Перейти к содержимому

Се “душмани ҷадид”-и Омрико барои пайдо кардани баҳонаи дахолати низомӣ дар Ховари Миёна

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Дар соли 1991 замоне, ки Ҷамоҳири Шӯравии собиқ ба сурати расмӣ фурӯ пошид, Ҷузеф Лунз (Joseph Luns), дабири кулли асбақи НАТО ( дар солҳои 1971 то 1984) изҳор кард: “Мо акнун бояд ба дунболи душмане ҷадид барои идомаи барномаҳои таслиҳотӣ ва омодагиҳои низомиамон бошем ва ҷуз гурӯҳҳои сиёсии ифротии исломгаро ба вежа дар минтақаи Ховари Миёна, чизи дигаре вуҷуд надорад.”

Дар он замон гурӯҳҳои ифротии исломгаро монанди Алқоъида ҳузури қудратманде надоштанд, ва агар ҳам буданд, дар сангари давлатҳои ғарбӣ барои муқобила бо душмани кумунист қарор доштанд, ки хатари муштарак барои онҳо маҳсуб мешуд. Омрико дар ҷанги онҳо дар Афғонистон алайҳи он чи дар он замон “ишғолгарии Шӯравӣ” хонда мешуд ширкат кард ва онҳое, ки “муҷоҳид” хонда мешуданд, бо силоҳҳои ғарбӣ ва будҷаи кишварҳои араби ҳавзаи халиҷи Форс нақши меҳварӣ дар шикасти ин ишғолгарон ифо карданд ва интиқоми шикасти таҳқиромези Омрико дар Афғонистонро гирифтанд.

Акнун дар остонаи эъломи шикасти ниҳоӣ бар ДОЪИШ дар охирин пойгоҳи аланиаш дар шарқи Фурот дар Сурия аз тарафи Омрико ва ҳампаймононаш, суоле дар бораи ҳувияти душмани ҷадиде, ки ғарб бо он мубориза карда ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ, ҳампаймонон ва садҳо милёрд дулор аз будҷаи худро барои нобудии он ба кор хоҳад гирифт, матраҳ мешавад.

Мо ин суолро матраҳ мекунем, зеро ба назар мерасад кишварҳои ғарбӣ ба фармондеҳии Омрико бидуни вуҷуди душмане ҷиҳати истифода аз санойеъи низомиашон ва тавҷеҳи дахолатҳои низомиашон ва низ гардиши дубораи даромадҳои нафтӣ ба наҳве, ки дар ниҳоят ба бонкҳо ва хизонаашон бозгардад, наметавонанд ором бигиранд; дақиқан шабеҳ ба мавзеъгирии онҳо дар ҷанги Эрону Ироқ ва ҳамлаи Ироқ ба Эрон ва дар идома ишғоли хоки ин кишвар ва низ мушобеҳи тағйири ҳокимият дар Либӣ, албатта ин лист тӯлонӣ аст.

* * *

Чандин кишвар ё гурӯҳ барои листи душманон ба сурати инфиродӣ ва ҷамъӣ номзад ҳастанд:

1) Аввал, Эрон, ки Омрико тавофуқи ҳастаии худро бо ин кишвар лағв кард, онро дар таҳрими иқтисодии шадиде қарор дод ва нерӯҳои низомии худро барои муқобила бо он ба кор гирифт чӣ бо роҳандозии НАТОи арабӣ-исроилӣ, ки нӯки пайкон дар ҳар ҷанге дар оянда бошад ва чӣ бо басиҷи новҳои ҳавопаймобар ва зердарёиҳо ҷиҳати омодагӣ барои ин ҷанг ва ё иҷбори раҳбарони Эрон ба пазириши ислоҳоти мавриди назари Омрико дар тавофуқномаи ҳастаӣ.

2) Дуввум, Ҳизбуллоҳ ба далели таҷрубаҳои низомии бузурге, ки бо мушорикат дар бӯҳрони Сурия касб кард, ё анбори бузурги мушакиаш, ки шомили анвоъи мушак аз ҷумла мушакҳои ҳушманд аст ва низ раҳбарони қудратманд ва ботаҷрубаашон, ки агар маҷбур шаванд, мумкин аст тасмим ба ҷанг бигиранд, ин ҳизб ҳамчунон хатаре барои вуҷуди “Исроил” аст.

3) Севвум, Алқоъида, ки ин рӯзҳо дар гузоришҳои омрикоӣ, дар бораи бозгашти қудратманди онҳо ба майдони гурӯҳҳои теруристӣ ва пур кардани халаъе, ки бо шикасти ДОЪИШ эҷод мешавад бо фармондеҳии Ҳамза бен Лодан, писари Усома бен Лодан, бунёнгузори ин ташкилот, сӯҳбат мешавад ва ҷоизаи як милюн дулорӣ барои касе, ки иттилооте аз ӯ бидиҳад, таъйин шудааст.

Шояд баъзе суол кунанд, ки чаро Русия, Чин ва Куреи шимолӣ ба листи душманони эҳтимолӣ афзуда нашуданд? Суоли хубе аст ва иллати он равшан аст, ва он ин ки: ин се қудрат силоҳи ҳастаӣ ва зарродхонаи мушакҳои болистик доранд ва метавонанд ин мушакҳоро ба кулоҳаки ҳастаӣ муҷаҳҳаз карда ва онҳоро ба умқи Урупо ва Омрико бирасонанд, ба ҳамин далел шер шудан (қулдурӣ ва гарданкулуфтӣ кардан)-и Омрико танҳо барои арабҳо ва мусалмонон аст, ки метавонанд хатаре барои “Исроил” эҷод кунанд.

* * *

Акнун бештар тавзеҳ медиҳем. Назарияи Ҳенри Кисинҷер, вазири хориҷаи пешини Омрико, падархондаи тамоми ҷангҳо ва дахолатҳои низомии ғарбиҳо дар минтақа, мушовири ғайрирасмии Дунолд Тромп ва Исроил ва лоббиҳои он, ки дар соли 1973 дар бораи гардиши даромадҳои нафтӣ ва эҷоди нерӯҳои “вокуниши сареъ” матраҳ шуд, ҳамчунон дар бештари кишварҳои минтақаи Ховари Миёна дар дасти иҷро аст ва таҳдидот ва боҷгириҳои Тромп аз Арабистон ва кишварҳои араби ҳавзаи халиҷи Форс ва низ гирифтани милёрдҳо дулор аз даромадҳо ва захираҳои нафтии онҳо таҳти унвонҳои мухталиф, танҳо яке аз ин иҷроҳо аст.

Мо акнун мунтазири суханронии ҷадиди Тромп ҳастем, ки дар он, пирӯзии қатъӣ бар ДОЪИШ-ро эълом хоҳад кард, ва ин комилан шабеҳ ба Ҷурҷ Буши писар аст, ки муваффақияти маъмурияташ дар Ироқ пас аз ишғоли ин кишвар дар апрели 2003-ро эълом кард.

Муҳосираи Эрон, ки дар нишасти Варшав тасмим гирифта шуд, ки Эрон дар зумраи хатари бузург барои амният ва суботи минтақа дастабандӣ шавад, таъкидҳои Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ мабнӣ бар ин ки ҳаргиз иҷозаи истимрори ҳузури нерӯҳои Эрон дар Сурияро нахоҳад дод ва низ иқдоми ногаҳонии Англис дар дарҷи шохаи сиёсӣ ва низомии Ҳизбуллоҳ дар листи теруристии худ, ҳамагӣ нишонаҳое аз пайдоиши “душмани ҷадиде” ҳастанд.

Дар поён бояд ин суолро матраҳ кунем, ки оё Омрико ва ҳампаймонони он қодир хоҳанд буд ҳамонанди вазъияташон дар тамоми дахолатҳои низомии пеш аз ин, бо ин душман низ бо камтарин хасорат муқобила карда ва онро нобуд кунанд?

Ин суол фарзӣ аст ва дар чорчӯби масоили оянда қарор мегирад ва посух додан ба он душвор аст ва бояд барои посух ба он пешгӯӣ кард, аммо бовари ҷиддии мо ин аст, ки ин бор натоиҷи он мутафовит хоҳад буд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: