Перейти к содержимому

Фурӯхтани як ваҷаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст

Ба қалами Луқмон Бойматов, муаррих

(Бознашр аз сомонаи Озодагон, таърихи нашр 11 сентябри 2014)

Агар Худованд бихоҳад мардумро бузург намояд онро аз бахшиш ва покдоманӣ баҳраманд гардонад ва агар бихоҳад қавми ӯро нобуд созад, роҳи хиёнатро ба рӯи онон бигшояд.”

(Ҳадиси Паёмбари Ислом)

* * *

Чанд рӯзи ахир, дар сафаҳоти нашрия ва сомонаҳои интернетӣ баҳси бурду бохти истиқлоли ҷумҳурӣ дубора доғ шуд. Иддае аз рӯшанфикрон ва коршиносони кишвар дода шудани бахши кӯчакеро аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба Чин яке аз намунаҳои боризи бохти истиқлоли миллӣ маънӣ кардаанд. Ва ин дидгоҳ дер боз аст, ки дар афкори умум ҷо гирифтааст.

Мавзӯи мазбур ҳанӯз ба гунае, ки комилан илмӣ бошад, мавриди баррасии коршиносони дохилу хориҷ қарор нагирифта ва мусаллам аст, бо далоиле ба ин зудӣ қарор нахоҳад гирифт. Дар зимн, баррасӣ ва таҳқиқи қазияи пешомада кори осоне нест, чун ҳеч як аз мутахассисон асноди асл ва лозимро дар ихтиёри хеш надоранд ва гузашта, заминаҳо, далоилу шароити қабули ин тасмим ва мавориди бисёре ҳастанд, ки ба касе маълум нест. Вале арзёбии ин иттифоқ аз диди фалсафаи таърих ва меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ биёр муфид ба назар мерасад.

Қабл аз ин ки ҳамчунин рӯйдоди сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ кунем, нахуст бояд посух ба ин суол бидиҳем, ки хоки Ватан мутааллиқ ба кӣ аст? Ба давлат ва ё миллат? Агар ба давлат аст, пас дар тасмими анҷомшуда усули демокросӣ мутлақо риоят нашуда. Ва агар авлавият дар тасмим бар миллат бошад, пас эҳтироми миллат ба ҷо оварда нашудааст. Аммо ҳақиқати маҳз ин аст, ки хоки Ватан амонати миллат бар гардани давлат аст ва ҳеч давлате (шахсе ва ё гуруҳе бо ҳар ном), бидуни машварат бо миллати хеш ҳаққи «буридану пора кардан»-и амонати аҷдодро надорад. То замоне ки ҳукумат дар ҳоли машварат бо миллат бошад назараш дуруст аст, вале он гоҳ, ки бо толибону муддаъиён машварат намояд, хиёнат бар миллат ва хидмат бар толибон аст. Он гоҳ, ки эҳтиром нест, андешаи саҳеҳ аз миён бардошта мешавад.

Ҳамагон шоҳидем, замоне ки мавзӯи «пас додани хоки Чин» барои Чин ошкор шуд, миллат ба ғафлат буд ва ҷомеаи ноогоҳ бо сабаби гирифториҳои худ, ба он чӣ ки дар бахши сиёсат сурат мегирифт, беаҳамият буд. Он ҳангом, ки доду фарёди чанде аз рӯшанфикрон перомуни аз даст рафтани ганҷи миллат, ба гӯши ҳеч касе нарасида ва бо камоли таассуф ҳанӯз ҳам миллат тибқи усули «фақат домани ман насӯзад» аксуламал менамояд. Аммо бехабар аз он ки домани номусаш сӯхтааст!

Аз рӯи ахлоқи иҷтимоӣ қазияи «пас додани хоки Чин» фавқулодда шармовар аст ва ба ҳеч мантиқ ҳамоҳанг нест, магар ба манофеи гуруҳу гуруҳакҳо. Бо ин амал арзиши гаронмояи ахлоқии бузургони адаби хешро низ зери суол бурдем. Чунончӣ, бо ин ки худро бузург мепиндорем ва ба фарзандон аз ғояҳои ватандӯстии «Шоҳнома»-ву осори дигари ҳакимону адибони гузашта мегӯем, вале дар баробари аъмоли ватанфурӯшии ҳамватанон, оҷизем. Аз садоқат ба ватан мегӯем ва бо ҳарфҳои поку муқаддас савганд мехӯрем, вале хиёнатҳоро наметавонем ошкор созем.

Гуфторамон дигар асту кирдорамон дигар. Чӣ гуна тааҷҷуб наметавон кард, бо ин ҳама маниятҳои академикҳои фалсафафурӯш ва худбартарбиниҳои донишмандони ҳамадон, ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам ба дурустӣ ба маънии садоқату хиёнат даст пайдо накардааст. Ин ҷост, ки ба хато бар ин гумонем, ки хиёнату фарор аз масъулият фақат хӯйи қишри пойини ҷомеъа аст ва бар онем ки гӯӣё болонишинҳо ҳаргиз хиёнат намекунанд! Ин дар ҳолест, ки сахтарин зарбаҳо бар ниҳоди ватан аз болонишинон фурӯ мерезад.

Дуруст аст, гуфтаанд, аз зиёдии маллоҳон, киштӣ ғарқ мешавад. Дар ҳақиқат, аз зиёдии «раҳбарони мутафаккир» тавоноии тафаккури миллӣ низ хушк мешавад! Маддоҳони ҳарзагӯ ва холибандони олӣ миллатро то ба ҳадде гӯлу гумроҳ карда ва бо камоли пуррӯӣ ҷароиму хиёнатҳоро айни «посухи мантиқиву дипломосии сари вақт» донистаанд.

Шармандагист, ки ҳамагон Ватан-Ватан гӯён бо хулқи хеш бар домани покаш хиёнат мекунем. Дурӯғ мегӯем, риё мекунем ва мехоҳем, ки дигарон тасдиқ кунанд, вале бо ин амали хеш хиёнати бузурге бар виҷдони хеш мекунем. Ҳатто бо сукутамон дасти ҳамкорӣ ба хиёнат медиҳем. Пок аз ёд баровардаем, ки «хиёнати бузург он аст, ки дигарон туро тасдиқ кунанд, вале ту дурӯғ бигӯӣ.» (ҳадиси Паёмабари Ислом). Ҳақиқати талх ин аст, ки мо ҳама хоини рӯзгори хешем.

Шояд дар маҳдудаи собиқ Шӯравӣ ҳеч кишвареро наметавон ёфт, ки дар қазияи ватанфурӯшӣ аз тоҷикон пештар бошад. Имрӯз, ба ҷои ин ки аз аъмоли ношоиставу ноҷавонмардонаи хеш пеши наслҳои оянда маъзарат пурсем, бо ҳам ҳатоҳои хешро аз ношоистарин роҳҳо дифоъ мекунем, ки гӯӣ кори хуберо барои саодати ояндагони хеш анҷом дода бошем.

Бо сабаби ноогоҳӣ, дар ин бозиҳои бузург ва касифи сиёсат мо бахтаем. Барандагонро маҳкум нест ва бозандагонро ҳамеша маҳкум аст. Фаҳмидани онҳоеро, ки ҳамакнун хиёнатҳоро бо як сафҳа коғаз, ки номи онро «қарордод» ва ё «мувофиқатнома»-ҳо номиданд, сипар мекунанд, бисёр сахт аст ва низ сахтар аст дарки онҳоеро, ки аз кадом як роҳе тасмими ғалатро дифоъ мекунанд ва мегӯянд, ки он пораи хок арзиш надошт, чун рӯяш чизе намерӯид! Ба ин идда аз олимон ва коршиносони якшаба суоли тамсилӣ ин аст: Кадоме аз узви солими ӯро аввал қатъ кунанд хуб аст? Аввал дасти чап ё дасти росташро? Ё худ интихоб кунад кадоме аз узви солимаш изофа дар сиришташ аст? Ӯ чӣ посухе хоҳад дод?

Ва суоле ҳам ба маддоҳон ва ҳомиёни кӯрсират ин аст, ки чаро онон бидуни ин ки дуруст бияндешанд, ба ҷои масъулини давлат ҳозирҷавобӣ мекунанд? Ба фарз, агар масъулин он пораи хоки ватанро бар толибонаш намедододанд, ин ду иддаъ аз коршиносон, ба мардум чӣ мегуфтанд? Дирӯзҳо аз душманон менолидем, ки сарзамини падаронамонро «табартақсим» карданд, вале акнун аз худ чӣ нолем, ки амонати аҷдодро ба бегонагон муфт додаем! Эй кош, ҳушёр мебудем ва мефаҳмидем, ки фурӯхтани як ваҷаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст. Оқибатҳои ин тасмими ғалат ва иқдоми боаҷаларо ҳеч кас наметавонад пешгӯӣ кунад, чун наслҳои оянда наёмадаанд ва ҳукми онҳоро нисбати ин қазия касе нахоҳад донист. Ҳар насл ҳокими асри хеш аст!

Ҳадисе ҳаст, ки амонат боиси афзоиши рӯзӣ ва хиёнат боиси ниёзмандӣ мешавад. Акнун, ки амонат аз даст рафта ва касе нахоҳад донист, ки чӣ ниёзмандиҳое мардуми тоҷикро дар пеш интизор аст?

Чӣ касе метавонад гӯяд, ки бо ин тасмими хеш тухмаҳои хусумати ояндаро миёни миллатҳои бузургу кӯчак напошидаем? Чӣ касе метавонад посух бидиҳад, ки наслҳои оянда ба хотири ҳаққи хеш равонҳои падаронро сарзаниш нахоҳанд кард? Чӣ касе метавонад рад намояд, ки рӯзе фаро хоҳад расид, ки ояндагони мо аз қаҳрамонони имрӯзи падаронашон муҷассамаҳои ибратомезе дуруст хоҳанд кард, ки як рӯяшон сафеду рӯи дигарашон сияҳ бошанд? Чӣ касе метавонад пешгирӣ намояд, ки насле, ки аз хиёнати мо дилхӯр мешавад, хоку устухонҳои моро бар бод нахоҳанд дод? Кадоме аз зиндаҳои имрӯз посухгӯи ҷиноятҳову хиёнатҳоямон дар назди фардоиён хоҳад шуд?

Фардое, ки ҷудо аз имрӯз бошад, нест ва ҳеч ояндае нест, ки ҳукми имрӯзро надиҳад. Рӯшан аст, насле, ки ин қазияро ҳукм мекунад, дур аз мо нест. Аммо бояд бар он лаҳза бияндешид, ки мабодо фарзандон тару хушкро ба ҳам сӯзанд!

Бо ин ҳама нигаронӣ, ба унвони як муаррих мегӯям: Бояд бар рӯи андешаҳоямон бияндешем, рӯи хатоҳоямон тафаккуру таъаммул намоем ва назди ин миллати мазлуму ноогоҳ, пеши фарзандони хеш сари маъзарат фурӯ ниҳем ва бипазирем, ки қазияи пораи кӯчаки хоки Тоҷикистон бо тамомии буъдаш дар сафҳаи рӯзгори миллат нанговар аст! Ин санад — мӯҳри сиёҳест дар пешонаи сафеди сарнавишти миллат! Ин бешарафтарин санадест, ки дар сафҳаи таърихи истиқлоли меҳан мондагор хоҳад монд!

Манбаъ: Озодагон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: