Перейти к содержимому

Дориюши Раҷабиён: “Ҳаит мавриди шиканҷаи мустамар қарор дорад”

Дақоиқе пеш Дориюши Раҷабаиён, рӯзноманигори тоҷик, аз забони ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит навишт: “Муҳаммадалӣ Ҳаит ҳамроҳ бо чанд тани дигар дар як силлули бисёр кӯчаку касиф нигаҳдорӣ мешавад ва мавриди шиканҷаи мустамар қарор дорад, то ъалайҳи мухолифони давлати Тоҷикистон эътирофи телевизюнӣ бидиҳад.”

Машрӯҳи ёддошти Дориюши Раҷабиён ба шарҳи зерин аст:

Ҳамсари яке аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ҳабси абадро тай мекунад, дар як паёми видеуӣ аз созмонҳои ҷаҳонию байнулмилалӣ хостааст, ки дар расидагӣ ба вазъияти шавҳари ӯ кумак кунанд.

Савриннисо Ҷӯрабекуво, ҳамсари Муҳаммадъалии Ҳаит, муъовини Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки ҳудуди се сол пеш ба ҳабси абад маҳкум шуд, дар видеуе, ки ба дасти БиБиСии форсӣ расида, мегӯяд, шавҳараш ҳамарӯза шиканҷа мешавад. Хонуми Ҷӯрабекуво мегӯяд, оқои Ҳаит ҳамроҳ бо чанд тани дигар дар як силлули бисёр кӯчаку касиф нигаҳдорӣ мешавад ва мавриди шиканҷаи мустамар қарор дорад, то ъалайҳи мухолифони давлати Тоҷикистон эътирофи телевизюнӣ бидиҳад.

Ба гуфтаи хонум Ҷӯрабекуво, Муҳаммадъалии Ҳаит гуфта, ки ҳатто агар зери шиканҷа бимирад, чунин эътирофе нахоҳад кард.

Давлати Тоҷикистон оқои Ҳаит ва шуморе дигар аз мақомҳову кунишгарони Ҳизби Наҳзати Исломиро нерӯҳои барандоз медонад, ки дар кудетои нофарҷоми чаҳор сол пеш даст доштаанд.

Дар “Чашмандози бомдодӣ”-и БиБиСии форсӣ дар рӯзи душанбе, 20 исфанди 1397 (11.03.2019) ин мавзӯъро пӯшиш хоҳем дод. Ин барнома соъати ҳашту ними субҳи Душанбе рӯи ҳамаи амвоҷи дидорию шунидории БиБиСии форсӣ пахш мешавад ва соъати нуҳу ними субҳи Душанбе рӯи амвоҷи савтӣ такрор хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: