Перейти к содержимому

Сару каллаи Албағдодӣ пайдо шуд; ин бор дар назди нерӯҳои омрикоӣ

Як рӯзномаи туркияӣ гузориш дод, ки саркардаи ДОЪИШ дар назди нерӯҳои омрикоӣ аст ва барои вай гузарнома ва шиносномаи ҷаълӣ содир кардаанд.

Рӯзномаи Яни Шафақ гузориш дод, ки Абӯбакр Албағдодӣ, саркардаи ДОЪИШ дар ҳоли ҳозир назди нерӯҳои омрикоӣ қарор дорад.

Ин рӯзнома тасвире мунташир кард, ки дар он Албағдодӣ дохили як нафарбари зиреҳии Омрико ҳузур дорад.

Бино бар ин гузориш, Созмони ҷосусии Омрико (CIA) бар макони ҳузури Албағдодӣ ва таҳаррукоти вай назорат дорад ва дар ҳоли ҳозир нерӯҳои омрикоӣ ба Албағдодӣ ва ҳамчунин ҳудуди 140 ҷангҷӯи ДОЪИШ, шиносномаи ҷаълӣ дода ва номҳои ҷадиде барои онон интихоб кардааст.

Яни Шафақ мегӯяд, ки додани ин мадорики ҷаълӣ, бахше аз амалиёти маҳрамонае аст, ки Омрико барои қочоқи теруристҳо аз минтақа ва аз тариқи Ироқ, дар ҳоли анҷоми он аст.

Ба гузориши ин рӯзнома, Созмони ҷосусии Омрико “дар ҳоли бозҷӯӣ аз ду ҳазор нерӯи ДОЪИШ дар дохили урдугоҳҳои вобаста ба Ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) аст, то ба онон шиносномаи ҷаълии ҷадид бидиҳад.”

Бино бар ин гузориш, раванди бозҷӯӣ дар “марокизи вежае анҷом мешавад, ки Омрико дар Сурия ва Ироқ эҷод кардааст ва фаронсавиҳо, исроилиҳо ва англисиҳо ба сурати муназзам ба муҷримони ДОЪИШ сар мезананд.”

Дар поёни ин гузориш омадааст, ки “ин марокиз таҳти назорати шадиди нерӯҳои омрикоӣ қарор дорад ва дар хилоли бозҷӯӣ, ба ғайринизомиён иҷоза дода намешавад, ки вориди он шаванд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: