Перейти к содержимому

Тақдими устуворномаи сафири ҷадиди Эрон ба Эмомалӣ Раҳмон (тасовир)

Имрӯз (ҷумъа, 15 март) тайи як маросими расмӣ, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, устуворномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим кард.

Дар ин маросим, ки дар маҳалли Кохи миллат баргузор шуд, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шуморе аз сафирони кишварҳои хориҷӣ устуворномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим карданд.

Бино ба гузориши хабаргузории Ховар, “Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсиъаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.”

Бар пояи ин гузориш, Раҳмон таъкид намуд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷии худ, ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои фарогир бо ҳамаи кишварҳои хориҷаи дуру наздик кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад.”

Вай “оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа, минтақаи Осиё ва Осиёи Марказӣ, давлатҳои ҳавзаи Иттиҳодияи Урупо, қитъаҳои Омрикои Ҷанубӣ ва Офриқо, андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.”

Дар ин маросим дар канори сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, сафирони Чин, Омрико, Қирғизистон, Донморк (Дания), Срилонко, Венезуэло, Кунгу ва Ғано устуворномаҳои худро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон тақдим карданд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, рӯзи панҷшанбе сафири ҷадиди Эрон дар Душанбе бо Сироҷуддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот ва рӯнавишти устуворномаи худро ба вай тақдим карда буд.

Дар ин дидор, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни истиқбол аз сафири Эрон, бар иштирокоти мунҳасир ба фарди забонӣ, фарҳангӣ, динӣ, таърихӣ ва тамаддунии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон таъкид кард.

Мӯҳриддин ибрози умедворӣ кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба фазои ҷадиди ба вуҷуд омада дар равобити фимобайн ва оғоз ба кори сафирони ҷадиди ду кишвар, мутмаиннан ҳамкориҳои муштарак беш аз гузашта тавсиъа ва иртиқо хоҳад ёфт.

Собирӣ низ бо иблоғи саломи гарми вазири умури хориҷаи Эрон, ба заминаҳои муносиб барои таҳкими пайвандҳои Эрон ва Тоҷикистон ва таъбири раҳбари ин кишвар мабнӣ бар равобити хешовандии ду миллат ишора кард.

Собирӣ ҳадаф аз маъмурияти худро иртиқои ҳамаҷонибаи равобити ду миллат ва давлати дӯсту бародар хонд ва омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои иртиқои сатҳи равобит бо Тоҷикистон ба ҷойгоҳи шоистаи муносиботи хешовандии ду миллат, эълом намуд.

Тасовире аз ин маросим:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: