Перейти к содержимому

“Демукросӣ” ба сабки Куреи шимолӣ

Гузорише дар ВВС англисӣ

Мардуми Куреи шимолӣ барои дуввумин бор аз замони ба қудрат расидани Ким Ҷунг-Ун, барои интихоби аъзои порлумони фармоишии ин кишвар, ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд.

Раъй додан ба Маҷмаи олии халқ SPA – порлумони Куреи шимолӣ— иҷборӣ аст, ва албатта раъйдиҳандагон дар гузиниши номзадҳо ҳаққи интихоб надоранд. Ҳеч садои мухолифе дар Куреи шимолӣ шунида намешавад.

Мушорикат дар интихобот тақрибан 100 дарсадӣ ва мадраке барои исботи якпорчагӣ ва иттиҳоди ҳизби ҳоким аст.

Куреи шимолӣ кишваре мунзавӣ аст, ки тавассути як хонавода яъне хонаводаи Ким идора мешавад.

Шаҳрвандон муваззафанд сарсупурдагии комили худ ба хонавода ва раҳбари кунунии онро нишон диҳанд.

* * *

Раъйгирӣ чӣ тавр анҷом мешавад?

Дар рӯзи интихобот, ҳамаи афроди 17 сол ба боло бояд аз хонаҳо берун биёянд ва раъй бидиҳанд.

Феудур Тертитски (Fyodor Tertitskiy), таҳлилгари масоили Куреи шимолӣ, ки дар Сеул мустақар аст, мегӯяд: “Аз шумо интизор меравад барои исботи вафодории худ субҳи зуд дар саффҳои раъйгирӣ ҳозир шавед, ки ба ин маъност, ки шумо бо саффҳои дуру дарозе мувоҷеҳ хоҳед шуд.”

Дар Куреи шимолӣ, вақте навбати раъйдиҳии фард мерасад, ба ӯ як баргаи раъй медиҳанд, ки рӯи он номи фақат як нафар сабт шудааст. Қарор нест, ки раъйдиҳандагон чизе дар баргаи раъй бинависанд ё муқобили исми касе тик бизананд. Фақат он баргаро таҳвил мегиранд ва дар сандуқи раъй, ки дар анзори умумӣ қарор дорад, меандозанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, утоқи раъйдиҳӣ ҳам вуҷуд дорад, ки фард метавонад раъйи худро ба сурати хусусӣ дар он утоқ сабт кунад, аммо анҷоми ин кор ба суръат боиси афзоиши суизаннҳо нисбат ба вай мешавад.

Ба назар мерасад, ки шумо ҳақ доред рӯи исми он танҳо номзади интихоботӣ, ки рӯи баргаи раъй сабт шуда, хат бикашед. Аммо, бар тибқи гуфтаи Тертитски, ин кор тақрибан ба ин маъност, ки пулиси махфӣ вориди амал мешавад ва ба шумо эҳтимолан анги девонагӣ зада хоҳад шуд.

Аз шумо интизор меравад баъд аз андохтани раъй ба дохили сандуқ, ба гурӯҳҳои шодикунандае, ки берун аз шӯъбаи раъйгирӣ машғули шодӣ ҳастанд бипайвандед, ва ба ин хотир, ки қодир будаед ба раҳбари хирадмандонаи кишвар раъй диҳед, шодии худро иброз кунед.

Минёнг Ли (Minyoung Le), таҳлилгар масоили Куреи шимолӣ, мегӯяд: “Дар расонаҳои давлатии Куреи шимолӣ, рӯзҳои интихобот ба унвони рӯзҳои ҷашну сурур нишон дода мешавад ва мардуме, ки дар хиёбонҳо машғули ҷашну шодӣ ҳастанд, мудом дар расона бозтоб пайдо мекунанд.”

Аз он ҷое, ки раъй додан иҷборӣ аст, интихобот ба навъе саршумории нуфус ҳам маҳсуб мешавад, ки метавон аз тариқи он фаҳмид чӣ касоне ғоиб ҳастанд ва эҳтимолан ба Чин гурехтаанд.

* * *

Қудрати порлумон чӣ қадр аст?

Маҷмаи олии халқ ё SPA як порлумони фармоишии фоқиди қудрат аст. Ҳар 5 сол як бор аъзои порлумон, ки танҳо ниҳоди қонунгузорӣ дар Куреи шимолӣ маҳсуб мешавад, интихоб мешаванд.

Тертитски мегӯяд: “Гоҳе расонаҳо мегӯянд, ки порлумони Куреи шимолӣ то ҳадде қудрату нуфуз дорад, аммо ин ҳақиқат надорад, ин порлумон қудраташ сифр аст.”

Қонунҳо тавассути ҳизб навишта мешаванд ва ба нудрат дар порлумон ба раъй гузошта мешаванд. Ин раъйгирӣ комилан ташрифотӣ аст.

Ба сурати назарӣ ин порлумон қудратманд аст, аммо ба сурати амалӣ фосилаи зиёде бо қудрате, ки барояш дар назар гирифта шудааст дорад. Рӯи коғаз аксарияти ду севвуми маҷлис метавонанд қонуни асосиро тағйир ва теъдоди каме метавонанд раҳбарро барканор кунанд.

Вале дар воқеъ, ҷаласоти порлумон ҳатто ба таври мураттаб баргузор намешавад. Дар нахустин ҷаласа, теъдоде аз афрод ба унвони аъзои собит интихоб мешаванд ва ҷаласоти расмӣ ба нудрат баъд аз он ташкил мешаванд.

* * *

Оё аҳзоби гуногун вуҷуд доранд?

Шояд фикр кунед, ки фақат як ҳизб дар Куреи шимолӣ вуҷуд дорад, аммо таъаҷҷубовар аст, ки бидонед дар порлумон се шохаи мутафовит фаъолият мекунанд.

Ҳизби коргарон, ки раиси он Ким Ҷунг-Ун аст, бештарин курсиҳои порлумонро ба худ ихтисос медиҳад. Ду ҳизби сусиёл-демукротик ва Chondoist Chongu камтарин теъдоди курсиҳоро доранд.

Дар амал, тафовути чандоне байни се ҳизб вуҷуд надорад, ҳар се ҳизб барои иттиҳоди Куре бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд.

* * *

Чӣ натоиҷе қобили интизор аст?

Қоидатан интизор барои эъломи натоиҷ набояд изтироббарангез бошад, аммо чанд рӯз тӯл мекашад, ки то натиҷаи ниҳоӣ эълом шавад.

Ибтидо, бар мушорикати бошукӯҳ дар интихобот таъкид мешавад. Дар соли 2014, мушорикат 99.97 дарсад эълом шуд.

Он теъдоди андаке, ки раъй надода буданд эҳтимолан дар бистари беморӣ буданд—ҳарчанд, ки як латифаи маъруф вуҷуд дорад, ки мегӯяд: дар рӯзи интихобот касе намемирад ва ҳама дар саломати комил ҳастанд.

Дар гоми баъдӣ орои Ким Ҷунг–Ун эълом мешавад, ки маъмулан ҳам мизони мушорикат ва ҳам ҳимояти сиёсии 100 дарсадӣ аст. Ва дар охир, натоиҷи соири номзадҳо эълом хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки мизони мушорикат барои ин ду ҳизб камтар аз ҳизби аввал аст, аммо ҳамвора ҳимояти сиёсии 100 дарсадӣ эълом мешавад.

ВВС

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: