Перейти к содержимому

Оғози кори сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон бо паёми беҳбуди равобит

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дирӯз (чаҳоршанбе, 13.03.2019) бо паёми беҳбуди равобит кори худро дар кишвар оғоз кард.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Собирӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори ин хабаргузорӣ, муҳимтарин ҳадафи худ аз маъмурияташро “беҳбуд ва тақвияти равобити ду кишвари форсизабон” унвон кард.

Вай афзуд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки иқдом ба таъсиси сафоратхона дар Душанбе намуд ва ҳамчунин аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли кишвари Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва иштирокот ва пайвандҳои амиқ ва деринаи тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ эҷоб мекунад равобит бо Тоҷикистонро дар ҳамаи заминаҳо тавсиъа диҳем.”

Ба гузориши Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, Муҳаммадтақӣ Собирӣ қарор аст имрӯз (панҷшанбе, 14.03.2019) бо Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот ва устуворномаи худро таслими вай кунад.

Собирӣ рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта ҳам тайи маросиме расмӣ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, устуворномаи худро тақдим ва ба унвони сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин кишвар расман оғоз ба фаъолият хоҳад кард.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ҷойгузини Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ шудааст.

* * *

Лозим ба ёдоварӣ аст, Муҳаммадтақӣ Собирӣ пеш аз ин, мудири кулли ташкилот ва будҷаи Вазорати умури хориҷаи Эрон буд ва моҳи марти соли 2018 дар пайи тағйири сохтори Вазорати хориҷаи ин кишвар ба ҷойи Маҳдии Дониши Яздӣ, ки бознишаста шуд, ба унвони муовини умури идорӣ ва молии Вазорати хориҷаи Эрон мансуб шуд.

Собирӣ ҳамчунин пеш аз ин мудири кулли дафтари барномарезӣ ва таъмини манобеъи созмони навсозӣ, тавсиъа ва таҷҳизи мадориси Эрон будааст.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ низ 10 ноябри соли 2014 ба унвони сафири Эрон дар Тоҷикистон мансуб шуд ва аз он замон то кунун ӯҳдадори ин симат буд.

Пеш аз Фағонӣ, Алиасғари Шеърдӯст ӯҳдадори ин симат буд ва бо бозгашти Шеърдӯст чандин моҳ Сайидмаҳмуд Садрӣ ба унвони сарпарасти сафорат ӯҳдадори масъулиятҳо буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: