Перейти к содержимому

Маҳмадалӣ Ҳаит бояд фавран озод гардад! // Дархости 9 созмони ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон

Ба гузориши сойти Ахбор, 9 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон рӯзи 20 март дар як изҳороти муштарак, аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки муовини раиси Ҳизби наҳзати исломтӣ, Маҳмадалӣ Ҳаитро аз зиндон озод кунанд. Ҳамсари Ҳаит ҳафтае пеш баъди аёдати ӯ дар зиндон гуфт, ки Ҳаитро шиканҷа мекунанд, то дар як видео даст доштанаш дар теруризмро ба гардан гирифта, роҳбарони мухолифинро маҳкум кунад. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷомеаи байналмилалӣ хостаанд, ки агар мақомоти Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башарро ислоҳ накунанд ва аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаитро озод накунанд, нисбат ба Душанбе чораҳои муҷозотӣ, аз ҷумла таҳримот биандешанд.

Изҳороти муштараки 9 созмони ҳуқуқи башар — Freedom House, Freedom Now, Global Advocates, Human Rights Vision Foundation, Human Rights Watch, Мушорикати байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, Анҷумани ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ ва Анҷумани муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ – бо талаби озодии Маҳмадалӣ Ҳаит рӯзи 20 март нашр шуд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин изҳорот гуфта мешавад, “ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран ва бидуни қайду шарт фаъоли сиёсии шадидан маризро, ки аз шиканҷа шикоят кардааст, озод кунад.”

Маҳмадалӣ Ҳаит, ки моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шудааст, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бузургтарин ҳизби опозитсионии ин кишвар аст, ки фаъолияташ моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон манъ ва ба рӯйхатти созмонҳои теруристӣ ворид карда шудааст.

Маҳмадалӣ Ҳаит дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе адои ҳукм мекунад.

Ҳамсари ӯ Савринисо Ҷӯрабекова, ки рӯзи 9 март аз Маҳмадалӣ Ҳаит аёдат кард, хабар дод, ки дар бадани ӯ нишонаҳои шиканҷа дида мешуд. Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳамсараш гуфтааст, ки мақомоти зиндон ӯро шиканҷа медиҳанд, то дар як видео даст доштанаш дар теруризмро ба гардан гирифта, ба зидди роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ гап занад.

Надежда Атаева, роҳбари Анҷумани ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Ин хабарҳои изтиробовар дар бораи бадрафторӣ нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳаит бояд тамоми шарикони байналмилалии Тоҷикистонро ба иқдом таҳрик диҳад. Мо аз намояндагиҳои дипломатӣ дар Душанбе мехоҳем, ки бо барои иҷозати аёдати Ҳаит ва дигар маҳбусоне, ки вазъашон ташвишовар аст, дархост диҳанд ва озодии билофосилаи онҳоро талаб кунанд.”

Маҳмадалӣ Ҳаит, ки 62 сол дорад, аз мунтақидони сарсахти сиёсати ҳукумати кунунии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Ҳаит зимни боздиди ахир бо наздиконаш ҳамчунин гуфтааст, ки рӯзи 6 феврал дучори инсулт шуд, вале зиндонбонҳо ба вай дорувори овардаи хешовандонашро надоданд. Ӯ гуфтааст, ғро шиканҷа дода, талаб доранд, ки дар як видео ба зидди раиси ҲНИТ Кабирӣ гап занад. Ҳаит Нуриддин Раҳмон, як мақоми баландпояи идораи зиндонҳои Тоҷикистонро ба даст доштан дар шиканҷааш айбдор кардааст.

Бар пояи гузориши сойти Ахбор, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ёдовар шудаанд, ки Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона ҳанӯз моҳи майи соли 2018 ба озодии билофосилаи Маҳмадалӣ Ҳаит даъват карда, идомаи боздошти ӯро бар хилофи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон номида буд. Барои иҷрои он тавсияи Созмони Милал ба Душанбе 6 моҳ фурсат дода шуда буд, вале бо гузашти беш аз 10 моҳ мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тақозои Созмони Милал иқдом накардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки ин қарори Созмони Милалро иҷро карда, дастрасии Маҳмадалӣ Ҳаит ба кумаки тиббиро таъмин ва вайро озод кунанд.

Дар изҳороти муштараки 9 созмон ҳамчунин гуфта мешавад, ки Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои калидии байналмилалӣ бояд бо сароҳат ба озодии Маҳмадалӣ Ҳаит ва тамоми дигар маҳбусоне, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, даъват кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ниҳодҳои дипломатӣ, аз ҷумла аз Созмони Милал ва САҲА ҳамчунин хостаанд, ки барои аёдати Ҳаит дар зиндон дархост бидиҳанд.

Ба ақидаи ин 9 созмон, созмонҳои байналмилалӣ бояд ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биоранд, то ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар мавриди озодии гирдиҳамоӣ, озодии баён, озодии эътиқодро иҷро карда, дар ғайри ин сурат, алайҳи мақомоти масъули таъқибу зиндонӣ кардани фаъолони сиёсӣ, шиканҷа ва дигар мавридҳои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон аз чораҳои таҳримотӣЮ ба мисли мунҷамид кардани ҳисобҳои бонкӣ, манъи ироаи раводиди сафар кор бигиранд.

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд дар маҳзари ом ва якдилона ин таҳқири адолатро маҳкум кунанд. Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон башиддат бад мешавад ва Вошингтон, Брюссел ва ҷонибҳои дигар дар сурати наандешидани тадбирҳои оҷил дар масъалаи беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон бояд масъалаи қабули чораҳои дақиқи муҷозотиро баррасӣ кунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: