Перейти к содержимому

Муқассири аслӣ дар ҳодисаи Нюзеланд аз нигоҳи фаъолони араб

Фаъолони сиёсӣ дар кишварҳои арабӣ мӯътақиданд, ки иқдомҳои таҳрикомези мақомоти Аморот ва ҳамчунин раисиҷумҳури Миср дар чанд соли ахир, бар густариши исломҳаросӣ дар ғарб ва ҳаҷмаҳои мутаъаддид алайҳи мусалмонон, муассир будааст.

Сойти хабарии Алхалиҷ онлойн дар ёддоште бо унвони “Бад-ин гуна, Миср ва Аморот ростгароҳои ифротии урупоиро алайҳи мусалмонон таҳрик карданд”, овардааст: “Ҳамлаи теруристӣ ба ду масҷид дар Нюзеланд (Зеландияи нав) ва куштори 49 намозгузори мусалмон дар онҷо, худ ба худ сурат нагирифта, балки натиҷаи таҳрики тарафҳои ростгарои ифротӣ дар Урупо алайҳи мусалмонон ва масоҷид дар Урупо будааст.”

Ин сойт навишт: “Тақвияти исломҳаросӣ дар ғарб танҳо тавассути худи урупоиҳо сурат намегирад, балки мақомоти араб ҳам дар он саҳим будаанд, ки барҷастатарини онҳо, Абдуллоҳ бен Зоид, вазири хориҷаи Аморот ва Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср буданд.”

Ба навиштаи Алхалиҷ онлойн, иқдомоти таҳрикомези Аморот алайҳи мусалмонони Урупо бо суханони Бен Зоид дар ҷараёни семинори “Муғарридун” оғоз шуд; семиноре, ки соли 2017 дар Риёз, пойтахти Арабистон баргузор шуд ва дар онҷо вай ба урупоиҳо дар бораи ҳузури 50 милюн мусалмон дар кишварашон ҳушдор дод ва гуфт, ки аз байни онҳо терурист ва ифротгаро берун меояд.

Фаъолони араб мегӯянд, бозтоби изҳороти ин мақоми аморотӣ, дар бархӯрди аҳзоби ростгарои ифротӣ бо масоҷиди мусалмонон дар Урупо худро нишон дод, ба гунае, ки онҳоро ба самти гуфтумонҳои таҳрикомез алайҳи мусалмонон кашонд ва ин мавзӯъ, афзоиши ҳамалот алайҳи мусалмонон дар Урупо ва ваҳшиёнатарини он, ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи ҷумъа ба ду масҷид дар Нюзеландро рақам хӯрд.

Алхалиҷ онлойн таъкид кард: “Иқдомоти таҳрикомез алайҳи мусалмонони Урупо фақат ба Бен Зоид маҳдуд намешавад, Наҳён бен Муборак Оли Наҳён, вазири фарҳанги Аморот ҳам дар 11-уми ноябри 2017 дар гуфтугӯ бо хабаргузории Олмон, ифротгароии бархе мусалмонон дар Олмон, Фаронса, Англис ва Белжикро бо набуди назорати кофӣ аз сӯи мақомоти урупоӣ бар масоҷид ва марокизи исломӣ муртабит хонд.”

Оли Наҳён дар он замон иддао кард, ки набуди назорати кофӣ бар масоҷид дар Урупо мунҷар ба вуқӯъи ҳамалоти теруристӣ дар онҷо мешавад ва набояд ба роҳатӣ иҷозаи боз кардани масоҷид ва рафтани ҳар фарде ба онҷо ва эроди нутқро дод, балки бояд муҷаввизе барои ин корҳо бошад.

Ин вазири аморотӣ гуфт: “Ба бовари мо, бояд чизе дар Урупо иттифоқ биуфтад, чун ин кишварҳо аз сари ҳусни нияташон аст, ки ба чунин мардуме иҷозаи идора кардани масоҷид ва марокизи махсуси онҳоро медиҳанд.”

Оли Наҳён, омӯзиши раҳбарони динӣ тавассути Аморотро хостор шуд ва бар зарурати судури муҷаввиз барои онҳо қабл аз эроди нутқ дар масоҷид таъкид кард ва гуфт: “Ҳеч касе дар Урупо наметавонад ба калисое биравад ва дар онҷо ба роҳатӣ суханронӣ кунад.”

Суханони таҳрикомези он замони вазири аморотӣ бо мухолифати ҳуқуқии Созмони арабии ҳуқуқи башар дар Англис рӯ ба рӯ шуд, ки онро талоше ноком барои табдили масоҷид дар Урупо ба марокизи амниятӣ дар ростои манофеъи барномаҳои Аморот донист.

Ин созмон таъкид кард, ки масоҷиди Урупо назири анҷуман ва муассисоти исломии онҷо тобеъи қонунҳои ҷиддӣ ва сахтгиронае аст ва мудирияти масоҷид бар анҷоми вазоифи худ мутобиқ бо омӯзаҳои ноби исломӣ эҳтимом меварзанд.

Ин созмон ба кишварҳои Иттиҳодияи Урупо дар бораи посух ба дархости вазири аморотӣ барои омӯзиши имомони ҷамоат дар кишвари Аморот ба манзури табдил нашудани масоҷид дар Урупо ба марокизи амниятӣ ва ҷосусӣ ба нафъи Абӯзабӣ ҳушдор дод.

Ин созмон зимни дархост аз давлатҳои Иттиҳодияи Урупо барои дур кардани Аморот аз умури исломӣ ва арабӣ дар Урупо гуфт: “Абӯзабӣ ва ниҳодҳои амниятии он масъули ҷиноятҳои Ховари Миёна ҳастанд, ки ба ташдиди хушунат ва теруризм мунҷар шудааст.”

* * *

Ассисӣ роҳи Аморотро дар пеш гирифт

Иқдомоти таҳрикомез алайҳи мусалмонон дар Урупо фақат маҳдуд ба Аморот набудааст, Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср низ дар ин қазия шарик будааст. Ӯ густариши теруризм ва ифротгароиро ношӣ аз набуди назорати раҳбарони урупоӣ бар масоҷид ва адами шинохт аз гуфтумони динии хитоб ба мусалмонон донист.

Ассисӣ дар ҷараёни конфронси амнияти байналмилалӣ дар моҳи феврал дар Муних (Мюнхен), бо даъват ба ислоҳи гуфтумони динӣ ва назорат бар масоҷид, ба шакле бесобиқа Урупоро алайҳи мусалмонон таҳрик кард. Раисиҷумҳури Миср аз маҷомеъи байналмилалӣ хост, арсаро бар исломгароён танг кунанд. Ба эътиқоди Ассисӣ, Урупо гӯё аз теруризм чашмпӯшӣ мекунад.

Фаъолони мусалмон дар Урупо мӯътақиданд, ки дархостҳои Ассисӣ аз раҳбарони кишварҳои урупоӣ барои назорат бар масоҷиди мусалмонон дар кишварҳояшон, таҳрик алайҳи мусалмонон ва омили ҳаҷмаҳои гаҳгоҳ алайҳи онҳост.

Туркӣ Ашшалҳуб, як фаъоли иҷтимоӣ видеоеро дар фазои маҷозӣ бознашр дода, ки дар он Ассисӣ аз кишварҳои урупоӣ хост, ба хубӣ масоҷидро зери назар бигиранд ва ғайримусалмононро алайҳи мусалмонон онҷо таҳрик кард ва дар ҳошияи он навишт: “Ин бахше аз гуфтумони таҳрик алайҳи масоҷиди мусалмонон дар Урупост!

Солеҳ Мусавӣ, як фаъоли дигар ҳам таъкид кард, ки амалиёти теруристӣ алайҳи масоҷиди мусалмонон дар Нюзеланд натиҷаи гуфтумони таҳрикомези Ассисӣ ва Бен Зоид алайҳи масоҷиди Урупо дар чанд соли ахир будааст.

Абдуҷҷаббор Иваз Алҷарирӣ, фаъоли маданӣ ҳам аз ҷумла далоили ҷинояти Нюзеландро таҳрики мақомоти Аморот алайҳи масоҷид ва мусалмонон дар Урупо донист.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: