Перейти к содержимому

Дар пайи ҳамлаи теруристии Нюзеланд, Эрон ва Туркия хостори нишасти фаврии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ шуданд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои туркияии худ, хостори баргузории нишасти фаврии сарон ё вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар хусуси ҳамлаи теруристии Нюзеланд шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи ҷумъа дар тамоси телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Туркия ба унвони раиси давраии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи теруристӣ ва куштори мусалмонон дар Нюзеланд, хостори вокуниши муносиби кишварҳои исломӣ нисбат ба ин ҷинояти ҳавлнок шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон, бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеаи теруристӣ, пешниҳод кард Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ нишасти фаврӣ ва изтирорӣ дар сатҳм сарон ё вазирони умурм хориҷа баргузор кунад.

Дар ҳамин росто, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон иқдоми теруристӣ дар Нюзеландро шадидан маҳкум ва онро ваҳшиёна хонд ва хостори шиносоӣ ва бархӯрди давлати Нюзеланд бо омилони ин иқдом шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, ҳамла ба ду масҷиди мусалмонон дар шаҳри Кройстчерч дар Нюзеландро, ки мунҷар ба шаҳодат ва маҷрӯҳияти теъдоди зиёде аз мусалмонон аз миллиятҳои мухталиф шуд, ба шиддат маҳкум кард ва онро иқдоме ғайриинсонӣ ва комилан ваҳшиёна хонд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз давлати Нюзеланд хост, бо шиносоии сареътари омилини ин иқдоми нажодпарастона, бо иҷрои адолат ва фориғ аз ҳар гуна мулоҳизае, бо онон бархӯрд кунад.

Қосимӣ таъкид кард: “Ҳар иқдоми теруристӣ дар ҳар ҷо ва тавассути ҳар кас ва ба ҳар баҳона ва ангезае сурат бигирад, бояд аз сӯи тамоми кишварҳо маҳкум шавад ва давлатҳо иҷоза надиҳанд ҷараёнҳо ва афкори нажодпарастона ва исломситезона амнияту оромишми шаҳрвандони кишварҳоро ба хатар биандозанд.”

Лозим ба ёдоварӣ аст, дар пайи ҳамлаи теруристҳои мусаллаҳ ба намозгузорони ҷумъа дар ду масҷид дар Нюзеланд, ҳаддиақал 50 нафар шаҳид ва 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: