Перейти к содержимому

“Шаф-шафа мону шафтолу гӯ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Зарбулмасале тоҷикӣ дорем, ки мегӯяд: “Шаф-шафа мону шафтолу гӯ” ва ё “Шаф-шаф нагӯ, шафтолу гӯ”. Ин зарбулмасалро дар ҷойе ба кор мегиранд, ки касе манзуре дошта, вале ба далоиле, натавонад ошкоро ва руку пӯстканда манзури худро баён бидорад ва аз ин рӯ бо киноя ва муқаддимаҳои аризу тавил бихоҳад манзурашро ба зеҳни мухотаб бирасонад.

Ин зарбулмасал дар забонҳои дигар низ муъодил дорад, аз ҷумла дар забони арабӣ. Замоне, ки валиаҳд ва вазири умури хориҷаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Абдуллоҳ бен Зоид Оли Наҳён – ки дар ҷаҳони ислом ва араб ба исломситезии худ маъруф аст – дар як нишасти хабарӣ барои рӯзноманигорони ғарбӣ дар бораи теруризм сухан мегуфт ва ба гумони худаш, ғарбиҳоро аз “теруризми” ба истилоҳ “исломӣ” барҳазар медошт, бо ин ки баён дошт, “ислом як дини богузашту ботасомуҳ аст”, аммо як силсила сифатҳоеро барои як “терурист” баршумурд, ки аз қазо, ин сифатҳо сифатҳои ҳар мусалмони пойбанд ба шариат ҳастанд; инки масалан онҳо шадидан пойбанд ба масҷид ҳастанд, панҷ вақт намози худро дар масоҷид барпо медоранд, инки мӯътақид ба ҷиҳод (ҷиҳод ба маънои саҳеҳи қуръонии он, ҷиҳод яъне дифоъ аз ъирзу номус, дифоъ аз дин, дифоъ аз миҳан ва ғайра…) ҳастанд, инки онҳо риш доранд, инки бонувонашон бурқаъ мепӯшанд, инки режими “Исроил”-ро ғосиб ва ишғолгар медонанд (аз қабили Ҳамосу Ҷиҳоди Исломию Ҳизбуллоҳу Ихвонулмуслмину ғайра…) ва инки мӯътақид ба берун рондани ишғолгарон аз сарзамини Фаластин ҳастанд (албатта Бен Зоид аз саҳюнистҳо ба унвони яҳуд ном мебурд, ки ин як муғолата аст), инки ғайримусалмонҳоро кофир медонанд (ки инаш дигар бисёр аҷиб буд!) ва ғайра аз сифатҳое, ки агар мусалмон мусалмон аст, бояд ороста ба ин сифатҳо бошад, вагарна мусалмоне, ки аз ин сифот орӣ ва холист, ӯ дигар мусалмон нест; шери бе ёлу дум аст, ва ба қавли Мавлоно:

Шери бедумму сару ишкам кӣ дид?

Инчунин шере Худо худ н-офарид.

Дар ин нишасти хабарӣ, як рӯзноманигори араб назари бисёр ҷолибе хитоб ба Абдуллоҳ бен Зоид иброз дошт. Ӯ, ки дар Урупо ба ҳайси хабарнигор дар яке аз хабаргузориҳо машғули фаъолият будааст, хитоб ба вазири умури хориҷаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт (нақл ба мазмун), ки ту “Шаф-шаф нагӯ, шафтолу гӯ”. Ту, ки ин ҳарфҳоро мезанӣ, дар воқеъ ғарбиҳоро на аз теруризм, ки аз ислом меҳаросонӣ, ба онҳо илқо мекунӣ, ки ислом як дини теруристӣ ва мусалмон терурист аст! Дар ҳоле, ки уқалои ҷомеаи Урупо медонанд ва дарёфтаанд, ки теруризм рабте ба ойини ислом надорад, асосан теруризм дин надорад ва ин танҳо як мушт бемордилон ва афроде назири Терри Ҷонс, ки аз назари равонӣ маризанд исломро дини “теруристӣ” муаррифӣ мекунанд.

* * *

Ин нукта, ва ин суханоне, ки ин рӯзноманигори араб хитоб ба Бен Зоид гуфт, аз як ҳақиқати бисёр талх парда бармедорад, ва он ин ки: тухми исломҳаросӣ ва базри исломбадбинӣ дар ҷаҳон, беш аз ин ки аз сӯи ғарбиҳо кошта шавад, аз сӯи амсоли Бен Зоидҳои мусалмонзода кошта мешавад.

Дар ҷомеаҳои исломӣ мутаассифона афроде ёфт мешаванд, ки ба далоиле, бо ислом миёнаи хубе надоранд ва як навъ адоват ва душмании васфнопазире бо ислом доранд. Албатта, ин “мухолифат” ва ин “бадбинӣ” агар танҳо дар сатҳи назарӣ мебуд, ҳеч ишколе надошт, зеро инсон озод аст, касе ҳаққи манъи инсон аз ин ки чӣ диду назару андешае дошта бошад-ро надорад, ва ислом ҳам назараш ин аст, ки: “Ло икроҳа фид-дин”, аммо ин афрод фаротар мераванд ва ба коштани базри бадбинӣ нисбат ба ислом дар ҷаҳон мепардозанд ва тамоми саъю талоши худро ба харҷ медиҳанд, то ҷаҳониёнро аз ислом биҳаросонанд ва нисбат ба ин ойини инсонсоз ҳамаро бадбин созанд. Ва ин, ҷойи таассуф дорад!

Албатта, лозим ба ёдварист, ки талоши онҳо ба натиҷае нахоҳад расид, зеро ин дин соҳиб дорад, ва ба қавли Мавлоно:

Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ:

Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ.

Ман китобу мӯъҷизатро рофеъам,

Бешу кам кунро зи Қуръон монеъам.

Ман туро андар ду олам ҳофизам,

Тоъинонро аз ҳадисат рофизам.

Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ,

Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ.

Равнақатро рӯз-рӯз афзун кунам,

Номи ту бар зарру бар нуқра занам.

Минбару меҳроб созам баҳри ту,

Дар муҳаббат қаҳри ман шуд қаҳри ту.

Номи ту аз тарс пинҳон мегуванд,

Чун намоз оранд, пинҳон мешаванд.

Аз ҳаросу тарси куффори лаъин

Дин-т пинҳон мешавад зери замин.

Ман манора пур кунам офоқро,

Кӯр гардонам ду чашми оқро.

Чокаронат шаҳрҳо гиранду ҷоҳ,

Дини ту гирад зи моҳӣ то ба моҳ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: