Перейти к содержимому

Гузориши Алҷазира аз паёмадҳои иқдоми Тромп дар ба расмият шинохтани ҳокимияти “Исроил” бар Ҷулон

Он чиро Натонёҳу мехоҳад яке пас аз дигаре ба даст меоварад. Ин ҳақиқате аст, ки лоақал дар давраи Тромп иттифоқ афтодааст. Натонёҳу чанд моҳ пеш дар Баландиҳои Ҷулон истода буд ва он сӯи марзҳоро наззора мекард. Дар баробараш Баландиҳои Ҷулоне буд, ки солҳо пеш тасарруф шуда буданд. Ӯ аз он ҷо таҳдид ва иддао мекард, ки “Ҷулон то абад барои Исроил хоҳад монд”. Чанд моҳ бештар аз ин изҳори назари ӯ нагузашта буд, ки раисиҷумҳури Омрико ҳарфи ӯро таъйид кард ва дар ҳисоби Твиттери худ навишт: “Алъон вақти он расидааст, ки Вошингтун ҳокимияти Телавив бар Ҷулонро ба расмият бишносад”. Натонёҳу дар посух гуфт: “Ташаккур аз Омрико”.

Тромп аввал аз ҳама Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти “Исроил” ба расмият шинохт. Ва акнун ба ин режим пӯшиши сиёсӣ додааст, то битавонад Ҷулонро замимаи хоки худ кунад. Тасмиме, ки давлати “Исроил” дар соли 1981 гирифта ва эълом карда буд, ки ин баландиҳо ҷузъи хоки ин режим аст. Ва ҳоло ин тасмим тавассути Тромп ба таъйид расидааст. Тасмиме, ки ба иддаои Тромп, хеле ҳам дер анҷом шудааст.

Раисиҷумҳури Омрико дар ҳоле худро беш аз ҳар раисиҷумҳури дигаре вафодор ба Телавив медонад ва ҳар чиро, ки мехоҳад, ба он медиҳад, ки дар ҳамон минтақа, дигар муттаҳидонаш – аз шайхнишинони халиҷ — саховатмандона ба ӯ пул медиҳанд ва аз ӯ ҳимоят мекунанд. Бо ин вуҷуд ӯ беш аз пеш ҷониби “Исроил”-ро мегирад. Якҷонибагароие, ки Мойк Помпео, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар тавсифи он мегӯяд, ки “Тромп фиристодае илоҳӣ барои Исроил аст, ки парвардигораш ӯро барои наҷоти миллати яҳуд баргузидааст!

Аммо он чи қонунӣ аст ва машрӯияти сиёсӣ дорад чизе аст, ки раисиҷумҳури Туркия ва Иттиҳодияи Урупо ва Русия ва бисёре аз кишварҳои бузурги ҷаҳон аз ҷумла Фаронса ва Олмон баён доштаанд ва гуфтаанд, ки тасмими Тромп қавонини байналмилалиро нақз мекунад ва шонсе барои ба расмият шинохтани он вуҷуд надорад.

Иқдоме, ки ба эътиқоди бисёре аз коршиносон, тағйири ҷеусиёсии бузург ва амиқе маҳсуб мешавад, ки метавонад паёмадҳои бисёре ба дунбол дошта бошад. Он ҳам дар минтақае, ки метавонад тағйироти дардовареро чӣ аз лиҳози марзҳо ва чӣ аз лиҳози ҳукуматдориҳо шоҳид бошад. Паёмади ин иқдоми Тромп метавонад зилзилаеро ба дунбол дошта бошад, ки ҳар он чи аз машрӯиятҳои байналмилалӣ боқӣ монда-ро таҳти таъсир қарор диҳад. Минтақае, ки дар соли 1967 ишғол шуд ва ба гуфтаи қатъномаҳои байналмилалӣ сарзаминҳои ишғолӣ аст ва тавассути ҳеч кишваре ҳокимияти “Исроил” бар он ба расмият шинохта нашудааст.

Аммо дили Натонёҳу ба ин қурс аст, ки аз сӯи касе мисли Тромп бидуни ҳеч маҳдудияте ҳимоят мешавад, ки ибое надорад ба аъроб тавҳин кунад ва ниҳодҳо ва вазъияти ҳукуматдории онҳоро ба боди масхара ва истеҳзо бигирад. Ин иқдоми Тромп тавҳини дигаре аз сӯи Вошингтун ба аъроб баъд аз ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти “Исроил” аст.

Aljazeera

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: