Перейти к содержимому

Робитаи иқтисод ва додгустарӣ аз нигоҳи Черчил

Мегӯянд, пас аз поёни ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, хатари бӯҳрони иқтисодӣ Бритониёро таҳдид мекард. Хатар ба ҳадде буд, ки вазирони кобина ногузир шуданд, шабона бо Черчил нишасте баргузор кунанд ва ӯро дар ҷараёни раванди бади иқтисодии кишвар қарор диҳанд.

Черчил пас аз шунидани гузориши вазирон, фармон дод, то чигунагии вазъияти додгустарии (юститсияи) кишварро ба диққат баррасӣ карда ва ба ӯ гузориш диҳанд. Вазирони кобина гумон карданд, ки нахуствазир мавзӯе ба ин муҳиммиро дарк накардааст. Бинобар ин, вазири иқтисод саъй кард масъаларо аз зовияи дигар барои ӯ тавзеҳ диҳад. Аммо Черчил дубора хостори баррасии дақиқ ва бедиранг аз чигунагии идораи созмони додгустарии кишвар шуд.

Пас аз ду ҳафта, гузориш ба дасти Черчил расид. Бар асоси ин баррасӣ, ҳеч гуна тахаллуфе дар Созмони додгустарии кишвар (Вазорати юститсияи кишвар) гузориш нашуда ва ин созмон дошт ба дурустӣ вазифаашро анҷом медод.

Бо дидани ин гузориш Черчил лабханде заду гуфт:

— Нигарон набошед! Иқтисоди Бритониё ба суръат пешрафт хоҳад кард ва мо ин бӯҳронро ба зудӣ пушти сар хоҳем гузошт.

Ҳамагон бо тааҷҷуб ба ӯ менигаристанд.

Черчил идома дод:

— Кишваре, ки дар он додгустарӣ солим бошад, иқтисодаш ба суръат рушд мекунад.

(Ба нақл аз сафҳаи корбарии Маҳмудхон Бурҳонов дар Фейсбук)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: