Перейти к содержимому

Алҷазоир; пирӯзии як инқилоби мусолиматомез

Пас аз чанд ҳафта аз эътирозоти мусолиматомезу густурда, Абдулазиз Бутефлиқа, раисиҷумҳури Алҷазоир, канорагирии худро аз қудрат эълом ва нақшаи роҳе барои ояндаи кишвари худ тарсим кард. Як диплумоти барҷастаи алҷазоирӣ даврони гузорро раҳбарӣ хоҳад кард.

Ба гузориши Fararu, Абдулазиз Бутефлиқа барои 20 сол дар чаҳор давраи паёпай раисиҷумҳури Алҷазоир буд. Замоне, ки маълум шуд ӯ барои панҷумин бор дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ номзад хоҳад шуд, дар сар то сари Алҷазоир тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд. Дар посух ба ин эътирозот, раисиҷумҳур аз ширкат дар интихобот худдорӣ кард, интихоботро ба таъхир андохт ва қавл дод, ки намояндагони мардум қонуни асосии ҷадидеро барои кишвар тадвин кунанд.

Бутефлиқа 82 сол син дорад ва ба шиддат бемор аст. Ӯ дар соли 2013 сакта кард. Дар ҳафтаҳои ахир ҳамзамон бо эъломи номзадии ӯ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, Бутефлиқа дар бемористоне дар Женев таҳти муолиҷа буд. Мӯътаризон, ки аксарашон ҷавон ҳастанд, мегӯянд Бутефлиқа бемор аст ва салоҳияти риёсати ҷумҳуриро надорад. Аз дидгоҳи мӯътаризон, нухбагони низомӣ ва иқтисодӣ мехоҳанд Бутефлиқаро дар ҳукумат нигаҳ доранд, то ба номи ӯ ҳукмронӣ кунанд. Андаке пас аз бозгашт ба ватан, Бутефлиқа бо судури баёнияе бо ишора ба “вазъи саломатӣ ва синну сол”-и худ, аз қудрат канорагирӣ ва тағйироти сиёсии густурдаеро дар кишвар эҷод кард.

Дирӯз (душанбе, 12 март) Аҳмад Уяҳё, нахуствазири Алҷазоир, истеъфо кард ва Нуруддин Бадавӣ, вазири кишвар, ҷойгузини ӯ шуд. Сипас қарор шуд, ки пас аз Бутефлиқа, як конфронсе ба раҳбарии Алахзар Иброҳимӣ, диплумоти кӯҳнакори алҷазоирӣ ва гурӯҳҳои мӯътариз ташкил шавад, то дар бораи ояндаи кишвар тасмимгирӣ кунад. Иброҳимӣ, вазири хориҷаи собиқи Алҷазоир ва фиристодаи вежаи собиқи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия, ба ҳамроҳи гурӯҳҳои мӯътариз, бар даврони гузор ва таҳияи як қонуни асосии ҷадид ва ҳамчунин таъйини таърихи интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ назорат хоҳанд кард.

Таҳаввулоти Алҷазоир ба ҳадде сареъ ва густурда буд, ки бархе нозирони сиёсӣ онро “зилзилаи сиёсӣ” тавсиф карданд. Зарфи як рӯз, раисиҷумҳур ва нахуствазир аз қудрат канор рафтанд ва як ҳукумати текнукрот ташкил шуд. Барои таҳияи як қонуни асосии ҷадид ва таҳияи тарҳҳое барои ислоҳи низоми сиёсӣ, як гуфтугӯи миллӣ анҷом хоҳад шуд. Ин гуфтугӯ, замони баргузории интихоботи риёсати ҷумҳуриро ҳам таъйин хоҳад кард.

Чанде пеш Бутефлиқа, ки ба муддати 20 сол раисиҷумҳури Алҷазоир буд, эълом кард, ки барои бори панҷум дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар 18 апрел номзад хоҳад шуд. Амре, ки бо хашми густурдаи мардум мувоҷеҳ шуд. Дар се ҳафтаи гузашта, чандин тазоҳуроти милюнӣ дар эътироз ба тасмими Бутефлиқа баргузор шуда буд ва саранҷом ин эътирозоти мусолиматомез муваффақ шуд тағйироти сиёсии густурдае эҷод кунад. Пас аз судури паёми ахири Бутефлиқа дар рӯзи душанбе ва эъломи ислоҳоти асосӣ, мардуми Алҷазоир ба хиёбонҳо рехтанд ва пирӯзии худро ҷашн гирифтанд.

Нухбагони сиёсии ҳоким бар Алҷазоир, аз насли даврони ҷанги истиқлол ҳастанд. Аксари ин нухбагон аз ҷумла худи Бутефлиқа, размандагоне буданд, ки дар ҷанги истиқлол алайҳи нерӯҳои истеъморгари Фаронса мубориза карда буданд. Ин ҷанг дар соли 1962 бо даҳҳо ҳазор кушта ба поён расид. Кишвари Алҷазоир барои раҳо шудан аз дасти истеъморгарон ҳазинаи калонеро пардохт кард ба тавре, ки ҳудуди як милюн алҷазоирӣ дар мубориза бо истеъморгарон ҷонашонро аз даст доданд. Ба ҳамин далел, имрӯза Алҷазоир ба “кишвари як милюн шаҳид” маъруф аст.

Бутефлиқа пас аз судури эъломияи муҳимми худ дар расонаҳо, бо женерол Аҳмад Қоид Солеҳ, раиси ситоди муштараки артиш, ва Алахзар Иброҳимӣ дидор кард. Иброҳимӣ пас аз дидор бо Бутефлиқа, дар телевизиюни давлатии Алҷазоир гуфт: “Садои мардум шунида шуд. Ҷавононе, ки ба хиёбонҳо омаданд, ба таври масъулона рафтор карданд ва тасвири хубе аз кишвар тарсим карданд. Мо бояд ин бӯҳронро ба як фароянди созанда табдил кунем!

Тазоҳуроти ахири Алҷазоир умуман мусолиматомез буд ва ҳатто Бутефлиқа ҳам ба ин амр ишора карда ва гуфт, паёми ҷавононро дарк кардаам. Раисиҷумҳури Алҷазоир дар баёнияи худ, ки дар воқеъ навъе паёми худоҳофизӣ аст, гуфт, ки ӯ мехоҳад дар чорчӯби як “низоми ҷадид” барои таъсиси як “ҷумҳурии ҷадид” талош кунад.

Барои расидан ба ин ҷумҳурӣ, Бутефлиқа дар баёнияи худ ҳафт пешниҳод ироа кардааст:

— аввал, ӯ дигар барои бори панҷум дар интихобот номзад нахоҳад шуд;

— дуввум, дар 18 апрел интихоботи риёсати ҷумҳурӣ баргузор нахоҳад шуд, то дар кӯтоҳтарин замон заминаи ислоҳоти сиёсӣ фароҳам шавад;

— севвум, ислоҳоти бузурге дар давлат анҷом хоҳад шуд;

— чаҳорум, як конфронси ҷомеъи миллӣ ва мустақил ташкил хоҳад шуд, ки барои тадвини ҳама гуна ислоҳоти мавриди ниёз барои таъсиси низоми ҷадид, ҳама навъ ихтиёротро хоҳад дошт. Бутефлиқа гуфт, ин пешниҳод, охирин маъмурияти ӯ хоҳад буд. Қарор аст ин конфронс шомили намояндагони тамоми мардуми Алҷазоир бошад ва як шахсияти кордон ва мавриди қабули мардум, онро ҳидоят кунад. Манобеъи алҷазоирӣ мегӯянд, Алахзар Иброҳимӣ, диплумоти барҷастаи байналмилалӣ, раҳбарии ин конфронсро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Ин конфронс аз озодии комил бархӯрдор хоҳад буд. Як қонуни асосии ҷадид дар ин конфронс тадвин ва сипас дар мавриди он назархоҳӣ (референдум) баргузор хоҳад шуд.

— панҷум, таҳти назорати ин конфронси ҷомеъ ва мустақилли миллӣ ва бо илҳом гирифтан аз беҳтарин таҷрибаҳои ҷаҳон, як интихоботи озоди риёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд. Қарор аст аъзои конфронс таърихи ин интихоботро таъйин кунанд;

— шашум, ба манзури баргузории як интихоботи солим ва бидуни ҳеч гуна шубҳа, бо ҳимояти конфронси миллӣ, як давлати текнукрот ташкил хоҳад шуд;

— ҳафтум, Бутефлиқа дар баробари Худо ва мардум таъаҳҳуд мекунад, ки аз ҳеч талоше барои муваффақияти комили ин тарҳ фурӯгузор накунад.

Раисиҷумҳури Алҷазоир дар поёни баёнияи худ хитоб ба занону мардони Алҷазоир гуфт, ин беҳтарин роҳ барои дур кардани Алҷазоир аз низоъҳо ва ихтилофот аст.

Эътирозот ва тазоҳуроти Алҷазоир, беш аз ҳама, рӯйи адами номзадии Бутефлиқа мутамаркиз буд. Бисёре аз мӯътаризон шиоре алайҳи кулли низом сар надоданд, балки дунболи ин буданд, ки раисиҷумҳури бемор риёсати ҷумҳуриро канор бигузорад. Аммо Бутефлиқа бо ироаи як нақшаи роҳи комилу ҷомеъ барои тағйири низом ва таъсиси як ҷумҳурии ҷадид, на танҳо нозирони хориҷӣ, балки ҳатто бисёре аз алҷазоириҳоро ҳам ғофилгир кард. Агар тарҳи Бутефлиқа иҷро шавад, Алҷазоир гоми бисёр баланде ба сӯи демукросӣ бархоҳад дошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: