Перейти к содержимому

Вокуниши Ардуғон ба изҳороти омили ҳамлаи теруристӣ дар Нюзеланд

Раисиҷумҳури Туркия зимни вокуниш ба изҳороти омили ҳамлаи теруристӣ ба ду масҷиди мусалмонон дар шаҳри Кройстчерчи Нюзеланд, ин ҳамлаи теруристиро шадидан маҳкум кард ва хостори поён додан ба исломситезӣ дар ғарб шуд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи ҷумъа ҳамлаи теруристӣ ба намозгузорон дар Нюзеландро ба шиддат маҳкум кард ва гуфт, ки омили ҳамлаи теруруистӣ баёнияе мунташир ва дар он ҳамаи мусалмонҳо, Туркия ва шахси ӯро таҳдид кардааст.

Брентун Торонт (Brenton Tarrant), омили ҳамлаи ваҳшиёна ба масҷиди Аннури шаҳри Кройстчерч, пеш аз анҷоми ин ҳамла, баёнияи муфассале мунташир карда ва дар он алайҳи ислом ва мусалмонон матолиберо баён кардааст.

Вай дар баёнияи 73-сафҳаии худ, ба Ардуғон ва Туркия дар хусуси он чи ки онро “искони мусалмонон дар сарзаминҳои Урупо” мехонад, ҳушдор дода ва гуфтааст: “Шумо метавонед дар сарзаминҳои худ воқеъ дар шарқ (тангаи) Бусфур бо оромиш зиндагӣ кунед, вале агар хостед дар хоки Урупо ва ё ҳар макони воқеъ дар ғарби Бусфур зиндагӣ кунед, мо шуморо хоҳем кушт ва шумо сускҳоро (тараканҳоро) аз сарзаминамон ихроҷ хоҳем кард.

Раисиҷумҳури Туркия дар вокуниш ба ин изҳороти Торонт таъкид кард, ки мо мухолифи куштани ҳар шахси бегуноҳ, фориғ аз ҳар гуна нажод, мазҳаб ё ҳар машрабе, ки дорад, ҳастем.

Ин терурист ҳамчунин хостори қатли Онгело Меркел, садриаъзами Олмон ва Содиқхон, шаҳрдори мусалмони шаҳри Ландан шудааст.

Ардуғон ҳамчунин ба изҳороти ахири писари нахуствазири режими ишғолгари саҳюнистӣ низ ишора кард ва гуфт: “Нахуствазире вуҷуд дорад, ки ба иттиҳоми фасод дар Исроил муҳокима мешавад. Писари ӯ твитт карда ва муддаӣ шудааст, ки Истамбул шаҳри масеҳӣ ва пойтахт (-и имперотурии) Бизонс (Руми шарқи) аст. Эй беахлоқ! Ин шумо нестед, ки ҳамаи хоки Фаластинро ишғол кардаед?!

Гуфтанист, Йоъир Натонёҳу (писари Бенёмин Натанёҳу) пештар низ дар ҳисоби твиттери худ танҳо роҳи бозгашти оромиш ба сарзаминҳои ишғолии Фаластинро ихроҷи ҳамаи мусалмонон аз ин сарзаминҳо дониста буд.

Туркия эълом кардааст, ки се тан аз шаҳрвандони ин кишвар дар ҳамлаи теруристии имрӯзи Кройстчерч ба шаҳодат расидаанд. Дар ҷараёни ҳамлаи имрӯз ба ду масҷид дар ин шаҳри Нюзеланд ба ҳангоми адои фариза намози ҷумъа, 50 нафар шаҳид шуда ва 30 тани дигар захмӣ шудаанд.

Кишварҳои бисёре дар ҷаҳони ислом ва Урупо ва ҳамчунин Омрико ин ҳамларо маҳкум кардаанд. Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ки риёсати он бар ӯҳдаи Туркия аст, ин ҳодисаро шадидан маҳкум карда ва аз мақомҳои Нюзеланд хоста ҳарчи сареътар дар мавриди ин ҳамла таҳқиқ карда ва аз ақаллияти мусалмони муқими ин кишвар ҳимоят кунанд.

Поп Фронсис, раҳбари котуликҳои ҷаҳон низ ин ҳамлаи теруристиро маҳкум ва бо мусалмонон ва хонаводаҳои қурбониён ибрози ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ кардааст.

Онтуниу Гутриш, дабири кулли Созмони Милал низ дар баёнияе, ин ҳамла теруристиро маҳкум кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: