Перейти к содержимому

Афсари КДАМ: “Намехоҳам дар зулми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ширкат кунам”

Ба гузориши сойти Паём, шахсе, ки худро Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн муаррифӣ мекунад, бо пахши наворе эълон кард, ки ӯ афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будааст, ки барои иҷрои чанд амалиёт ба Олмон фиристода шуда буд, аммо робитааш бо ин кумитаро қатъ мекунад.

Бар пояи ин гузориш, ӯ сабаби қатъи робитааш бо КДАМ-ро чунин шарҳ медиҳад, ки намехоҳад дар зулмҳое, ки ин кумита ба сари миллат, ба хусус наздикони мухолифин меорад, ширкат кунад.

Ӯ мегӯяд, мутаваллиди соли 1990 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон аст, аммо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиндагӣ кардааст. Хатмкардаи Донишгоҳи байналмиллалии Қоҳира, риштаи рӯзноманигорӣ, бахши равобити омма ва эълом аст. Аз соли 2016 бо дастгирӣ ва кӯмаки афсари КДАМ Фирдавс Холиқов, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Миср ба ҳайси дипломат кор мекардаву дар асл корманди расмии оперативӣ будааст, шомили ин кумита шудааст.

Ҷовидон мегӯяд, аз тарафи КДАМ вазифаадор шуда буд, то робитаи зиче бо аъзои Раёсати олии ҲНИТ ва фарзандони раиси он барқарор кунад. Бо ин ҳадаф, саҳифаи фейсбукие бо номи Абдуллоҳ Ғафуров боз гардидааст. Ӯ мегӯяд, тибқи ду амалиёт бо рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматулло ва Салим Кабиров, писари Муҳиддин Кабирӣ дар Истамбул вохӯрӣ анҷом додааст.

Сипас, тибқи гуфтааш, ӯро ба Тоҷикистон даъват карда таълимоте барояш додаанд. Ба таълими ӯ женерол Валиев, раҳбари Идораи корҳои оперативии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ду нафар афсар бо номҳои Олим ва Сафаров Диловар машғул будаанд. Олим, тибқи гуфтаи Ғаюрзода, рутбаи капитан дошта, ҳоло дар сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон фаъолият мекунад.

Афсари собиқи КДАМ мегӯяд, бо гирифтани чанд вазифа, моҳи декабри соли 2018 ба ҳайси гуреза вориди Олмон шудааст. Вазифаҳояш иборат буданд аз:

— пайвастан ба саффи ҲНИТ ва ҷамъоварии маълумот дар бораи фаъолони он дар Олмон ва дигар кишварҳои Урупо;

— шомил шудан ба Паймони Миллӣ;

— муайян кардани шаҳрвандони Эрон дар дохили ҲНИТ;

— муайян кардани мунсибати ҲНИТ бо давлатҳои арабӣ ва пайдо кардани сармоягузори ин ҳизб;

— расидан ба маснади ҷонишинии Маҳмудҷон Файзраҳмонов, ки раёсати департаменти равобити хориҷии ҲНИТ-ро ба дӯш дорад;

— муайян кардани ҷои зисти раиси ҲНИТ ва фарзандонаш.

Ғаюрзода баъди шарҳи ҳол ва ифшо кардани ҷузъиёти амалиёте, ки ба дӯшаш гузошта шудааст, эълон кард робитааш бо КДАМ-ро қатъ мекунад. Ӯ мегӯяд: “Намехоҳам дар зулми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки бевосита аз ин кумита сурат мегирад… ва дар озори падару модари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки баъди вориди амалиёт шудани ман сабаб мешуд, ширкат кунам.”

Навори комили изҳороти Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: