Перейти к содержимому

Сад офарин бар мардуми шарифи Тоҷикистон!

Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ

Сад офарин бар мардуми шарифи Тоҷикистон, ки тамоми вазифаҳо ва масъулиятҳои як ҳукумат ва давлатро худашон анҷом медиҳанд, ба ин тартиб:

— таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кору шуғл, ки масъулияти ҳар давлате аст, аммо дар кишвари мо, мардум худашон ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд хусусан ба Русия ва кор пайдо мекунанд;

— бо пайдо кардани кору шуғл дар Русия, на танҳо шиками худ ва хонаводаашонро сер мекунанд, балки шиками мақомот ва давлатмардони шикамгундаи худро низ сер мекунанд, зеро будҷаи Тоҷикистон бештар аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ таъмин мешавад;

— зерсохтҳои муҳимми кишварро ин мардум бештар бо пули худашон месозанд, мисли роҳандозии нерӯгоҳи Роғун, ки бо пули саҳмияҳои харидоришуда аз сӯи шаҳрвандон сохта шуд; дар ҳоле, ки ин вазифаи ҳар давлате аст;

— агар дар Русия мушкиле барои муҳоҷирони корӣ ва куллан тоҷикҳои сокин дар ин кишвар пайдо шавад, дар ҳоле, ки вазифаи ҳар давлат аст, ки аз шаҳвардони худ дар хориҷ аз кишвар ҳимоят ба амал оварад ва аз ҳуқуқи онҳо дифоъ намояд, аммо тоҷикҳо аз ин қоъида мустасно ҳастанд; зеро худашон бояд аз худ ҳимоят кунанд ва ҳеч таваққӯе ҳам аз ҳукуматашон надоранд. Дар Русия ин вазифаҳоро ё Каримҷон Ёров анҷом медиҳад, ё Иззат Амон ва ё Кароматулло Шарипов дар гузашта ва ғайра. Ҳукумат фақат тамошобин аст;

— посдорӣ аз хоку марзу бум, ки вазифаи ҳар давлате аст ва асосан ҳадаф аз таъсиси артишу нерӯҳои низомӣ дар ҳар кишваре ҷуз он нест, аммо дар кишвари мо ҳамин масъулияти хатирро низ худи мардум ба ӯҳда гирифтаанд ва ҳукумат фақат тамошобин аст. Чӣ гуна?

Дар моҷарои ахир дар Ворух, тибқи он чи дар расонаҳо омада, “сокинони деҳаи Тоҷикон дар ҷамоати Ворухи Исфара алайҳи идомаи сохтмони роҳи Қирғизистон дар нуқтаи баҳсии марзи ду кишвар эътироз карданд ва талаб карданд, ки то замони муайян шудани хатти сарҳад, бунёди роҳ аз тарафи Қирғизистон боздошта шавад...

Яъне, агар мардум эътироз намекарданд, зоҳиран Қирғизистон бо хотири ҷамъ, ба сохтани ин роҳ идома медод ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам тамошобин, вале мардум садди роҳи ин кор шуданд. Ва ба сухани дигар, мардум худашон барои посдорӣ аз марзу буми сарзамини азизашон камар бастанд, ва барои он ҷон ҳам доданд. Тибқи гузориши расонаҳо то кунун ду нафар аз шаҳрвандони азизамон дар ин ҳодиса кушта шуданд ва ҳудуди 20 нафар захмӣ.

* * *

Хуб, бо ин ҳисоб, ин ҳукумат ва мақомот асосан чӣ кора ҳастанд?! На мардуми худро бо кор таъмин кунанд ва балки аз ҳисоби онҳо шиками худро сер кунанд, ва на ба доди мардуми худ дар Русия бирасанд вақте мушкилоте барояшон эҷод шавад ва на ба посдорӣ аз марзу буми кишвар бархезанд, балки ҳамин вазифаро низ мардум худашон анҷом диҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон! Шумо чӣ кора ҳастед?! Ба ин тартибе, ки арз шуд, зоҳиран набудани шумо аз буданатон беҳтар аст; зеро мардум, ки худашон ҳамаи корҳои ҳукуматро анҷом медиҳанд. Агар набудед, лоақал хубиаш дар ин аст, ки чандто нонхӯри изофӣ аз сари роҳи мардум бардошта мешавад.

Оё бароятон беҳтар нест, ки ҷамъ кунед ва гуму гӯр шавед?!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: