд дар Тоҷикистон аз ин ба баъд тамошои телевизиюн ва рафтан ба синаморо мамнӯъ эълом кунед?! Зеро, шаҳрвандон аз ин ду роҳ бештар ба тамошои филм мепардозанд.

Оё чунин коре хоҳед кард?! Қатъан, на магар ин ки девона бошед.

Оё намешуд як баҳонаи дигар, ки маъқултару мантиқитар бошад меовардед?!

* * *

Ҳикояти бефиросатии мақомоти Тоҷикистон, ҳикояти писари подшоҳеро мемонад, ки бо вуҷуди он ки солҳо таҳсил кард, аммо чизе ҳосилаш наомад ва бефиросат монд.

Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст, подшоҳе писари худро ба дасти ҷамоати аҳли ҳунар супурда буд, то ӯро илму дониш биёмӯзанд. Ӯ солҳо таҳсил кард ва як устоди тамом гашта буд. Рӯзе подшоҳ хост писарашро имтиҳон кунад. Ангуштаре дар мушт гирифт, ба фарзандаш гуфт, биё бигӯ дар мушт чӣ дорам?! Гуфт:

— Он чи дорӣ, гирд асту зард асту муҷавваф (дарунаш холӣ).

Подшоҳ гуфт:

— Чун нишонаҳои рост додӣ, пас ҳукм кун, ки он чӣ чиз бошад?!

Писар гуфт:

— Мебояд, ки ғарбел бошад.

Подшоҳ гуфт:

— Охир, ин чандин нишонаҳои дақиқро, ки ақлҳо дар он ҳайрон мешаванд додӣ, аммо ин қадр ба ақлу фиросати ту нарасид, ки ғарбел дар мушти инсон намегунҷад?!

* * *

Мақомоти Тоҷикистон 25 сол аст, ки дар раъси ҳирами қудрат дар кишвар қарор доранд ва дар ин муддат хеле чизҳоро, ки надида буданд диданд, ва дар кишвардорӣ ва сиёсат ҳам хеле таҷриба ҳам касб карданд, аммо бо ин ҳама, ҳанӯз аз кавданиву балоҳату бефиросатӣ раҳо нашудаанд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: