Перейти к содержимому

Дар дидори Муҳаммадалӣ Ҳаит бо модараш чӣ гузашт ва чӣ гуфт? Ҷузъиёти моҷаро

Муҳаммадалӣ Ҳаит дар дидор бо модар ва ҳамсараш дар бораи чӣ гуна шиканҷа шуданаш гуфт: “Дар ин муддат танҳо ман шиканҷа мешавам ва дашному таҳқирҳои зиёд нисбатам аз ҷониби муовини Зоро, полковник Раҳмонов мешавад. Манро маҷбур месозанд, то ки дар назди камера кори нокардаро ба дӯш гирам. Маҷбур мекунанд, нисбати ҳизб ва Муҳиддин Кабирӣ суханҳои носазо гӯям. Маҷбур мекунанд, то гӯям, ки ба ҳизб террористҳоро овардам. Маҷбур мекунанд, ки гӯям терористони дар Сурия меҷангидаро ман фиристодам. Ва дар ҳолати иҷро накардани ин гуфтаҳояшон, камераро хомӯш намуда бо мушту лагад манро мезаданд ва боз давом медиҳанд, то ки съёмка кунанд.”

Ду рӯз қабл яъне дар таърихи 9 март, Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, баъд аз 6 моҳ тавонист бо модар, ҳамсар ва писараш дидор ва гуфтугӯ кунад. Як манбаъи давлатӣ ва мавриди эътимод, ҷузъиёти дидори Муҳаммадалӣ Ҳаит бо модар ва ҳамсараш ва низ ҳарфҳое, ки ба онҳо гуфтааст, бароямон навишт, ки айни онро, бо андаке ислоҳ дар имло, дар зер меоварам:

* * *

Ду рӯз пеш (09.03.19), модари Муҳаммадалӣ Ҳаит, ҳамсар ва писараш тавонистанд бо ӯ дар зиндон дидор намоянд. Дидоре, ки 6 моҳ аст модар ва ҳамсари ӯ чашм ба интизори он буданд.

Дар ин дидор, баъд аз ворид шудани модар ва ҳамсар ва писараш, Муҳаммадалӣ Ҳаит хоҳиш кард аз наздик онҳоро зиёрат кунад. Аммо назоратчӣ бо номи Валӣ аввал монеъ шуд ва ба сари Ҳаит дод зад. Ҳаит хитоб ба Валӣ гуфт: “Ту ҳаққи дод задан ба сари манро надорӣ, барои чӣ дод мезанӣ! Ба дигарҳо иҷозат медиҳӣ, ки бо наздиконашон дидор кунанд, чаро ба ман иҷозат нест!?

Валӣ дар ҷавоб гуфт: “Хотири ҳамин кампир, ман ба генерал занг мезанам, агар иҷозат диҳанд, мемонам, ки бо онҳо дидор кунӣ!

Сипас ба берун баромад ва баъди чанд дақиқа баргашт. Чанде мунтазир шуданд, ҷавоб нашуд. Сипас Муҳаммадалӣ Ҳаит бо модар ва ҳамсараш дар бораи шиканҷаҳо ва азобҳои кашидаи худ гуфт. Ӯ гуфт: “Дар тӯли 2,5 сол дар “критый” аз ҷониби полковник Раҳмонов шиканҷа мешавам.”

Валӣ дар ин ҳолат камераи телефони мобилии худро гирён намуда дар паҳлӯи Муҳаммадалӣ Ҳаит гузошт ва ҳамаи гуфтаҳои Ҳаитро дар телефони худ сабт кард ва гуфт, ки ин сабтро ва мулоқоти доштаи онҳоро ба генерал нишон медиҳад.

Ҳамсари Ҳаит ба Ҳаит гуфт: “Ина ҳамин гапҳоро гуфта истодаӣ, баъди рафтани мо боз шуморо бурда мезананд, бас кунед дигар нагӯед!

Аммо Муҳаммадалӣ Ҳаит ба гапҳои худ идома дод ва гуфт: “Дар ин муддат танҳо ман шиканҷа мешавам ва дашному таҳқирҳои зиёд нисбатам аз ҷониби муовини Зоро, полковник Раҳмонов мешавад. Манро маҷбур месозанд, то ки дар назди камера кори нокардаро ба дӯш гирам. Маҷбур мекунанд, нисбати ҳизб ва Муҳиддин Кабирӣ суханҳои носазо гӯям. Маҷбур мекунанд, то гӯям, ки ба ҳизб террористҳоро овардам. Маҷбур мекунанд, ки гӯям терористони дар Сурия меҷангидаро ман фиристодам. Ва дар ҳолати иҷро накардани ин гуфтаҳояшон, камераро хомӯш намуда бо мушту лагад манро мезаданд ва боз давом медиҳанд, то ки съёмка кунанд.”

Ҳаит дар идома гуфт: “Ман ҳеч гоҳ кори нокардаро ба дӯши худ намегирам агар кушанд ҳам. Донед, ки ин ҳукумат манро кушт! Агар кушанд ҳам, мурдаамро медиҳанд. Агар надиҳанд, баъди 6 моҳ мефаҳмед, ки мурдаам!

Дар ин ҳолат, Валӣ ба Муҳаммадалӣ Ҳаит нигоҳ карда гуфт: “Ҳаитов чиба дурӯғ мегуӣ? Кӣ туро задааст?!

Муҳаммадалӣ Ҳаит ба Валӣ ҷавоб дода гуфт: “Чандин маротиба ман ба худат гуфта будам ва ҳатто чандин маротиб ариза навиштам, аризаҳои навиштаи ман беҷавоб монданд...” Сипас Ҳаит шапкаи сарашро гирифта шрами дар пешона доштааашро нишон дод ва каме курткаашро бардошта ба Валӣ гуфт: “Аз ин тараф биё, шрамҳои дар бадан доштаамро низ ба худат нишон медиҳам.”

Сипас Ҳаит ба модараш нигоҳ карда гуфт: “Моро дар як туалет, ки бисёрӣ ҳастем, ҷой кардагианд, ки оғилхонаи шумо аз он ҷо дида тозатар ва беҳтар аст. 6 феврал дилам зад, доруҳои овардаатонро талаб кардам, надоданд. Муовини Зоро – Раҳмонов гуфт, ки “Иё бояд ҳаминҷа муран, бӯ гиран!Баъди чандин маротиба талаб карданам, баъд аз 10 рӯз, дору ба ман доданд.”

Муҳаммадалӣ Ҳаит ба модару ҳамсараш гуфт: “Чӣ қадре, ки манро мезананд, дашном медиҳанд, таҳқир мекунанд, ман назди инҳо сар хам намекунам, барои он ки ман бегуноҳам, ва бегуноҳ дар ин ҷо ҳастам.”

Ӯ гуфт: “Ман агар мурдам ҳам, пирӯзам, чун ки дар назди Худо ва қонун бегуноҳ мебошам.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: