Перейти к содержимому

ПМТ хостори озодии фаврии Маҳмадалӣ Ҳаит аз зиндон шуд

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо интишори баёнияе, хостори озодии фаврии Маҳмадалӣ Ҳаит аз зиндон шуд. Дар ин баёния, ПМТ ҳамчунин аз ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон хост, нисбат ба сарнавишти Маҳмадалӣ Ҳаит бетараф набошанд ва садо баланд кунанд.

Матни баёнияи ПМТ ба нақл аз пойгоҳи интернетии Озодандешон ба шарҳи зерин аст:

Дар таърихи 11 марти соли ҷорӣ ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ — ки бар асоси иттиҳомҳои пучу бепоя ба ҳабси абад маҳкум шудааст — дар расонаҳо аз вазъияти бисёр сангини шавҳараш ва ин ки ҳангоми дучор шудани ӯ ба сактаи қалбӣ дар 6 феврали соли ҷорӣ, кормандони зиндон ӯро аз кӯмакҳои пизишкӣ маҳрум ва ба муддати 10 рӯз аз тановули доруе, ки бастагонаш барояш фиристода буданд манъ кардаанд, хабар дод.

Ба гуфтаи Савринисо Ҷӯрабекова, шавҳараш зери шиканҷа ва озору азияти ҳамешагӣ аз сӯи кормандони зиндон ба дастури полковник Нуриддин Раҳмон (муовини сардори собиқи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Изатулло Шарифзода) қарор доштааст. Ва таассуфовараш ин аст, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро фақат ба ин хотир мавриди шиканҷа ва озору азият қарор медиҳанд, ки аз ба дӯш гирифтани айбҳое, ки мақомот ба гардани ӯ бор мекунанд ва аз ин ки дар баробари дурбин алайҳи опозитсия ҳарф бизанад худдорӣ меварзад.

Шиканҷаи зиндониён, на танҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ махсусан “Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф” ҷиноят ба шумор меояд, балки тибқи Сарқонуни Тоҷикистон низ ҷурму ҷиноят дониста шудааст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки худи мақомот дар моҷарои ошӯб дар зиндони Хуҷанд эътироф карда буданд, ки сабаби асосии ин ошӯб, бархӯрди бисёр хашини кормандони зиндон бо маҳбусон будааст.

Бинобар ин, Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, то:

1. Тамоми зиндониёни сиёсӣ ба хусус Маҳмадалӣ Ҳаитро, ки СММ низ бо ишора ба бегуноҳии вай, тақозои озодии фаврии ӯро хостор шуда буд, озод созад.

2. Нисбат ба зиндониён махсусан зиндониёни сиёсӣ, ҳамаи санадҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ дар мавриди онҳоро, ки ҳукумати Тоҷикистон қабул карда ва зери онҳо имзо гузоштааст, риоят кунад.

3. Ҳукумати Тоҷикистон фавран ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва Салиби сурх иҷозат диҳад, то намояндагони онҳо аз наздик ба вазъияти зиндониён махсусан зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон огоҳӣ пайдо кунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон бо дар назар гирифтани вазъияти бисёр нигаронкунандаи Маҳмадалӣ Ҳаит ва саломатии ӯ, ки ниёз ба дармони ҷиддӣ дорад, аз яко-яки шаҳрвандони азизи кишварамон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳуқуқи башарии дохилӣ ва хориҷӣ, кишварҳои кафили сулҳ, ҷомеаи байналмилалӣ махсусан СММ ва Иттиҳодияи Аврупо, дархост мекунад, то дар баробари ин вазъияти ногувор ва нигаронкунанда бетафовут набошанд. Маҳмадалӣ Ҳаит имрӯз ниёз ба дастгирии ҳамаи мову шумо дорад. Имрӯз дар чеҳраи ӯ, худи Тоҷикистон, ки бо беқонунӣ ва саркӯб рӯ ба рӯст, ниёз ба дастгирӣ ва ҳимояти шумо дорад.

Дар сурате, ки мақомоти тоҷик қодир ба риояти қонунҳои Тоҷикистон, меъёрҳои ахлоқӣ ва бархӯрди инсонӣ ва низ меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ набошанд, мо омодаем ҳамаи фишорҳои мусолиметомези сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиро барои бозгардондани ҳуқуқ ва озодиҳои Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар шаҳрвандонамон ба кор гирем.

Паймони Миллии Тоҷикистон

12 марти 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: