Перейти к содержимому

Нигоҳе ба ҷомеаи мусалмонони Нюзеланд

Нуктаи ҷолиб дар робита ба кишвари Нюзеланд ин аст, ки ҷомеаи мусалмонони ин кишвар яке аз бузургтарин гурӯҳҳои динии дар ҳоли рушд дар ин кишвар аст, ба гунае, ки шумори сокинони мусалмон дар ин кишвар байни солҳои 1991 то 2006 шаш баробар шуда. Дар Нюзеланд аз ҳар чаҳор нафар яке ба дини ислом гаравида.

Ҳамлаи мусаллаҳона ба ҷомеаи мусалмонони Нюзеланд, дар навъи худ бесобиқа буд ба гунае, ки ибрози ҳамбастагии ҳамаи ҷаҳониён бо мусалмонони ин кишварро ба ҳамроҳ дошт.

Ҳамлаи теруристӣ ба ду масҷид дар шаҳри Кройстчерчи Нюзеланд, ки бо шаҳид шудани дастикам 50 нафар ва захмӣ шудани қариб ба 50 нафари дигар ҳамроҳ буд, афкори умумиро дар ҳайрат фурӯ бурд.

Ин қатли ом барои мусалмонони Нюзеланд ҳанӯз қобили ҳазм нест, чаро ки онҳо бо сулҳу ҳамзистӣ дар канори дигар пайравони адёни дигар дар ин кишвар машғули зиндагӣ ва ибодати худ буданд.

Нюзеланд дар ҷануби ғарби уқёнуси Ором фосилае тӯлонӣ бо дигар кишварҳо дорад, масалан Устролиё наздиктарин кишвар, ду ҳазор километр бо он фосила дорад.

* * *

Ислом кай ба Нюзеланд расид?

Ба гузориши сойти хабарии Алхалиҷ онлойн, ислом дар қарни 19-ум вориди Нюзеланд шуд. Ҳузури мусалмонон дар онҷо қидмати зиёде надорад. Шумори зиёде аз мусалмонон ба хусус аз кишварҳои ҷануби шарқи Осиё ва ҷазираҳои атрофи он дар даҳаи панҷоҳи қарни гузашта шурӯъ ба муҳоҷират ба онҷо карданд ва ҳамин боис шуд бисёре аз нюзеландиҳои урупоӣ ба ислом рӯй оваранд.

Решаҳои бархе аз мусалмонони Нюзеланд ба Ҳинд, Покистон, Срилонко, Олбонӣ, Туркия, Югусловӣ, Андунезӣ ва кишварҳои арабӣ бозмегардад.

Мусалмонон дар Нюзеланд дар се минтақа пароканда шудаанд: минтақаи Укланд (Auckland), ба вежа дар шаҳри Укланд, дар ҷануби ҷазираи шимолӣ ҳам теъдоди зиёде мусалмон ҳастанд ва ҳамчунин дар ҷануби шарқи ҷазираи ҷанубӣ дар шаҳри Кройстчерч. Аксари ин мусалмонон аз табақоти маъмулии ҷомеа ва теъдоди каме аз онҳо аз мутахассисони омӯзишдида дар ин кишваранд.

Дар Нюзеланд аввалин масҷид дар соли 1970 дар шаҳри Укланд сохта шуд. Ҳудуди 11 масҷид дар ин кишвар вуҷуд дорад ва имоми ҷамоати яке аз ин масоҷид, яке аз аъзои Алазҳар дар шаҳри Полмерстун Нурс (Palmerston North) аст.

* * *

Шумори мусалмонони Нюзеланд

Ҷомеаи мусалмонони Нюзеланд яке аз бузургтарин гурӯҳҳои динии дар ҳоли рушд дар ин кишвар аст, ба гунае, ки шумори сокинони мусалмон дар ин кишвар байни солҳои 1991 то 2006 шаш баробар шуда. Дар Нюзеланд аз ҳар чаҳор нафар яке ба дини ислом гаравида ва ҷамъияти ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба чаҳор милюну сесад ҳазор нафар мерасад, ки бархе аз онҳо дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебаранд.

Бар асоси омори соли 2013 шумори мусалмонони Нюзеланд ба 46 149 нафар мерасад, ки дар муқоиса бо соли 2006, 28 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳудуди 77 дарсад аз мусалмонони Нюзеланд мутаваллиди хориҷ аз ин кишвар ҳастанд. Аксари онҳо яъне дар ҳудуди 29 дарсад, аз Ҳинд омадаанд ва мизони мусалмонони кишварҳои Ховари Миёна дар Нюзеланд ҳудуди 21 дарсад аст, ки аз байни арабҳо, туркҳо ва эрониҳо ҳастанд.

* * *

Равобити хуби мусалмонон бо ҷомеа

Шаҳри Укланд ва Кройстчерч ҳар кадом як масҷид ва як маркази исломӣ доранд, ки аз солуне ҳам барои баргузории муносибатҳои динӣ ва иҷтимоӣ бархӯрдор аст. Анҷуманҳои исломӣ дар шаҳрҳои Уклодин, Велингтун ва Полмерстун ва Кройстчерч ҳам ҳузур доранд. Анҷумани исломии Нюзеланд фаъолияте дар хориҷи Нюзеланд ва дохили он дорад ва бо мусалмонон дар ҷазоири Фиҷӣ дар наздикии Нюзеланд ва ҳамчунин Офриқои ҷанубӣ, Ҳинд ва Устролиё ҳам иртибот доранд.

Ағлаби мусалмонон дар Нюзеланд аз аҳли тасаннун ҳастанд, аммо шуморе аз онҳо ҳам шиа ва сокини шаҳри Укланд, бузургтарин шаҳри Нюзеланд ҳастанд. Мусалмонони Нюзеланд шояд бо бархе музоҳиматҳои шахсӣ рӯ ба рӯ будаанд, аммо давлати Нюзеланд ҳамвора ҳомии онҳо буда ва аз ҳамин рӯ аз озодӣ дар анҷоми маросими динии худ бархӯрдоранд.

Аммо пахши садои азон аз баландгӯҳои масоҷид дар ин кишвар тибқи қонун мамнӯъ аст дар ҳоле, ки зани мусалмон аз озодии пушидани ҳиҷоби шаръӣ ва пӯшидани чодур дар хиёбонҳо ва бозорҳои умумӣ бархӯрдор аст.

Мусалмонони Нюзеланд пештар бо суханони тавҳиномези бархе шахсиятҳои ин кишвар ҳам рӯ ба рӯ шуданд, аз ҷумла Ричорд Брусер (Richard Prosser), узви порлумони ин кишвар, ки дар ёддоште барои як маҷаллаи дохилии ин кишвар ҷавонони мусалмонро “терурист” тавсиф кард ва хоҳони мумониат аз савор шудани онҳо ба ҳавопаймоҳои хутути ҳавоии ғарбӣ шуда буд, аммо ин изҳорот бо сарзаниши шадиди давлати Нюзеланд рӯ ба рӯ шуд.

Аммо ҳамла ба мусалмонони Нюзеланд аз замони густариши ислом дар ин кишвар нахустин ҳамла дар навъи худ ва ваҳшиёнатарини он будааст, ки маҳофили ҷомеаи Нюзеландро дар ҳайрат фурӯ бурдааст, ба гунае, ки дар ҳодисаи Кройстчерч ҳама бо ҷомеаи мусалмонон ибрози ҳамбастагӣ карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: