Перейти к содержимому

КШНГЗ: “Роҳпаймоиҳои густурдаеро роҳандозӣ хоҳем кард”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, бо интишори баёнияе, ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Тоҷикистон даст аз шиканҷаи зиндониён барнадорад, дар назди намояндагиҳои СММ дар Урупо ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои мухталиф роҳпаймоиҳои густурдаеро роҳандозӣ хоҳад кард.

Матни баёнияи КШНГЗ ба нақл аз сойти Зиндониён ба шарҳи зерин аст:

Аз Тоҷикистон расидани хабари шиканҷа шудани зиндонии сиёсӣ, Маҳмадалӣ Ҳаит дарднок ва сангин аст.

Дар таърихи 11.03.2019 ҳамсари М.Ҳаит дар як навори видеоӣ ба ВВС гуфт, ки шавҳараш муддати се сол мавриди шиканҷа қарор дошта, вазъаш хеле нигаронкунанда аст. Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит, аз шахсе ба номи Нуриддин Раҳмон ном бурд. Номбурда муовини Иззатулло Шарипов, собиқ сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ҳамеша ӯро шиканҷа мекардааст.

Ҳаит гуфта: “Ӯ мехоҳад ман дар назди дурбин эътироф кунам, ки ба наҳзат террористҳоро овардаам, ҷавонон бо роҳнамоии ман ба ДОИШ рафтанд. Онҳо пайваста маро маҷбур мекунанд, ки бар зидди ҲНИТ ва раиси ҲНИТ баёнот бидиҳам. Аммо маро бикушанд ҳам, ин иттиҳомотро ба гардан нахоҳам гирифт, зеро ман дар назди Худо ва миллатам бегуноҳ ҳастам. Қонунро ягон бор поймол накардам ва ба сарқонуни кишвар арҷ мегузоштам.”

М.Ҳаит хеле афсурда менамуду осори шиканҷа дар чеҳрааш дида мешуд. Зикр бояд намуд, ки ӯ то ин муддат ягон бор шикоят намекард ва намехост, ки хонаводааш, махсусан модари пирашро нороҳат созад. Ахиран корд аз устухон гузашт ва Ҳаит дар вохӯрии навбатӣ ба ҳамсараш изҳор дошт, ки дигар сабру тоқат карда наметавонад, чунки шиканҷа рӯз ба рӯз зиёдтар мегардад.

Вобаста ба ин қазия, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ин аввалин ҳодисаи мавриди шиканҷа қарор гирифтани маҳбусон дар зиндонҳои кишвар нест. Мавриди тазаккур аст, ки худи масъулини мақомоти зиндонҳо ҳам эътироф карданд, ки шӯриш дар зиндони Хуҷанд баъди шиканҷа ва таҳқири шараф ва номуси зиндониён ба вуқӯъ омадааст.

Имрӯз на фақат мардуми Тоҷикистон, балки аксари созмонҳои ҳуқуқи башар медонанд, ки зиндониҳои сиёсии тоҷик бегуноҳ ва бо ҷурмҳои сохта равонаи зиндон шудаанд. Ҳатто СММ баъди омӯхтани қазияи М.Ҳаит аз 8 май то 8 -уми ноябри соли 2018 эълон намуд, ки ин шахс бегуноҳ аст ва ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳар чи зудтар ӯро озод намуда товони зарари моддиро ба ӯ пардозад. Мутаассифона, ҳукумати Тоҷикистон ин дархости СММ-ро нодида гирифт.

Аз ин рӯ Кумитаи мазкур аз сохторҳои марбутаи кишвар, созмонҳои ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ, СММ ва тамоми касоне, ки Инсон барояшон арзиш дорад, дархост менамояд, ки:

а) масъулони шиканҷа дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистонро вориди листи таҳримҳо намуда, дороиҳои онҳо дар хориҷи кишвар ба нафъи ҷабрдидаҳо забт карда шавад;

в) мақомоти қудратии Тоҷикистон аз сӯи кишварҳо ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар мавриди таҳрим қарор дода шавад ва ҳама гуна кумакҳои иқтисодӣ ба ин ниҳодҳо манъ карда шавад;

г) Нуриддин Раҳмон ба додгоҳ кашида шавад ва дар сурати ошкор шудани ҷинояташ муҷозот карда шавад;

д) Раиси собиқи зиндонҳо Иззатулло Шариф дар ин ҷиноятҳо шарик дониста шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

Кумитаи наҷоти гаравгонон эълон мекунад, ки агар ҳукумати Тоҷикистон сари вақт аз шиканҷаи маҳбусон ва поймоли ҳуқуқҳои онҳо даст накашад ва шахсони номбаршударо бе ҷазо монад, мо бо далелу арқоми дар даст дошта, ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат хоҳем кард.

Барои тобиши байналмилалӣ додан ба ин қазия ва кушодани чеҳраи ҷинояткоронаи ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳатто дархости СММ барояш арзише надорад, мо дар назди намояндагиҳои СММ дар Аврупо, сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои мухталифи Аврупо роҳпаймоиҳои густурдаеро роҳандозӣ хоҳем кард.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

11 марти 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: