Перейти к содержимому

Наврӯз, Назарбоев, Раҳмон ва дуо

Ҳар вақт дар ёфтани унвон барои як ёддошт ва ё мақолае, ки мехоҳам бинависам гир кардам, вожаҳои калидии баҳсро пушти сари ҳам мегузорам ва дигар барои ёфтани унвони муносиб барои ёддошти мавриди назар, зеҳнамро хаста намекунам. Чаҳор вожае, ки дар унвони ин ёддошт оварда шудааст — вожаҳои Наврӯз, Назарбоев, Раҳмон ва дуо — дар воқеъ вожагони калидие ҳастанд, ки меҳвари баҳсҳои нигоранда дар ин ёддошт ба шумор меоянд.

Асосан, қасдам фақат навиштани паёми табрикӣ ба муносибати Наврӯз буд, вале якдафъа, ки хабари истеъфои Нурсултон Назарбоев мунташир ва ғофилгирамон кард — рухдоде, ки бетардид дар хӯри таваҷҷӯҳ аст ва лозим аст мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бигирад – бар ин шудам, ки то паёми табрики наврӯзии имсолро бо ёдоварии ду се нукта роҷеъ ба истеъфои Назарбоев ва таъсире, ки аҳёнан рӯи ҳампиёлаҳояш дар соири кишварҳои минтақа аз ҷумла рӯи Эмомалӣ Раҳмон хоҳад дошт, биёмезам, то дигар ниёзе ба навиштани як ёддошти ҷудогона дар ин мавзӯъ боқӣ намонад.

* * *

1) Нуктаи аввал дар бораи Наврӯз: Наврӯз – ки гоҳе мавриди баҳсу ҷанҷолу табодули назари мо, диндорон қарор мегирад, ки оё ҷоиз аст ҷашн гирифта шавад ё на – дар дараҷаи аввал, як ҷашни табиат аст. Фасли баҳор барои табиат, дар воқеъ фасли таҷдиди ҳаёт барои ӯст. Табиат дар ин фасл зинда мешавад.

Ниёкони мо агар Наврӯзро, ки оғози фасли зебои баҳор аст, ба унвони як ҷашн барои худ “эътибор” кардаанд, онҳо — қатъи назар аз гароишашон ба ин ё он дину ойин — хостаанд ин “эътибор” сирфи “қарордод” ҳам набошад, балки “эътибор ва қарордоди иҷтимоие” бошад, ки реша дар як ҳақиқат дар ҷаҳони ҳастӣ дорад.

Инки баҳор растохези табиат ва зинда шудани табиат ва таҷдиди ҳаёти ӯст, ин як ҳақиқат аст, Худованд табиатро ба ҳамин сурат падид оварда. Ва чун ҳар қавму миллате барои худ ҷашне доранд – ва ҷашн ҳам як эътибор ва қарордоди иҷтимоӣ аст – ниёкони мо бо дироят ва зарофати комил он рӯз аз солро барои худ ба унвони ҷашн интихоб кардаанд, ки ҷашни ҳақиқии табиат аст. Чӣ нек интихоб ва қарордоде! Қарордоде беҳтар аз ин қобили тасаввур нест. Замоне аз солро ту барои хушҳолӣ ва шодмониат интихоб намоӣ, ки табиат дар он замон ҳамроҳ бо ту шодмон аст, хушҳол аст, ҷашн мегирад. Оё чизе беҳтар аз ин қобили тасаввур аст?!

* * *

2) Аммо нуктаи дуввум дар бораи истеъфои Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури инак собиқи Қазоқистон. Бетардид, ин хабар як хабари хушҳолкунанда на танҳо барои мардуми Қазоқистон, ки тамоми мардуми минтақа аст; мардуме, ки чаҳоряк қарн аст дар арсаи сиёсии кишварҳои худ шоҳиди фақат як фасл ҳастанд, ва ин фасли якнавохту якранг – қатъи назар аз ин ки гарм будааст ё сард — барояшон бисёр малоловару хастакунанда гардида. Зеро, барои инсони танаввуъталаб, на тобистони тӯлониву беш аз ҳадд дилпазир аст ва на зимистони дуру дароз, хушоянд. Инсон, ба муқтазои табиаташ, хоҳони танаввуъ дар ҳамаи арсаҳо аз ҷумла арсаи сиёсат аст. Бинобар ин, истеъфои Назарбоев аз ин назар хушҳолкунанда аст.

Аммо бо ин ҳама, лозим аст ёдоварӣ намоям, ки “истеъфо” ба ин сурат ва ба ин шакл, ки дар Қазоқистон шоҳидаш ҳастем ва чи басо дар ояндаи наздик дар Тоҷикистони худамон ҳам такрор шавад, мутаассифона ҷойе барои хушҳолӣ боқӣ намегузорад. Чаро?

Далелаш ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳе, ки дар қонуни имрӯзи Қазоқистон барои Нурсултон Назарбоев таъриф шудааст, ин “истеъфо” ҳаргиз ба маънои рафтани ӯ аз арсаи сиёсии кишвар ва аз тасмимгириҳо ва аз дахолат дар умури кишвардорӣ нест. Яъне, мисли он чи дар кишварҳои воқеан демукротик роиҷ аст нест, ки бо поён ёфтани муддати замони риёсати ҷумҳурӣ ё нахуствазирии оқои X ё Y, ӯ дигар равад пайи кораш ва ба лиҳози қонунӣ ҳаққи ҳеч гуна дахолат дар тасмимгириҳо надошта ва мисли соири шаҳрвандон гардида бошад. Чунин нест, мутаассифона.

Нурсултон Назарбоев, тибқи қонуни мавҷуд, ҳанӯз ба истилоҳ “Элбасӣ” (Пешвои миллат) аст. Барои “Элбасӣ” дар қонуни асосӣ, ихтиёроте таъриф шудааст, ки ӯро ҳатто аз мақоми риёсати ҷумҳурӣ низ болотар мегузорад ва раисиҷумҳури оянда, ҳар кӣ бошад, дар воқеъ як арӯсаке беш нахоҳад буд дар дастони “Элбасӣ”!

Барои ин ки масъала барои хонанда равшантар бишавад, ба пораҳое аз ихтиёроти “Пешвои миллат” ишора бикунам, ки барои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, дар қонуни кишвар таъриф шудааст. (Бо ин ки намедонам, оё ихтиёроти “Элбасӣ” дар Қазоқистон дақиқан ҳамон ихтиёроте аст, ки барои “Пешвои миллат” дар қонуни Тоҷикистон таъриф шудааст ё на бо он фарқ мекунад, инро дақиқан намедонам, аммо бо ин ҳама, барои фаҳми асли матлаб кӯмак мекунад.)

Барои “Пешвои миллат” дар қонуни мавҷуд дар кишвари мо, аз ҷумла ихтиёроти зерин таъриф шудааст:

— Нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, маҳдудияти бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад;

— Ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳимми сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат менамояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ, ҳатмӣ мебошад;

— Масъалаҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд;

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. (Дахлнопазирӣ яъне “неприкосновенность”)

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад;

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст.

Ин буд танҳо порае аз ихтиёроти “Пешвои миллат”, ки дар қонуни Тоҷикистон барои Раҳмон таъриф шудааст. (Хонандаи азиз метавонад бо тамоми ин қонун дар инҷо ошно шавад.)

Хуб, бо ин ихтиёрот, ки барои Раҳмон ба унвони “Пешвои миллат” дар қонун таъриф шудааст, агар бар фарз фардо ба “истеъфо” биравад, оё ӯ дар воқеъ рафтааст?! Мусалламан на.

Суханоне, ки Нурсултон Назарбоев ҳамин дирӯз ҳангоми эълони истеъфои худ эрод намуд, дар ин замина бисёр қобили таваҷҷӯҳ аст. Ӯ, бо баёни ин ки “ман ба қароре расидам, ки салоҳиятҳои худро ба ҳайси президенти кишвар канор гузорам”, гуфт: “Бар асоси қонун, ман мақоми нахустин раиси ҷумҳури Қазоқистон, Элбасӣ ва пешвои миллатро дорам. Ман раиси Шӯрои амнияти миллӣ мемонам, ки бар асоси қонун салоҳиятҳои ҷиддии муайян кардани сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии кишварро дорад. Ман раиси Ҳизби “Нур Отан” ва узви Шӯрои конститутсионӣ мемонам. Яъне ҳамчун як шаҳрванди кишвар, ҳамчун инсоне, ки мардум ва кишварашро дӯст медорад, бо Шумо мемонам.”

Ин яъне ман ҳанӯз ҷойе нарафтаам, бехуд хушҳол нашавед.

* * *

Мушкили аслӣ дар ин аст, ки ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар Тоҷикистон, мутаассифона қонун бозичаи дасти ин “пешвоҳо” қарор гирифта. Ба сухани дигар, онҳо ба ҷойи ин, ки тобеъи қонун бошанд ва аз чорчӯби он хориҷ нашаванд, қонунро тобеъи худ ва хостаҳои худ намудаанд. Ин як мусибат аст.

Бинобар ин, то замоне, ки қонун дар ин кишварҳо аз асос бозбинӣ нашавад ва тамоми тағйиру иловаҳое, ки дар муддати 25 соли гузашта вориди қонун шуда ҳазф нагарданд, ин гуна “рафтанҳо” ва “истеъфоҳо” ҷуз кулоҳ гузоштан бар сари мардум чизи дигаре нест.

* * *

3) Ҳоло дар поён бо чанд ҷумла дуо ба даргоҳи илоҳӣ дар соли ҷадид, ёддоштамро ба поён мерасонам:

Худоё! Аз ту масъалат мекунам, соли навро барои Тоҷикистони азизамон, соле барои шукуфоӣ, соле барои пешрафт, соле барои озодии ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ қарор бидиҳӣ!

Худоё! Аз ту мехоҳам, худат дили мақомҳои кишварамонро нарму мулойим гардонӣ, то бар асоси тарозуи адолат бар мардум ҳукумат биронанд ва тобеъи қонун бошанд, на ин ки қонунро тобеъи худ ва хостаҳои худ намоянд!

Худоё! Аз ту масъалат менамоям, барои ҷавонони ин сарзамин огоҳӣ ва бедорӣ ва донишу маърифат ато бифармоӣ!

Худоё! Аз ту мехоҳам, барои руҳонияти Тоҷикистон басирату биниши лозим дар ташхиси дуруст аз нодуруст, саҳеҳ аз ғалат ва савоб аз носавоб ато бикунӣ, то бидонанд, роҳ кадом аст ва чоҳ кадом?! Тавфиқи фаҳми дуруст ва амиқи ойини инсонсози ислом, дарки масоили рӯз ва ташхиси авлавиятҳо насибашон бифармоӣ, то бидонанд, ки ойини ҳазрати Муҳаммад (с) барои васл кардан омада, на барои фасл кардан!

Худоё! Раҳбарон ва фаъолони аҳзоби сиёсиро бо андешае рӯшангар ва зеҳне барномарез ва маҳорати мудирияти саҳеҳ баҳраманд созӣ!

Ҳулули соли нав ва таваллуди дубораи табиат, иди фархунда ва куҳани Наврӯзи бостониро, ки ёдгори ниёкон ва паёмовари дӯстӣ, ишқ ва муҳаббат аст-ро ба так-таки азизон табрик мегӯям.

Эй дигаргунгари дилҳову дидаҳо!

Эй гардонандаи чархи рӯзону шабон!

Эй беҳбудбахши рӯзгори мардумону замин!

Ҳоли моро ба беҳтарин ҳол дигаргун бифармо!

Соли нав бар шумо муборак!

Бо камоли эҳтиром,

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: