Перейти к содержимому

Одамҳо дар лаҳзаи марги худ чӣ чизҳое мегӯянд?

Ба қалами Мойкл Эрорд (Michael Erard) дар нашрияи Atlantic

Мойкл Эрорд (Michael Erard), забоншинос ва нависандаи омрикоӣ

Морт Феликс (Mort Felix) дӯст дошт бигӯяд маънои исмаш дар забони лотин “марги хуш” аст. Вақте таб (грипп) гирифт, ба шӯхӣ ба ҳамсараш, Сузон, мегуфт, ки дӯст дорад дар бистари маргаш “Суруди шодӣ”-и Бетҳувен навохта шавад. Аммо ҳангоме, ки поёни зиндагиаш дар синни 77-солагӣ фаро расид, дар утоқи мутолеаи манзилаш дар Беркли дароз кашида буд, саратон баданашро дарнавардида буд ва морфин ҳушёриашро таҳти таъсир қарор дода буд. В-онгаҳе, аз он ҷое, ки қувваҳояш тайи се ҳафта дар соли 2012 рафта буд, на алоқае ба мусиқӣ дошт ва на майле ба ғизо; ба ҳамсараш гуфт: “Бас аст! Мамнунам, дӯстат дорам ва бас аст!” Субҳи рӯзи баъд, ки Сузон аз пиллаҳо поин омад, дид Феликс мурдааст.

Феликс дар он се ҳафта сӯҳбат карда буд. Ӯ як равоншинос буд ва дар сар то сари умраш шеър ҳам мегуфт ва агарчи суханони поёнии умраш он қадрҳо маъное надоштанд, аммо ба назар мерасид баромада аз таваҷҷӯҳаш ба забон бошанд. Ҷое гуфта буд: “Бисёр чизҳо, дар андӯҳ аст”, ва дар ҷое дигар: “Маро аз инҷо поин биёваред”, “Мақомамро аз даст додаам”. Аҷибтар аз ҳама барои аъзои хонаводааш ин буд, ки як худонобовари модомулумр хаёл мекард фариштагонро мебинад ва бо вуҷуди ин ки касе дар утоқ набуд, аммо шикоят мекард, ки утоқ шулуғ аст.

Лиза Смарт, духтари 53-солаи Феликс, дар он рӯзҳои поёнӣ канори тахти падар нишаста буд ва гуфтаҳояшро ёддошт мекард. Смарт дар соли 1980 аз Донишгоҳи Беркли мадраки забоншиносӣ гирифт ва ба кори омӯзиши хондану навиштан ба бузургсолон машғул шуд. Ӯ мегӯяд, навиштани ҳарфҳои бе сару таҳи Феликс барояш саргармие буд барои канор омадан бо он шароити душвор. Смарт бо худаш фикр мекард, ки мумкин аст ёддоштҳояш арзише илмӣ дошта бошанд, ва дар ниҳоят дар соли 2017, китобе ба номи “Вожагон дар остона (-и марг)” (Words on the Threshold) мунташир кард; китобе дар бораи ду ҳазор гуфта аз 181 фарди дар ҳоли марг, ва аз ҷумла падари худаш.

Ин китоб, алорағми маҳдудиятҳое, ки дорад, мунҳасир ба фард аст. Танҳо китоби мунташиршудае аст, ки ман, дар ҷустуҷӯ барои ирзои ҳисси кунҷковиям дар бораи чигунагии сӯҳбат кардани одамҳои дар ҳоли мурдан, ёфтам. Беҳтар аз маҷмӯаҳои “Охирин калимот (-и мурдагон)”, ки бо вуҷуди ин ки фасеҳу шево ҳастанд, аммо наметавонанд, ба маънои дақиқи калима, тавоноиҳои забоншинохтии одамони дар ҳоли маргро нишон диҳанд. Маълум шуд афроди ангуштшуморе ба баррасии ин воқеият пардохтаанд, ва барои ёфтани як намунаи дуруст дар ин замина, бояд ба соли 1921 ба корҳои Ортур Мокдунолд (Arthur MacDonald), инсоншиноси омрикоӣ, бозгашт.

Мокдунолд, барои арзёбии “шароити зеҳнии афрод пеш аз лаҳзаи марг”, ба инсоншиносии вопасин калимот рӯй овард; танҳо кори забоншинохтие, ки он замон дар дастрас буд. Ӯ афродро ба даҳ дастаи шуғлӣ (сиёсатмадор, файласуф, шоир ва ғайра…) тақсим, ва калимоти вопасини онҳоро дар дастаҳое монанди киноӣ, фукоҳӣ, ва ҳокӣ аз хушнудӣ, тақсим кард. Мокдунолд мутаваҷҷеҳ шуд, ки афроди низомӣ масалан бештар “дастурот ё тазаккурҳое” медодаанд, дар ҳоле, ки файласуфон (ки дарбаргирандаи риёзидонон ва мураббиён ҳам мешуд) бештар “пурсишҳо, посухҳо ва иборатҳои таъаҷҷубӣ”-ро ба забон ҷорӣ мекарданд. Мазҳабиҳо ва аъзои хонадонҳои салтанатӣ бештар вожагоне барои ибрози хушнудӣ ё нохушнудӣ ба кор мебурданд, дар ҳоле, ки истифода аз калимот, дар миёни ҳунармандон ва донишмандон аз бақия камтар буд.

Корл Гутке (Karl Guthke), андешаманди олмонӣ, дар китоби “Вопасин калимот” менависад: корҳои Мокдунолд “зоҳиран танҳо талош барои арзёбии вопасин калимот аз назари каммият аст, ва аз ин раҳгузар, ба натоиҷи камназире расидааст”. Кори Мокдунолд дар асл нишон медиҳад, ки мо ниёзманди додаҳои беҳтару бештар дар бораи тавоноиҳои каломӣ ва ғайрикаломӣ дар поёни зиндагии одамҳо ҳастем. Нуктае, ки Гутке мураттаб такрор мекунад ин аст, ки маҷмӯаҳои вопасин калимот, ки аз қарни 17 ба баъд дар забон‎ҳои гуногун мунташир шудаанд, беш аз он ки “воқеиятҳои таърихии мустанад” бошанд, маҳсули шефтагиҳо ва нигарониҳое будаанд, ки дар ҳар давроне перомуни мафҳуми марг вуҷуд доштааст. Чунин маҷмӯаҳое чизи зиёде дар бораи тавоноии воқеии як фарди дар ҳоли марг ба мо намегӯянд.

Аммо бархе ёфтаҳои муосир дар ин замина, амиқтаранд, ва ба ҷуз калимот, бар эҳсосоти фарди дар ҳоли марг низ тамаркуз кардаанд. Ҳадафи китобҳое монанди “Охирин ҳадяҳо” (Final Gifts), ки ду парастори осоишгоҳ ба номҳои Маги Колонон (Maggie Callanan) ва Потришиё Кели (Patricia Kelley) дар соли 1992 мунташираш карданд, ва китоби “Гуфтугӯҳои вопасин” (Final Conversations), ки дар соли 2007 ба дасти Морин Кили (Maureen Keeley), донишанд аз иёлати Тегзос ва Ҷули Инлинг (Julie Yingling), устоди бознишастаи Донишгоҳи иёлати Ҳумболт мунташир шуд, ёфтани ҳолатҳо ва гуфтугӯҳои муҳимтар ва маънодортар аз афроди дар ҳоли марг аст. Тамаркузи қарнҳои гузашта бар вопасин калимот, ҷойи худро ба таваҷҷӯҳи муосир ба вопасин гуфтугӯҳо ва ҳатто таъомулоти ғайрикаломӣ додааст. Маги Колонон ва Кели менависанд: “Ҳар қадр фард заъифтару хоболудатар шавад, иртиботаш бо дигарон номаҳсустар мегардад. Ҳатто замоне, ки афрод заъифтар аз он бошанд, ки битавонанд сӯҳбат кунанд ё ҳушёриашонро аз даст додаанд, боз ҳам метавонанд бишнаванд, шунавоӣ охирин ҳиссе аст, ки аз кор меафтад.”

Каме пас аз марги Ҷорҷ Буши падар, ки охирин калимоташ (мудом ба писараш, Ҷорҷ Буши писар, мегуфт: ”Ман ҳам дӯстат дорам”) ба шакле густурда дар расонаҳо пахш шуд, бо Морин Кили сӯҳбат кардам. Ӯ гуфт, ин калимот мебояд дар заминаи як гуфтугӯ дида шаванд ва ба ҳамин тартиб тамоми он гуфтугӯҳои қаблӣ бо аъзои хонавода, ки дар ниҳоят ба онҷо хатм шуда буд (нахуст писараш ба ӯ гуфта буд, “дӯстат дорам”).

Кили мегӯяд, дар поёни зиндагӣ, бештари таъомулот (ва иртиботи фарди дар ҳоли марг бо атрофиён) ғайрикаломӣ хоҳанд буд, чаро ки ҳамзамон бо рӯ ба уфул ниҳодани бадан, фард қувваҳои ҷисмониашро барои гуфторҳои тӯлонӣ аз даст медиҳад. Ӯ мегӯяд: “Афрод наҷво мекунанд, бурида-бурида ҳарф мезананд, ва ин тамоми он чизе аст, ки дар тавон доранд.” Доруҳо, даҳони хушкшуда ва дандони маснуъӣ иртибот барқарор карданро маҳдуд месозанд. Ӯ ҳамчунин ишора мекунад, ки аъзои хонавода аз вазъияти нимаҳушёри бемор истифода мекунанд, то ҳарфҳои худро бизананд.

Бисёре аз афрод, ба вежа агар мубтало ба олзоймер ё заволи ақл – ки ҳатто тавонии ҳарф заданро аз онҳо гирифта — бошанд, дар як сукут мемиранд. Ба назар мерасад шуморе аз онҳо ҳам, ки сухан мегӯянд низ аз забоне пешипоуфтода истифода мекунанд. Аз дуктуре шунидам, ки мегӯяд, баъзе ағлаб мегӯянд “Лаънатӣ, лаънатӣ”. Маъмулан исми зан, шавҳар, ё фарзандонашонро ба забон меоваранд. Ҳойу Шумохер (Hajo Schumacher) дар мақолае дар шумораи сентябри муҷаллаи Der Spiegel менависад: “Як парастори осоишгоҳ ба ман гуфт, вопасин калимоти афроди дар ҳоли марг, ағлаб шабеҳи якдигар аст; тақрибан ҳама бо охирин нафасашон мегӯянд: “Модар, модар!

Бо ин ҳол ҳанӯз таъомулот ҳастанд, ки маро дилбастаи худ мекунанд. Яке аз дӯстони забоншиноси ман, замони марги модарбузургаш, канори ӯ нишаст ва номашро ба забон овард. Модарбузург чашмҳояшро гушуд, нигоҳе ба ӯ андохт ва аз дунё рафт. Он чи дар ин тавсифи содда аз қалам афтода ин аст, ки вақте дӯстам дошт ин саҳнаро таъриф мекард, лаҳзае диранг кард ва мардумакҳои чашмонаш ба ларза афтод.

Дар адабиёти илмӣ, тавзеҳе дар бораи усули вопасин вожагон ё вопасин таъомулот, ба чашм намехӯрад. Бештарин ҷузъиёти забоншинохтӣ марбут ба равоношуфтагӣ (delirium) аст, ки шомили аз даст додани ҳушёрӣ, нотавонӣ дар ёфтани вожагон, беқарорӣ ва дурӣ аз таъомулоти иҷтимоӣ мегардад. Тамоми афрод, сарфи назар аз синну сол, пас аз амали ҷарроҳӣ, ба равоношуфтагӣ дучор мешаванд. Ин ихтилол ҳамчунин дар поёни умр шойеъ буда ва яке аз нишонаҳои камобӣ ва масрафи беш аз ҳадди доруи оромбахш аст. Сенди Маклеуд (Sandy McLeod), равонпизишки нюозиландӣ, менависад: равоношуфтагӣ ба қадре фарогир аст, ки “ҳатто метавон беморонеро, ки дар мароҳили ниҳоии бемориҳои бадхим ба он дучор намешаванд, истисно маҳсуб кард.” Тақрибан ниме аз афроде, ки аз равоношуфтагии пас аз амали ҷарроҳӣ беҳбуд ёфтаанд, таҷрибаи ҳароснок ва сардаргуми онро ба ёд меоваранд. Тайи як таҳқиқ дар Суэд (Шветсия), беморе таҷрибаашро ин гуна баён мекунад: “Баъд аз амали ҷарроҳӣ ва бақияи чизҳо, мутмаиннан навъе эҳсоси хастагӣ доштам… ва намедонистам куҷо ҳастам. Эҳсос кардам, ба наҳве, дар меҳ (туман) бошам, ҳама чиз мубҳам бароям намудор мешуд.”

Чанд нафар ҳангоми рӯёрӯӣ бо марг, дар инчунин вазъияте қарор мегиранд? Фақат метавонем ҳадсу гумон бизанем.

Мо, ба лутфи даҳаҳо пажӯҳиши илмӣ рӯи кӯдакону навзодон ва ҳатто кӯдакони даруни раҳм (баччадон), дарке ғанӣ аз оғози забон дорем, аммо агар бихоҳед бидонед чӣ гуна забон дар афроди дар ҳоли марг поён меёбад, чизи зиёде, ба ҷуз андак, ки бо дарду андӯҳ ба даст омада, нахоҳед ёфт.

Лиза Смарт пас аз марги падараш, бо пурсишҳои бепоён дар бораи чизҳое, ки аз ӯ шунида буд, танҳо монд, ва дар натиҷа ба фикри идомаи таҳсил афтод ва ба донишкадаҳои гуногун тарҳи таҳқиқотӣ дар бораи вопасин калимот ироа кард. Пас аз он ки ҳеч донишгоҳе дархосташро напазируфт, мустақиллан шурӯъ ба мусоҳиба бо аъзои хонаводаи мурдагон ва пизишкҳо кард. Ин кор мунҷар ба ҳамкории ӯ бо Реймунд Муди (Raymond Moody) шуд — равонпизишки мутаваллиди Вирҷиниё, ки беш аз ҳар чиз ба лутфи кор перомуни “таҷрибаи наздики марг” дар китоби пурфурӯшаш дар соли 1975 ба номи “Зиндагӣ пас аз зиндагӣ” (Life After Life) машҳур аст. Ӯ алоқаи дарозмуддат ба он чи “эҳтимолоти пеш аз марг” мехонад доштааст ва дар ҳамон мутолеае ба Смарт кӯмак кард, ки баъдҳо табдил ба китоби “Вожагон дар остона” шуд; китобе бар асоси гуфтаҳои падари Смарт ва гуфтаҳои дигаре, ки аз тариқи вебсайтҳо гирдоварӣ шуданд.

Яке аз чизҳое, ки Смарт ба он ишора карда ин аст, ки ҳангоме, ки падараш, Феликс, замирҳое монанди “ин”-ро ба кор мебарад, мушаххасан ба чизе ишора надошт. Якбор гуфт: “Мехоҳам тавре инҳоро поин бикашам… Воқеан намедонам… Часбидан ба замин, дигар кофӣ аст.” Инҳо ба чӣ чизе ишора дорад? Ба назар мерасид ҳисси баданаш дар фазо тағйир мекунад. Ӯ гуфт: “Бояд ба он поин биравам. Бояд биравам поин.” Вале ҳеч чиз он зер вуҷуд надошт.

Ӯ ҳамчунин калимот ва иборатҳоеро такрор мекард, ки ағлаб маъное надоштанд: “Буъди сабз! Буъди сабз!” (такрор дар афроди мубтало ба заволи ақл ва афроди равоношуфта шойеъ аст). Смарт мутаваҷҷеҳ шуд, ки такрорҳо ағлаб нишондиҳандаи мазмунҳое монанди қадрдонӣ ва муқовимат дар баробари марг ҳастанд. Бо ин ҳол мафоҳими ғайримунтазирае низ вуҷуд доштанд, Феликс гуфта буд: “Бояд берун биравам, берун биравам! Берун аз ин зиндагӣ.”

Смарт мегӯяд, шигифтангезтарин бахши гуфтори мардум ривоятҳое ҳастанд, ки зарра-зарра дар тӯли рӯзҳо ошкор мешаванд: марде ибтидо дар бораи қаторе сӯҳбат карда буд, ки дар истгоҳ гир афтодааст; чанд рӯз баъд ба қаторе таъмиршуда ишора карда буд, ва чанд ҳафтаи баъд гуфта буд, қатор ба самти шимол ҳаракат мекунад.

Смарт мегӯяд: “Агар дохили утоқе шавед ва бишнавед касе, ки дӯсташ доред мегӯяд: як қаҳрамони муштзанӣ (қаҳрамони бокс) канори тахти ман истодааст, ба назар танҳо навъе таваҳҳум меояд. Аммо агар дар тӯли замон бибинед, ки мудом дар мавриди қаҳрамони муштзанӣ сӯҳбат мекунад, ва аз ӯ мехоҳад ин либосро бипӯшад ё он корро анҷом диҳад, бо худатон мегӯед: вой! Инҷо як ривоят дар ҷараён аст.” Ӯ тасаввур мекунад, пайгирии ҷараёни ин достонҳо муфид хоҳад буд ба вежа замоне, ки достонҳо ба натиҷа мерасанд, мумкин аст бозтобе аз эҳсоси поёни қарибулвуқӯъ дар фард бошад.

Колонон ва Кили, ду парастори осоишгоҳ, дар китоби “Ҳадяҳои ниҳоӣ” ишора мекунанд, ки: “афроди дар ҳоли марг ағлаб иборатҳои ишоракунанда ба сафарро ба кор мегиранд, то ба атрофиёнашон ҳушдор диҳанд, ки замони маргашон фаро расидааст.” Онҳо, аз қавли як духтари 17-сола, ки дошт аз саратон мемурд ва парешон буд чун наметавонист нақшаро биёбад, чунин нақл мекунанд: “Агар нақшаро пайдо мекардам, ба хона мерафтам. Нақша куҷост? Мехоҳам биравам хона!” Смарт ҳам ба ин иборатҳои ишоракунанда ба сафар ишора кардааст; агарчи менависад, ки ба назар мерасад афроди дар ҳоли марг ба таври куллӣ аз иборатҳои ишоракунанда истифода мекунанд (бо ин ҳол, афроди мубтало ба заволи ақл ва олзоймер бо душвориҳое барои фаҳми забони тамсилӣ даст ба гиребонанд, ва инсоншиносе, ки бар фарди дар ҳоли марг кор мекунад, ба ман гуфт, ки иборатҳои ишоракунанда ба сафар ҳамаҷо фарогир нестанд).

* * *

Алорағми хатоҳое, ки дар китоби Смарт ба чашм мехӯрад (масалан, ин ки нақши омилҳое монанди доруҳоро нодида мегирад), ин китоб гоме бузург дар ин росто аст. Ин ҳамон нахустин гоме аст, ки мутолеоти забони кӯдакон дар рӯзҳои оғозинаш бардошта буд. Ин ришта замоне зода шуд, ки донишмандон ва ба вежа Чорлз Дорвин, шурӯъ ба навиштани рафтору гуфтори фарзандонашон карданд (Дорвин дар соли 1877 як хулосаи зиндагиномае дар бораи писараш Вилём мунташир кард ва дар он ишора кард, ки нахустин калимаи ӯ “момо” (модар) будааст). Ин талош дар ниҳоят ба раҳёфте муназзамтар анҷомид, ва мутолеаи забони кӯдакон аз тамаркузи сирф бар нахустин калимот фосила гирифт.

Tarjomaan

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: