Перейти к содержимому

Мирзиёев ҷоизаи Маркази омрикоии StrategEast-ро дарёфт кард

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба далели анҷоми ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвараш, муваффақ ба дарёфти ҷоизаи Маркази омрикоии StrategEast шуд.

Ин хабар дар порлумони Англистон бо ҳузури намояндагони порлумон ва расонаҳои байналмилалӣ эълом шуд.

Дар гузориши ин маркази омрикоӣ омадааст: “Ҷоизаи StrategEast Award ба Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон барои озодсозии иқтисод ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон эъто шуд.”

Илова бар ин, дар ин гузориш бар саҳми раисиҷумҳури Ӯзбекистон дар ҳаллу фасли ихтилофоти марзӣ ва таҳкими равобит бо кишварҳои ҳамсоя таъкид шудааст.

Ҳамчунин Вулфгонг Ишингер — раиси ҳамоиши амният дар Муних (Мюнхен) дар заминаи сиёсат барои наздикии ғарб ва минтақаи пасошӯравӣ, Виктур Прукупенё — корофарин дар заминаи қонунгузорӣ барои саҳми басазо дар эҷоди пояи қонунгузорӣ ва тавсиъаи санойеъи фанновариҳои иттилоърасонӣ дар Белорус, муваффақ ба дарёфти ин ҷоиза шуданд.

Гуфтанист, ҷоизаи StrategEast Westernization Award ҳар сол барои саҳми қобили мулоҳиза дар мудернизасозии кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳамчунин тавсиъаи зиндагии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақа эъто мешавад.

StrategEast як маркази истротежии Омрико мебошад, ки ҳадафи аслии он, таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои пасошӯравӣ бо дунёи ғарб аст.

Шавкат Мирзиёев пеш аз ин тавассути Анҷумани рӯзноманигорони Осиё ба унвони марди соли 2018 Осиё муаррифӣ шуд.

Ҳамчунин маҷаллаи молӣ ва иқтисодии Туркия Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистонро ба унвони шахсияти бартари хориҷии соли 2018 дар ин кишвар муаррифӣ кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: