Перейти к содержимому

Худхоҳии башар аз кадом нуқтаи таърих шурӯъ шуд?

Гуфтугӯи Шон Иллинг (Sean Illing) бо Дэвид Вуттон (David Wootton)

Шон Иллинг (Sean Illing): Чаро мардум некӣ мекунанд? Дар таърихи фалсафаи ғарб, асосан ду посух барои ин пурсиш вуҷуд дорад. Нахустин посух ин аст, ки мардум ахлоқӣ амал мекунанд, чун фазилатманд ҳастанд ва ба усули хоссе монанди обрӯ ва инсоф пойбанданд. Посухи дуввум ин аст, ки амали ахлоқии мардум ба хотири манфиати худашон аст, зеро хуб — ва дар ниҳоят муфид — аст, ки ба унвони касе шинохта шавем, ки кори дурустро анҷом медиҳад.

Дэвид Вуттон (David Wootton) устоди таърихи Донишгоҳи Юрк (York University) ва мутахассис дар таърихи фарҳанг ва андешаи Урупост. Ӯ ҳамакнун дар ҳоли таълифи китобе дар бораи Вултер аст ва охирин китоби ӯ, ки мусоҳибаи ахир дар бораи он аст, “Қудрат, лаззат, манфиат” (Power, Pleasure, and Profit) ном дорад. Вуттон донишомӯхтаи Донишгоҳи Оксфорд ва Кембриҷ аст ва собиқаи тадрис дар чаҳор донишгоҳи матраҳи Бритониё ва Конодоро доштааст.

Китоби ҷадиде аз Дэвид Вуттон, устоди бритониёии таърихи андеша бо номи “Қудрат, лаззат ва манфиат” (Power, Pleasure, and Profit), чунин баҳс мекунад, ки дуввумин посух ба ин масъала дар ғарб ғолиб шуда ва ба тамоми ҷанбаҳои зиндагиамон сироят кардааст. Акнун дигар тардиде дар ин надорем, ки инсонҳо ҳамвора ба дунболи қудрату лаззату манфиати худашонанд. Аммо Вуттон мегӯяд, ин бардошт ба ҳеч ваҷҳ дуруст нест.

Ба назари Вуттон, чунин бардоште аз зот ва табиати инсон сохтаи мудернита аст, ки аз тариқи файласуфони пурнуфузи давраи равшангарӣ монанди Одом Исмит ва Мокёвеллӣ ва Тумос Ҳобз ба мо расидааст. Вуттон мӯътақид аст, ки ин инқилоби фарҳангӣ шеваи комилан мутафовите аз тафаккур дар бораи рафтору ахлоқи инсониро канор зада ва чизеро ҷойгузини он карда, ки Вуттон “ақлонияти абзорӣ ё таҳлили фоида ва ҳазина” (instrumental reasoning or cost-benefit analysis) меномад.

Вуттон ба ин натиҷа мерасад, ки имрӯза мо дар ҷаҳони лаззатҷӯӣ ва рақобат гир афтодаем, ки дар он танҳо ҳадафи воқеии ҷомеа ирзои хостаҳост ва фазоили ахлоқиамон бо тасаввуроти мо аз тавфиқи моддӣ, ё ҳамон сарвату қудрат, дар ҳам танидааст.

Ман (Шон Иллинг) ба тозагӣ дар бораи ин ки чаро Вуттон фикр мекунад равшангарӣ тамаддунеро падид оварда, ки шефтаи масрафу ирзои нафс аст, бо ӯ гуфтугӯ кардаам. Дар идомаи ин матлаб, матни ин гуфтугӯро бо каме вироиш мехонем:

Шон Иллинг: Пурвозеҳ аст, ки дар фарҳанги ғарб, инсон ҳайвоне дар банди манофеи шахсӣ аст ва тамоюл дорад лаззатро ба ҳаддиаксар, ва дардро ба ҳаддиақал бирасонад. Дуруст аст?

Дэвид Вуттон: Пурсише, ки аз ман мекунед, бисёр зариф аст. Ман гуфтаам, ки ин гузора оддӣ шудааст ва китоби ман дар бораи ин мегӯяд, ки чӣ тавр чунин иттифоқе афтода ва чӣ тавр мо ин тасаввурро бидуни чуну чаро пазируфтаем. Дар гузашта, масалан дар қарни 18-ум, чунин бардоште аз табиати инсон ҳақиқат дар назар гирифта намешуд. Агар ба навиштаҳои масеҳӣ ё фалсафаи ахлоқи арастуӣ ё ҳар матни дигаре нигоҳ кунед, фарзҳои бисёр мутафовите мебинед дар бораи ин ки инсонҳо чӣ гуна мавҷудоте ҳастанд.

Вале мо бештар дар якчунин чорчӯби фикрие зиндагӣ мекунем ва ин нигоҳ ба табиати инсон аз замони равшангарӣ ба мо расидааст. Мо фақат мепазирем, ки инсонҳо ин тавранд ва наметавонанд таври дигаре бошанду бас.

Шон Иллинг (Sean Illing) донишомӯхтаи дуктурӣ дар фалсафа ва улуми сиёсӣ аз Донишгоҳи Луизиёно (Louisiana State University) аст.

Иллинг: Аммо оё ин бардошт сохтагӣ ва нодуруст аст?

Вуттон: Хуб, фикр намекунам чунин гузорае дуруст бошад, ба ин маъно, ки аз назари ман инсонҳо ба равшанӣ тавоноии анҷоми корҳоеро доранд, ки аз назарашон лаззатбахш нестанд, чун фикр мекунанд ин корҳо шарофатмандона, мунсифона, ё ба навъе арзишманданд. Кулли созукори ишқи инсон ба дигаре, чизе фаротар аз лаззатҷӯии сирф аст. Ишқи инсон ба дигаре, паймону таъаҳҳуде аст, ки наметавонад ба лаззати маҳз тақлил ёбад.

Нигоҳи худи ман ин аст, ки рафтори инсон бисёр печидатар аз он аст, ки дағдағааш фақат ва фақат лаззату дард бошад, ё битавон ҳама чизро ба чунон сармашқи соддае тақлил дод. Ман чунин боваре надорам ва гумон мекунам ин сармашқи содда тайфи васеъе аз рафторҳои инсониро нодида мегирад, ки бисёр ғанӣ ва ҷолиби таваҷҷӯҳ ва буғранҷ аст.

Иллинг: Пеш аз давраи равшангарӣ, мардум дар бораи фазилати ахлоқӣ чӣ гуна фикр мекарданд? “Хуб будан” чӣ маъное дошт?

Вуттон: Идеяҳои зиёде дар ин робита вуҷуд дорад, вале умдатан таркибе аз ахлоқиёти масеҳӣ ва фалсафаи ахлоқи арастуӣ ҳоким буд. Он чи аҳаммият дошт ин набуд, ки муваффақ шудаед ё шикаст хӯрдаед, балки муҳим ин буд, ки чӣ гуна инсоне ҳастед. Ва ин ба шарофат, иззати нафс, каромат, некномӣ ва виҷдони пок марбут мешуд.

Бардошти куллӣ ин буд, ки фард бояд фазилатҳоро ба хотири фазилат буданашон бипарваронад ва тамринашон кунад, чун худи тамрину муморисат метавонад инсони беҳтаре аз фард бисозад. Бадеҳӣ аст, ки ҳама бар мабнои ин ормонҳо зиндагӣ намекарданд, аммо чорчӯби ахлоқии аслӣ ҳамин буд ва ин чорчӯб тафовути бунёдӣ дошт бо фарҳанги фавқулъода рақобатӣ ва фардмеҳварие, ки акнун дар он зиндагӣ мекунем.

Иллинг: Ин бардошт аз инсон ба унвони мошини лаззатҷӯ чӣ гуна дар фарҳанги ғарб ғолиб шуд? Чӣ тавр, ба қавли шумо, дар дохили ин андешаи ҷазмӣ гирифтор шудем?

Вуттон: Тасаввур мекунам ин равия дар қарни 16-ум ва бо мафҳуме аз Мокёвеллӣ (Макиавелли) оғоз шуд мабнӣ бар ин ки низомҳои сиёсӣ ҷараёнҳои тамоман дар пайи қудратанд ва қудратҷӯӣ поёне надорад ва ҳаргиз намешавад ба қадри кофӣ қудрат дошт ва ҳеч вақт намешавад аз рафтан ба дунболи қудрат бозистод. Ин мафҳум метавонад ҳамаи фаъолиятҳои сиёсиро ба унвони фаъолиятҳои худхоҳона ва мантиқӣ тавзеҳ бидиҳад.

Ин истидлол аз сиёсат оғоз мешавад ва баъд аз охирҳои қарни 17-ум то қарни 18-ум, ба риштаи ҷадиди равоншиносӣ мунтақил мешавад. Маҳбубияти азими ин бовар ҳам аз он ҷое меояд, ки метавонад тавзеҳе барои ҳамаи рафторҳои инсонӣ арза кунад, ки маъқул ва дар натиҷа даркпазир ва ҳатто пешбинипазир бошад. Сипас навбат ба риштаи иқтисод расид, ки ҳамроҳ бо зуҳури сармоядорӣ ба унвони чорчӯби иқтисодии мусаллат тануманд шуд ва афрод гуфтанд: “Бисёр хуб, метавонем рафтори инсонро бо ташкили як низоми подошу танбеҳ ислоҳ кунем. Метавонем бо подоши кучак ё танбеҳе ночиз, афродро ба анҷоми коре, ки мехоҳем, водор кунем.”

Иллинг: Ба назар мерасад он чи дар давраи равшангарӣ иттифоқ афтода ин бошад, ки тасаввуротамон дар бораи сиёсат ва равоншиносӣ ва ахлоқиёт, зайли чизе радабандӣ шудааст, ки акнун “мантиқи бозор” меномем. Ва ин мантиқ дар ҳамаи арзишҳо ва ниҳодҳои мо танида шуда, он ҳам ба шевае, ки ба назар мерасад, ки намешавад дар борааш чуну чаро кард.

Вуттон: Ба назари ман, ин бардошт камобеш дуруст аст. Масъалаи гиҷкунанда ин аст, ки: оё сармоядорӣ рафторҳои худхоҳона тавлид кардааст? Ё ин ки рафторҳои худхоҳона ҷомеаи сармоядориро эҷод кардааст?

Иллинг: Посухи шумо чист?

Вуттон: Аз назари ман, равоншиносии ҷадид тақаддум дорад ва ин равоншиносӣ поя ва асоси сармоядории бозорро эҷод мекунад. Бинобар ин, ба ҷои он ки бигӯем иқтисод аст, ки шеваи дарки мо аз ҷаҳонро шакл медиҳад, мехоҳам бигӯям ин наҳваи даркамон аз ҷаҳон аст, ки ба тарзи фикрамон дар бораи иқтисод шакл мебахшад.

Иллинг: Мутмаин нестам, ки бо ин ҳарф мувофиқ бошам. Як ақидаи морксистии қадиме вуҷуд дорад, ки мегӯяд: низомҳои иқтисодӣ аз тариқи эҷоди арзишҳое давом меоваранд, ки вуҷуди ин низомҳоро тавҷеҳ ва аз онҳо пуштибонӣ мекунанд, ки аз назари ман дуруст аст. Мо вориди асри тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоядорӣ шудем ва сипас фалсафаҳои ахлоқӣ — ва дар имтидоди он, як фарҳанг – пайдо шуд, ки тавҷеҳкунандаи ин шева аз зиндагӣ буд.

Вуттон: Талошам ин аст, ки бо эҳтиёти фаровон, бигӯям чунин иттифоқе науфтодааст. Аз нигоҳи ман, касоне монанди Одом Исмит (файласуф ва иқтисоддони искотландӣ дар қарни 18-ум) мехостанд инсони ҷадиде барсозанд, то маҷмӯае аз равобити бозорро падид биёварад, ки фикр мекарданд хубу писандида аст.

Агар то давраи Юнони бостон ва қуруни вусто ақиб биравед, хоҳед дид, ки бо ин ки онҳо тақрибан дар бораи ҳама чиз назарияҳои печидае доштаанд, аммо амалан барои тарзи кори иқтисод ҳеч шарҳу тавзеҳе надоштаанд. Аммо вақте физики нютонӣ ва зовияи диди он ба ҷаҳон ба унвони низоми худтанзимкунанда ҳосил шуд, ин бардошт аз ҷомеа ва иқтисод ба унвони низомҳои худтанзимкунанда ҳам падид омад.

Бинобар ин, назари ман ин аст, ки пешфарзҳои бунёдии чунин бардоште аз ҷомеа на ба пайдоиши сармоядорӣ, ки ба пайдоиши улуми табиӣ ва ин бовар марбут мешавад, ки ҷаҳон — ва инсонҳо — ро мешавад ба мошинҳои қобили пешбинӣ ва пойбанд ба қоидаҳо тақлил дод.

Иллинг: Ҷолиб аст, аммо мутмаин нестам чизе, ки мегӯед бо он чи гуфтам носозгор бошад. Гузашта аз ҳар чиз, метавонем ин фарзро бипазирем, ки инсонҳо ба андозаи атомҳо қобили пешбинианд ва бо далелу мантиқ ба навъи дигаре аз низоми иқтисодӣ бирасем.

Бахши зиёде аз ин мавзӯъ ба ин бармегардад, ки чӣ дидгоҳеро нисбат ба табиати инсон иттихоз кунем. Метавонед аз ин зовия нигоҳ кунед: ҷомеаи масрафии мо ба ин далел вуҷуд дорад, ки мо дар зоти худамон ҳарису моландӯзем ё ин ки мо барои ин ки ҷомеаи масрафӣ сари по бимонад, худамонро ҳарису моландӯз бор овардаем.

Вуттон: Дуруст аст. Тамоюли ман ба сӯи дидгоҳи дуввум аст. Тасаввури ман ин аст, ки ибтидо мо худамонро мавҷудоте дар пайи қудрат ва фавқулъода рақобатмеҳвар тасаввур кардаем ва ба дунболи он, низомҳои сиёсӣ ва иқтисодии мутаносиб бо ин бардошт аз табиати инсонро эҷод кардаем.

Иллинг: Корл Юнг мӯътақид буд ин идеяҳо ҳастанд, ки соҳиби афроданд, ва на баръакс. Ба назар мерасад шумо ҳам истидлоли мушобеҳе дар бораи табиат ва ризоятмандии инсон тарҳ мекунед; ин ки мо ба шакле асосӣ гирифтори мафоҳими равшангарӣ шудаем ва фаромӯш кардаем, ки ин мафоҳим эҷод шудаанд.

Вуттон: Бисёр ҷолиб аст, бале ҳаминро мегӯям. Табиат ҳамоне аст, ки ҳаст ва тарзи фикрамон, ҳарчи, ки бошад, рафтори табиати яксон аст. Аммо дар робита бо навъи башар масъала ба ин соддагӣ нест. Ин ки чӣ касе ва чӣ чизе ҳастем, асосан вобаста ба ин аст, ки бовар ва эътиқодамон дар бораи худамон чӣ гуна бошад.

Дар ин маъно, метавон гуфт, ба василаи забоне, ки барои сухан гуфтан аз худамон истифода мекунем, худамонро бармесозем. Ва ин забон шакл мебахшад ба ин ки чӣ чизе бишавем ва чӣ тавр фикр кунем. Агар бо забони манфиати шахсӣ аз худамон ҳарф бизанем, он вақт мардумоне хоҳем буд, ки ба дунболи манфиати шахсӣ ҳастанд.

Акнун мо дар ҷомеаҳои бисёр печида зиндагӣ мекунем, ки дар он забонҳои мутадохили мутаъаддиде дорем. Аммо, аз қарни 18-ум ба баъд, забони марбут ба рафтори худхоҳона ва манфиати шахсӣ, дастикам дар ғарб, ба забони ғолиб бадал шудааст, ки ин бардоштро эҷод мекунад, ки нақши аслии ҳукумат ба ҳаддиаксар расондани сарвату рифоҳу афзоиши меъёрҳои зиндагӣ аст.

Иллинг: Шояд битавонем масъаларо ба шевае дигар тарҳ кунем ва бигӯем, ки ин тасаввурот ба хотири бовар ва эътиқоди мо ба онҳо ранги ҳақиқат мегиранд; дуруст монанди пули коғазӣ, ки сохтагӣ аст, аммо чун ҳама тавофуқ дорем, ки воқеӣ аст, ба пули воқеӣ бадал мешавад.

Вуттон: Дақиқан. Пул мисоли хубе аз ин вазъият аст. Агар имонамонро ба пули коғазӣ аз даст бидиҳем, арзиши пули коғазӣ аз байн меравад. Арзиши пули коғазӣ фақат ва фақат ба далели бовари мо ба он аст. Раванди эҷоди бовар ба пули қоғазӣ, раванди иҷтимоии бисёр печидае аст, ки сад сол ё бештар дар ҷараён будааст. Гоҳе ин бовар мешиканад ва фурӯ мерезад, дуруст монанди иттифоқе, ки дар ҷараёни инқилоби Фаронса рух дод ва пули коғазӣ беарзиш шуд.

Дар ин маъно, метавон гуфт, ки мо ниҳодҳои иҷтимоӣ падид меоварем, ки ба бовари мо нисбат ба он ниҳодҳо бастагӣ доранд ва низ анвоъе аз рафтори инсонӣ эҷод мекунем, ки ба бовари мо нисбат ба ин рафторҳо вобастаанд. Гоҳе ҳам фаромӯш мекунем, ки то чӣ ҳадд инъитофпазир ҳастем ва он чи лозим дорем ин аст, ки нигоҳе ба худамон биандозем ва бигӯем: “Ин ҳамон чизе аст, ки мехоҳӣ бошӣ?” ва, агар посух манфӣ аст, бояд худамонро бозсозӣ кунем.

Иллинг: Кунҷковам бидонам, ки оё аз назари шумо, мо дар ҳоли ҳозир таҳти султаи бовари сохтагӣ ё таъассубомез ҳастем, ки зиндагии рӯзмарраамонро ҳидоят мекунад, аммо гоҳе маълум мешавад, ки ин бовар ғалат ва мухарриб аст?

Вуттон: Аз назари ман, мо дар даврае зиндагӣ мекунем, ки танишҳои зиёде дар бораи демукросӣ вуҷуд дорад, чӣ ба унвони як идея ва чӣ ба унвони маҷмӯае аз иддаоҳо дар бораи ҳуқуқе, ки ба хубӣ дар хидматамон будаанд. Шояд фикр кунед, ки панҷоҳ ё сад соли дигар касоне ба гузашта бингаранд ва бигӯянд: “Чӣ тавр шуд, ки он ҳама муддат фикр мекардем, ки он шева барои созмондиҳии ҷомеа муносиб аст?”

Шахсан фикр мекунам ҳақ бо Винстун Черчил буд, ки мегуфт демукросӣ бадтарин шакли ҳукумат кардан аст, албатта ба ҷуз бақияи шаклҳои дигар (ки гоҳу бегоҳ таҷриба шудаанд). Аммо ман ҳам монанди дигарон аз дохили систем машғул ба тафаккурам. Касе чӣ медонад 50 соли дигар ҷаҳон чӣ шакле хоҳад буд ё ин ки назари мардум дар бораи инсоф ва дурустӣ чист.

Иллинг: Шояд он чи лозим аст анҷом бидиҳем ин бошад, ки барои ёфтани раҳнамуди фалсафӣ ба ҷое фаротар аз ғарб бингарем. Ҳамон тавр, ки мегӯед, мо гирифтори ин ақоиди таъассубомезе шудаем, ки ночорамон мекунанд бо мафоҳими худхоҳона ва фардмеҳварона фикр кунем, дар ҳоле ки дар суннатҳои ҳакимонаи шарқӣ равиши комилан мутафовите барои андешидан ба худ ва саодатмандӣ вуҷуд дорад.

Вуттон: Фикр мекунам бояд аз равишҳои фардмеҳваронаи тафаккурамон каме фосила бигирем ва бипурсем, ки оё ин равишҳо фоидае ба ҳоламон доранд ё на. Ҳамчунин бояд бибинем, ки фарҳангҳои дигар чӣ тавр рафторҳои гурӯҳӣ ва иштирокиро ташвиқ мекунанд. Ман тахассусе дар фалсафаи шарқ надорам ва наметавонам дар ин робита ҳарф бизанам. Вале ҳикмати амиқе дар онҷо ҳаст ва душвор аст, ки набинем аз таъомул бо он то чӣ ҳадд метавонем манфиат бибарем.

Vox

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: