Перейти к содержимому

Оё ин олими саршиноси саудӣ дар остонаи эъдом аст?

Корбарони фазои маҷозӣ дар Арабистон бо ба роҳ андохтани ҳаштаге (хештеге), озодии шайх Салмон Алъавда, аз мубаллиғони мунтақиди саудиро хостор шуданд ва бархе суолҳое дар бора эъдом ё марги ӯ матраҳ кардаанд.

Ба маҳзи ин ки ҳисоби корбарии гурӯҳи “Муътқалир-раъй” дар Твиттер, озодии фаврии шайх Салмон Алъавда — аз мубаллиғони динии саршиноси саудиро пас аз гузашти як солу ним аз боздошт, хостор шуд, фаъолон дар сафаҳоти маҷозӣ билофосила ҳаштаге ба роҳ андохтанд бо номи #العودة_في_خطر (Алъавда дар хатар аст).

Гурӯҳи “Муътқалир-раъй” (Зиндониёни озодии баён) дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навиштааст, ки ҷони Салмон Алъавда — мубаллиғи мунтақиди саудӣ, дар хатар аст ва мумкин аст, ки бе далел эъдом шавад. Дар ин баёния ба қонуншиканиҳои мақомоти саудӣ дар робита бо парвандаи шайх Алъавда ишора шуда ва гуфта шудааст, ки вай дар зиндон бо боздошти инфиродӣ, маҳрумият аз дору ва маҳдудият дар заминаи мулоқот ва тамос рӯ ба рӯст.

Дар ҳоле, ки ҳанӯз вазъияти Алъавда равшан нест, ин гурӯҳ навишт: “Бояд ҳамагӣ пеш аз эъдоми Салмон Алъавда бино бар иттиҳомоти дурӯғин, барои наҷоти вай иқдом кунем ва дар баробари нақзи ҳуқуқи зиндониёни озодии баён аз сӯи мақомоти Арабистон, сукут накунем.” Ин гурӯҳ ҳамчунин саудиҳоро ба шиканҷаи Алъавда муттаҳам кард.

Пойгоҳи Алхалиҷ алҷадид дар ин робита гузориш дод, ки бисёре аз корбарони Твиттар зимни ибрози ҳамбастагӣ бо зиндониёни озодии баён, барои озодии Алъавда ва дигар фаъолони сиёсӣ дар Арабистон дуо карданд ва бархе ҳам ба шиддат мақомоти саудиро ба далели нақзи ҳуқуқи зиндониён аз ҷумла шайх Алъавда ба боди интиқод гирифтанд.

Ёсир Абуҳилола, раиси собиқи шабакаи Алҷазира, зимни ибрози ҳамбастагӣ бо Алъавда, навишт: “Кадом шайтон эъдоми Салмон Алъавдаро барои Муҳаммад бен Салмон васваса кардааст? Ё шояд ин як ҷанги равонӣ алайҳи мухолифон аст дар сояи ҳукумати диктотурие, ки камтарин меъёрҳои адолат ва қонунро риоят намекунад.”

Умар бен Абдулазиз, як фаъоли мунтақиди саудӣ ҳам дар твитте бо ишора тадовуми ҳамалоти шадиди режими саудӣ алайҳи мухолифон навишт: “Ҳукумати саудӣ ҳатто пас аз ҷинояти қатли Хошуқҷӣ ҳам ҳеч нишонае аз ақибнишинӣ аз мавозеъи худ нишон намедиҳад, аммо агар оқил буд, мефаҳмид, ки ин фишорҳо самарае ҷуз инфиҷори авзоъ надорад.”

Гурӯҳе ба номи “Ҳайати уламои Арабистони Сауд” ҳам баёнияи Додситонии кулли Арабистон, ки хоҳони эъдоми шайх Салмон Алъавда шуда буд маҳкум кард.

Бисёре аз фаъолони саудӣ ҳам зимни эъломи ҳамбастагӣ аз шайх Алъавда, гузоришҳо ва клипҳоеро дар бораи ин донишманди саудӣ мунташир карданд ва бархе ҳам андешаи худро дар бораи далоили нақзи ҳуқуқи зиндониёни озодии баён тавассути режими Оли Сауд баён доштанд.

Зиёд Алҳилолӣ, яке дигар аз фаъолони саудӣ навишт: “Муфсидони кишвар озоданд ва уламо ва андешамандон дар зиндонҳо ҳастанд.”

* * *

Гуфтаҳои писари Салмон Алъавда

Абдуллоҳ, фарзанди шайх Алъавда, ки дар хориҷи Арабистон ба сар мебарад, чанд рӯз пеш гуфт, ки ҷаласаи ҷадиде аз ҷаласоти муҳокимаи маҳрамонаи падараш дар ҳоле баргузор шуда, ки масъулони саудӣ падарашро дар ин ҷаласа ҳозир накарда ва далеле ҳам барои ин кори худ баён накарданд.

Вай афзуд: “Додситонии кулл тақозои собиқи худ дар бораи эъдоми падарамро ба иттиҳоми таҳрики мардум аз тариқи Твиттер ва фаъолияти илмӣ ва фарҳангии ӯ таъйид кард.”

Мақомоти Арабистон шайх Салмон Алъавдаро дар сентябри 2017 ба ҳамроҳи 20 шахсияти динии дигари саудӣ, ки бештари онҳо аз мубаллиғони саршиноси ин кишвар буданд боздошт кард.

Додситонии кулли Арабистон 37 иттиҳоми марбут ба теруризм ба онҳо ворид кардааст. Фаъолони саудӣ дар Твиттер дар нимаҳои июли гузашта эълом карданд, ки вазъияти саломати шайх Алъавда дар зиндон ба далели бетаваҷҷӯҳии пизишкӣ вахим шудааст.

Бисёре аз ниҳодҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ ҳам борҳо хоҳони ифшои фаврии маҳалли боздошти зиндониёни озодии баён дар Арабистон ва иҷоза додан ба хонаводаҳояшон ва вакилонашон барои тамос бо онҳо ва озодии фаврии онҳоро хостор шуданд, аммо ҳеч фоидае надоштааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: