Перейти к содержимому

Истиқрори ҷосусони ҳирфаӣ дар Тоҷикистон дар пӯшиши фаъолиятҳои пизишкӣ

Пизишконе, ки дар пӯшиши дармони беморони тоҷик дар шаҳри Душанбе мустақар шудаанд, афсарони иттилоотии Исроил будаанд.

Акс аз пойгоҳи инернетии Радиои Озодӣ

Ба гузориши хабаргузории Ориёнюз (Афғонистон), гурӯҳи пизишкони исроилӣ, ки дар пӯшиши дармони беморон дар шаҳри Душанбе мустақар шудаанд, афсарони иттилоотии Исроил будаанд.

Бар пояи ин гузориш, Роман Барак, ки сарпарастии ин гурӯҳи 10 нафараи зоҳиран пизишкиро бар ӯҳда дорад, дар нишасте бо чанд тан аз сармоягузорони яҳудӣ дар Тоҷикистон, аз барномаи дарозмуддати Исроил барои истиқрор дар Тоҷикистон хабар дод ва аз яҳудиёни ёдшуда хост, то ҳадафашон сирфан пул ба даст овардан набошад, балки мутаносиб бо шароити ҷадиди Тоҷикистон, аз каф то сақфи он ҷомеа маълумот ҷамъоварӣ намоянд ва заминаҳои мухталифи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, эътиқодӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мардумро мавриди мутолеаи амиқ қарор диҳанд ва ёфтаҳои худро барои барномарезиҳои истротежик ва дарозмуддат, ба ӯ ироа намоянд.

* * *

Тоҷикистон пойгоҳе барои густариши фаъолиятҳои Исроил

Бар пояи гузориши Ориёнюз, Роман Барак афзудааст, вақте мегӯем, ки мехоҳем аз Тоҷикистон ба ҳайси пойгоҳе барои густариши фаъолиятҳоямон дар минтақа истифода кунем, ин яъне ба заминаҳои санъатӣ ва зироати Тоҷикистон, ки ҳар сармоягузори тозавориде ба сӯи он ҷазб мешавад, басанда накунем, балки масалан вақте ки аз даричаи пизишкӣ вориди Тоҷикистон шавем, ҳам пул дармеоварем, ҳам бо ҳамаи ақшори ин ҷомеа иртиботи отифӣ ва мустақим барқарор мекунем ва ҳам бо гирифтани намунаи DNA аз муроҷеон, метавонем ҳатто рӯи тағйироти ҷамъиятӣ ва женетикии наслҳои ояндаи Тоҷикистон таъсир бигузорем.

Гузориш меафзояд, сарпарасти гурӯҳи ба истилоҳ пизишкии мустақар дар бемористони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, ба сармоягузорони яҳудии ёдшуда таъкид кардааст, ки ҳукуматҳое, ки қадри фурсатҳоро надонистаанд, зиёндидагони таърих буда ва хоҳанд буд. Акнун беҳтарин шароит барои мо дар Тоҷикистон фароҳам шудааст. Касе ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳур аст, ки бемуҳобо ба ҷанги исломгароён рафт, робитааш бо Эронро ба ҳаддиақал расонд, бо Исроил иртиботи бисёр гарм барқарор кард ва ба мо барои ҳар навъ фаъолияте майдон дод.

* * *

Ришваҳои садҳо ҳазор дулорӣ ба аъзои хонаводаи Раҳмон

Роман Барак, сардухтури Маркази тиббии Хореви Исроил. Акс аз пойгоҳи инернетии Радиои Озодӣ

Ориёнюз дар идомаи гузориши худ меафзояд, Роман Барак дар идома афзуд, аз тарафи дигар ба хотири ҳирси Раҳмон ва хонаводааш ба зарандӯзӣ, мумкин аст бо мушкилоти дохилӣ мувоҷеҳ шавад ва умри риёсати ҷумҳуриаш хеле тӯлонӣ набошад. Системи ӯ низ мисли худаш амал мекунад. Масалан, мо барои сохтани як маркази пизишкии мудерн дар Тоҷикистон, то инҷо маҷбур шудаем садҳо ҳазор дулор ба чандин мақоми тоҷик ва ба аъзои хонаводаи худи Раҳмон ришва бидиҳем. Бинобар ин, аз фурсати мавҷуд бояд ниҳояти истифодаро бо суръату фаврият ба амал овард ва барои истиқрори доимии Исроил, барномарезии ҳушмандона ва иқдомоти сареъ анҷом дод.

Роман Барак гурӯҳи пизишкии ҳамроҳи худро таҳти назари Маркази тиббии Хорев муаррифӣ карда, ки дар 60 шаҳри ҷаҳон намояндагӣ дорад ва маркази минтақаии он дар Тошканд (Ӯзбекистон) қарор дорад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, дар таърихи 9 ноябри соли 2018, пойгоҳи Радиои Озодӣ низ дар гузорише оварда буд, ки “ҳайати даҳнафарии пизишкони саршиноси Исроил тӯли як ҳафта дар Душанбе қарор дошта, дар бемористони “Истиқлол” ҳудуди 200 нафар маризонро қабул ва муолиҷа кардаанд. Роман Барак, сардухтури Маркази тиббии Хореви Исроил 8-уми ноябр дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин марказ дар 60 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад ва ҳамакнун тасмим гирифтааст чунин намояндагиро дар шаҳри Душанбе низ ифтитоҳ кунад.”

Радиои Озодӣ дар ин гузориши худ ҳамчунин навишта буд, “ба эътиқоди ин пизишки исроилӣ (Роман Барак), мушоҳидаҳои онҳо собит кардааст, ки дар Тоҷикистон теъдоди табибони соҳибтаҷриба андак нест, вале барои кор дар ин марказ онҳоро зарур аст, ки ба Исроил сафар кунанд ва бо давраҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд.”

Ҳамчунин Радиои Озодӣ дар гузориши худ оварда, ки Роман Барак гуфтааст, “ҳадафи ифтитоҳи намояндагӣ дар Душанбе тиҷоратӣ нест, зеро дар худи Исроил ин пизишкон ҳар моҳ садҳо ҳазор доллар фоида ба даст меоваранд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: