Перейти к содержимому

Мақсади баъдии ДОЪИШ ва нақши омрикоиҳо

ДОЪИШ ба зудӣ дар Сурия тамом хоҳад шуд, аммо суоле, ки зеҳни таҳлилгарон ва нозирони умури гурӯҳҳои теруристиро ба худ машғул кардааст, мақсади баъдии такфириҳо ва нақше аст, ки Омрико дар ин замина ифо хоҳад кард.

Дар бораи робитаи Омрико бо ДОЪИШ бисёр сухан гуфта шудааст; аз тасреҳи Ҳилари Клинтун, вазири хориҷаи асбақи Омрико мабнӣ бар ин ки Омрико дар таъсиси ДОЪИШ даст дошта то мавозеъи бархе манобеи ироқӣ мабнӣ бар кӯмакҳои Вошингтун ба такфириҳо замоне, ки дар минтақае гирифтор мешуданд ва то боздошти Абӯбакр Албағдодӣ — саркардаи ДОЪИШ аз сӯи низомиёни омрикоӣ дар Ироқ ва интиқоли ӯ ба пойгоҳе дар Сурия.

Ин мавзӯъ замоне қобили таъаммултар ба назар мерасад, ки робитаи ДОЪИШ ва Омрикоро мурур кунем ва изҳороти Мойкл Флин (Michael Flynn), раиси собиқи Ожонси иттилооти дифоии Омрикоро ёдоварӣ кунем, ки вай эълом карда буд: “Ҷунбишҳои такфирӣ зоидаи сиёсатҳои мубтанӣ бар ҷаҳл ва бетаҷрибагӣ нест, балки нашъатгирифта аз тасмимоте буд, ки бо огоҳӣ ва азму ирода ва ба таври қотеъ тавассути Вошингтун иттихоз шуд. Омрико дар соли 2012 ба интиқоли силоҳ ва расондани он ба гурӯҳҳои такфирии ифротӣ ва Алқоъида дар Ироқ кӯмак мекард.”

Дар шароите, ки ҷанг бо ДОЪИШ дар охирин минтақаи таҳти контроли онҳо дар шарқи Сурия ба поёни худ наздик мешавад, ҳушдорҳо дар бораи интиқоли доъишиҳо ба вежа саркардаҳои онҳо ба манотиқи бӯҳронзадаи дигар дар минтақа ва дунё, афзоиш пайдо кардааст.

Умар Маърабунӣ, низомии бознишастаи лубнонӣ, дар гуфтугӯе бо Спутник, дар бораи иқдоми хатарноки интиқоли саркардаҳо ва аъзои ДОЪИШ аз Сурия пас аз поёни кори теруристҳои ДОЪИШ дар Албоғуз (дар Дейруззур) ҳушдор дод.

Вай афзуд: “Таҳаррукоти омрикоиҳо имрӯзҳо машкук аст; онҳо аъзои ДОЪИШ-ро барои истифода ба маконҳои дигар мунтақил мекунанд. Асноди бисёре вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, ки аъзо ва саркардаҳои ДОЪИШ аз тариқи болгард ва дигар васоил мунтақил шудаанд. ДОЪИШ аз назари амалиётӣ ба зудӣ тамом мешавад ва манотиқи бӯҳронзадаи бисёре дар дунё ҳаст, ки имкони интиқоли саркардаҳо ва аъзои ин гурӯҳ ба ин манотиқ вуҷуд дорад, ба вежа, ки омрикоиҳо аҳдофе чӣ дар Ироқ ва Сурия ва чӣ дар дигар минтақа ва дунё доранд, ки ба дунболи таҳаққуқ ёфтани он бо ин доъишиҳо ҳастанд. Афғонистон, шибҳиҷазираи Синои Миср ва кишварҳои офриқоӣ ҳамонанди Алҷазоир ва Ниҷерия, аз манотиқи эҳтимолӣ ҳастанд, ки доъишиҳо ба онҳо мунтақил шаванд.”

Вай дар бораи хуруҷи Омрико аз Сурия низ он гуна, ки Дунолд Тромп — раисиҷумҳури Омрико эълом кардааст, баён кард: “Аз лаҳзаи аввал ман қонеъ нашудаам, ки Тромп ин тасмимро иҷроӣ кунад ва иллати қонеъ нашудани ман аз як мавзӯи асосӣ нашъат мегирад, зеро Омрико ҳанӯз аҳдофе дар Сурия дорад, ки метавонад бо он чи нерӯҳои Сурияи демукротик (курдҳо) номида мешаванд, муҳаққақ кунад ва дар ростои талошҳои таҷзияталабона аз тариқи “Қасад” ҳаракат кунад ва ин эҳтимол вуҷуд дорад.”

Маърабунӣ афзуд: “Вуҷуди 400 низомии омрикоӣ, сарпӯши сиёсӣ барои муддате начандон кӯтоҳ, барои курдҳои ҷудоиталаб эҷод хоҳад кард.”

Вай гуфт: “Тарҳи Омрико дар минтақа ва ба вежа дар Сурия ба поёни нохуше барои Омрико ва муттаҳидонаш расидааст, аммо ҳанӯз Омрико имконот ва васоиле дорад, ки метавонад саҳнаро тағйир диҳад. Омрико ҳамакнун ба абзорҳои таҳримҳои иқтисодӣ барои фишор бар давлати Сурия барои таҳаққуқи аҳдофаш, ки бо иқдомоти низомӣ ва теруристҳо аз касби он оҷиз буда, рӯй овардааст.”

Бар касе пӯшида нест, ки ҳадаф аз шаклгирии ДОЪИШ, эҷоди ошӯб ва балво ва барҳам задани амният ва субот дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ аст. Яке аз асноди мунташиршуда тавассути Ожонси иттилооти дифоии Омрико нишон медиҳад, ки ташкили ДОЪИШ дар Сурия ба сиёсати онҳо дар ин минтақа кӯмак мекунад.

Дар ҳамин росто, яке аз асноди Пентогун собит мекунад, ки эътилофи шаклгирифта ба раҳбарии Омрико, қаблан аз пайдоиши як аморати салафии тундрав дар минтақа ба унвони абзоре барои дарҳам шикастани қудрати Башшор Асад ва пешгирӣ аз нуфузи роҳбурдии Эрон истиқбол карда буд.

Ба ҳар ҳол, Омрико барои пешбурди аҳдоф ва дар ростои ҳифзи манофеъи худ ва ҳимоят аз Телавив ва зарба задан ба мухолифони сиёсатҳои худ, аз ҳеч иқдоме — аъам аз ҷангафрӯзӣ то вайрон кардани шаҳрҳо ва куштори ғайринизомиён — дареғ накарда ва намекунад, ва шароити Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман ва бисёре манотиқи дигар, гувоҳи ин муддаост.

* * *

Аҳдофи омрикоиҳо аз интиқоли теруристҳо

Муҳаммад Моҳир, намояндаи порлумони Сурия, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Меҳр эълом кард: “Ҳузури нерӯҳои омрикоӣ дар Сурия ғайриқонунӣ ва номашрӯъ аст ва бидуни мувофиқати давлати Сурия анҷом шудааст, ва ин, бар хилофи қавонини байналмилалии мубтанӣ бар эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид аст. Аз ҳамин манзар, Русия борҳо аз Вошингтун хостааст, ки нерӯҳои худро аз сарзаминҳои Сурия хориҷ кунад ба вежа ин ки нерӯҳои омрикоӣ аз гурӯҳҳои теруристӣ ба вежа ДОЪИШ дар Сурия ҳимоят мекунанд. Ҳадафи Омрико аз ҳимоят аз теруристҳо ва интиқоли онҳо ба манотиқи амн, нобудии минтақа ва густариши теруризм ва ифротгароӣ дар ростои хидмат ба тавтиъаи саҳюнистӣ-омрикоӣ дар минтақа аст.”

Пурвозеҳ аст, ки Омрико аз тариқи тарҳҳои худ ба дунболи ин аст, ки бесуботӣ дар минтақа идома дошта бошад ва ин пас аз талошҳои артиши Сурия ва муттаҳидонаш дар ҷанг алайҳи теруристҳост. Тарҳ ва сиёсати Омрико дар манотиқи мухталифи дунё баҳрабардорӣ аз теруризм аст ва бар асоси манофеъи худ ба теруристҳо нақш медиҳад, то кишварҳо ва миллатҳоеро, ки зери бори сиёсатҳои омрикоиҳо намераванд таҳти фишор қарор диҳад. Омрико аз гурӯҳҳои мухталиф — аъам аз Ҷабҳатуннусра ва ДОЪИШ — барои расидан ба аҳдофи худ баҳрабардорӣ мекунад.

Дар поён метавон гуфт, ки бар аҳаде пӯшида нест, ки Вошингтун ва муздуронаш ба вуҷудоварандаи теруристҳо ҳастанд ва дар шароите, ки муддаии мубориза бо теруризм ҳастанд, аз теруристҳо барои расидан ба аҳдофи худ баҳрабардорӣ мекунанд ва эътилофи мавсум ба зидди ДОЪИШ ва амалкарди он гувоҳи он аст.

Mehrnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: