Перейти к содержимому

Даргузашти яке аз поягузорони ҲНИТ // Шарҳи ҳоли Ҳоҷӣ Қаландар

Ҳоҷӣ Қаландар Садруддинзода, яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Раёсати Олии ин ҳизб, дар синни 68-солагӣ, дар ҳиҷрат дори фониро тарк ва ба дори боқӣ шитофт.

Ин хабарро яке ду соат пеш писари эшон, Муҳаммадиқболи Садруддин дар сойти Ислоҳ эълон намуд. Ҳоҷӣ Қаландар дар соли ахир, ки дар кишвари Лаҳистон ба унвони паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ мекард, дар бистари беморӣ қарор дошт.

* * *

Шарҳи ҳоли Қаландар Садруддинзода

Қаландар Садруддинзода дар 27 декабри соли 1951 дар деҳаи Яхаки ноҳияи Комсомолобод (Нурободи кунунӣ) ба дунё омадааст. Ӯ таълимоти динии ибтидоиро дар назди падари худ, Мулло Садруддин, ки аз руҳониҳои деҳа ба шумор меомад, фаро гирифт.

Ҳоҷӣ Қаландар соли 1968 мактаби миёнаро дар ҳамин деҳа ба поён расонд. Соли 1970 ба шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари феълӣ) кӯч баст ва манзили кучакеро харидорӣ ва дар он иқомат намуд.

Ӯ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо Домулло Неъматуллоҳ Эшонзода ошноӣ пайдо карда ва таҳсили улуми исломиро дар назди ӯ идома дод. Илми тафсиру ҳадисро дар назди Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фаро гирифт.

Қаландар Садруддинзода яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба шумор меояд. Ин ҳизб, ки дар ибтидо бо номи “Наҳзати ҷавонон” шинохта мешуд, дар таърихи 20 апрели соли 1973 дар манзили Қаландар Садруддинзода бо ҳиммати панҷ тан, ки иборатанд аз: Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (муассис ва нахустин раҳбари ҲНИТ), Муҳаммадҷон Ғуфронов маъруф ба “Қорӣ Муҳаммадҷон”, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдуссалом ва Қаландар Садруддинов, таъсис гардид.

Ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар риштаи молия ва қарз аст. Пас аз фориғуттаҳсил шудан, ибтидо дар яке аз мағозаҳои идораи таъовунии ноҳияи Кумунистӣ (Бохтари кунунӣ) ба унвони мудир машғул ба кор шуда ва сипас то соли 1992 ба ҳайси раиси корхонаи зарфсозии ҳамин идора анҷоми вазифа намудааст.

Қаландар Садруддинзода соли 1992 дар натиҷаи бурузи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ҳамроҳ бо соири шаҳрвандон ба Афғонистон ҳиҷрат намуд ва дар онҷо масъулияти дафтари намояндагии ИНОТ дар шаҳри Ҳиротро ба ӯҳда дошт. Баъди имзои Созишномаи сулҳ ба ватан баргашт ва ба унвони коршинос дар Кумисиюни Оштии Миллӣ ифои вазифа намуд.

Ӯ аз соли 2000 то соли 2010 масъулияти раёсати шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппаро ба ӯҳда дошт ва аз соли 2010 то замони қатъи фаъолияти расмии ҲНИТ узви Окодемии исломии ин ҳизб ва масъули Окодемӣ дар Қӯрғонтеппа буд. Ҳоҷӣ Қаландар узви Раёсати Олии ҲНИТ аст.

Ӯ китобе таҳти унвони “Биҳишти нав” таълиф кардааст ва дар охирҳои умри худ машғули нигориши ду китоби дигар – яке “Таърихи Бухоро аз асри 15 то кунун” ва “Шаҷараномаи хулафои рошидин” буд.

Ӯ дорои панҷ духтар ва ҳафт писар буд.

* * *

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) даргузашти ин муҷоҳиди хастагинопазир ва донишманди ворастаро ба хонаводаи мӯҳтарамашон хусусан фарзанди аршади эшон Домулло Муҳаммадиқбол ва низ кулли аъзо ва фаъолони ҲНИТ таслият мегӯям ва аз даргоҳи Худованди Мутаъол барои марҳуми мағфур ъулувви дараҷот ва барои бозмондагонашон сабри ҷамил масъалат мекунам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: