Перейти к содержимому

Вазири хориҷаи Омрико: “Тромпро Худованд ба замин фиристод!”

Майк Помпео, вазири хориҷаи Омрико, дар суханоне изҳор дошт, ки шояд Худованд Дунолд Тромпро барои наҷоти яҳудиён аз таҳдиди Эрон фиристода бошад.

Вазири хориҷаи Омрико дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии CBN, ки рӯзи панҷшанбе дар Қудси шариф сурат гирифт, изҳор дошт: ”Ба унвони як масеҳӣ, ба яқин бар ин боварам, ки ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Тромп дар ин замон аз сӯи Худованд ҳамчун Малика Эстер барои кӯмак ба наҷоти яҳудиён аз таҳдиди Эрон ба замин фиристода шуда бошад.”

Лозим ба ёдоварӣ аст, дар замони Хашоёршо, шоҳи Эрон, яҳудиён ҷузъи ақаллиятҳои динии Эрон буданд. Тибқи он чи дар Таврот (Китоби Эстер) омада, Эстер як духтари бисёр зебои яҳудӣ будааст ва раҳбарони яҳудии он замони Эрон Эстерро ба дарбори Хашоёршо фиристода ва ӯро ҷонишини шаҳбонуи Эрон, ки ба ҷурми сарпечӣ аз дастури Хашоёршо барканор шуда буд, мекунанд.

Бо вуруди Эстер ба дарбор, Мордахай – амуи ин духтар, ба роҳатӣ нақшаҳои шуми худро ба василаи Эстер иҷро мекунад. Бо тавтиаи Эстер ва Мордахай, ибтидо Ҳомон вазири Хашорёшо ва 10 писари ӯ кушта мешаванд ва сипас яҳудиёни муҳоҷири сокин дар Эрон, ки дигар дар дарбор роҳ ёфта буданд, бо ҳуҷум ба шаҳрҳои Эрон, ба қатли омми густурдаи эрониён мепардозанд. Дар 127 устони Эрони он замон, тайи ду рӯз, беш аз 77 ҳазор эронӣ — ва ба ривояте дигар, 500 ҳазор нафар – ба дасти яҳудиён кушта мешаванд.

Майк Помпео дар бахши дигари суханони худ, ба боздидаш аз “Девори Нудба” ва тунелҳои зерзаминии Қудси шариф ишора кард.

Вазири хориҷаи Омрико баъд аз дидор бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар нишасти хабарии муштарак бо вай ширкат кард.

Натонёҳу дар ин нишасти хабарӣ гуфт: “Исроил дӯсте беҳтар аз Омрико, ва Омрико ҳам дӯсте беҳтар аз Исроил надорад.”

Ин дар ҳолест, ки Дунолд Тромп рӯзи панҷшанбе дар Твитер навишт: “Баъд аз 52 сол, вақти он аст, ки Омрико ба таври комил ҳаққи ҳокимияти Исроил бар баландиҳои Ҷулонро, ки ҳоизи аҳаммияти роҳбурдӣ ва амниятӣ барои Исроил ва суботи минтақаӣ аст, ба расмият бишносад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: